Бозигарони нави дастаи «Хайр»-и Ваҳдат


Дастаи «Хайр»-и Ваҳдат ҳайаташро бо панҷ бозигари нав аз Эрон, Қирғизистон ва Камерун пурқувват кард.

Ба иттилои Қутбиддин Хайров, раиси бошгоҳи футоли «Хайр», бо легионерҳои эронӣ Саҷҷодва Милод Золгхадрӣ, инчунин, бо дарвозабони 33-солаи дастаи мунтахаби миллии ҚирғизистонВладислав Волков, ки дар бошгоҳҳои футболи «Абдиш-Ота» (Кант) ва «Дордой» (Бишкек) бозӣ мекард, қарордод ба имзо расонда шуд.

Ба ғайр аз ин, «Хайр» ҳайаташро бо ду футболбози африқоӣ аз Камерун – ҳимоятгар Пол Роллан Бебей Кинг ва нимҳимоятгар Гок А Меканг Муҳаммад Ҳабиб пурзӯр кард.

Бояд гуфт, ки Бебей Кинги 26-сола дар ҳайати дастаи мунтахаби Камерун дар Бозиҳои олимпии соли 2008-ум дар Пекин ширкат дошт. Муҳаммад Ҳабиби 33-сола бошад, дар дастаҳои Молдова – «Нистру» (Атаки) ва «Дачия» (Кишинев), инчунин, дар бошгоҳи «Оқжайик» (Уралск, Қазоқистон) ҳунарнамоӣ кардааст.

Ёдовар мешавем, ки «Хайр» дар ҷадвали мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ феълан бо 17 имтиёз дар ҷойи севум қарор дорад. «Равшан»-и Кӯлоб бо 27 имтиёз дар ҷойи аввал ва «Истиқлол»-и Душанбе бо 24 имтиёз дар ҷойи дувум мебошанд.

Дастаи «Хайр», ки дар даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2013 аз тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа шикаст хӯрд, аз идомаи мубориза барои Ҷом маҳрум гашт. Бозии аввал дар Қӯрғонтеппа бо пирӯзии «Хайр» бо ҳисоби 2:1 ва бозии ҷавобӣ дар Ваҳдат бо ҳамин ҳисоб ба фоидаи «Вахш» хотима ёфт. Ғолиб аз рӯи силсилаи пеналтӣ маълум шуд. «Вахш» бо ҳисоби 4:3 ғалаба кард.

Дастаи «Хайр», ки барои Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) мубориза мебарад, дар бозии ниҳоӣ рӯзи 31-уми август дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода бо ССКА «Помир»-и Душанбе рақобат мекунад. Ин бозии ҳалкунанда соати 16:30 шурӯъ мешавад. Ба дастаи ғолиб Ҷоми ФФТ ва 20 ҳазор cомонӣ ва ба дастаи дар бозии ниҳоӣ мағлубшуда 10 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s