Шонздаҳ даста – муддаиёни Ҷоми клуби футболи “Истиқлол”


Рӯзи якшанбе, 1-уми сентябр, бозиҳои даври охирини сабқати гурӯҳии Ҷоми клуби футболи «Истиқлол»-и Душанбе оид ба мини-футбол баргузор шуд.

Нарзуллоҳи Латиф, Озодӣ

Аз рӯи натоиҷи ин бозиҳо ҳамаи ҷуфтҳои ширкаткунандаи даври 1/8-ниҳоӣ маълум шуданд: «Вавилон» – «Газпром-нефт», «Динамо-ВКД» – КФ «Истиқлол», «Корвон» – «Формула успеха-1», «Бонки миллӣ» – «Билайн», «Антикоррусия» – «Агроинвестбонк», ФФТ – «Амонатбонк», Академияи «Истиқлол» – ОМОН ВКД ва «Ориёнбонк» – «Осимӣ №3».

Бозиҳои 1/8-ниҳоӣ рӯзи душанбе, 2-юми сентябр, баргузор мешаванд. Бозиҳои чаҳорякниҳоӣ 3-юми сентябр, ниманиҳоӣ –  4-уми сентябр ва бозии ниҳоӣ рӯзи панҷшанбе, 5-уми сентябр барпо мегарданд.

Дар ин мусобиқа дастаҳои вазоратҳо, идораҳо, ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳои бонкӣ ва намояндагиҳои кишварҳои хориҷӣ ширкат доранд. Ин мусобиқа, ки 16-уми август шурӯъ шуд, то рӯзи 5-уми сентябр идома хоҳад кард. Бозиҳо дар шаҳри Душанбе, дар майдонҳои сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шудаанд.

Маблағи ҷавоизи мусобиқа 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб ба ғайр аз Ҷом 40 ҳазор сомонӣ, ба дастаи дар бозии ниҳоӣ мағлубшуда 20 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд.

Натоиҷи сабқати гурӯҳӣ

Гурӯҳи «А»

 Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 «Вавилон» 6 5 0 1 39-14      15
2 «Корвон» 6 4 0 2 37-23      12
3 «Билайн» 6 3 1 2 38-27       10
4 КФ «Истиқлол» 6 3 1 2 41-33       10
5 TCELL 6 3 0 3 22-21        9
6 «Дӯстӣ» 6 2 0 4 20-29        6
7 ZTE 6 0 0 6 14-64        0

Гурӯҳи «Б»

 Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 «Динамо-ВКД» 6 5 0 1 36-11 15
2 «Бонки миллӣ» 6 4 0 2 27-14 12
3 «Формула успеха-1» 6 4 0 2 14-9 12
4 «Газпром-нефт» 6 3 0 3 14-16 9
5 «Қазкоммерсбанк» 6 3 0 3 23-25 9
6 Дастгоҳи Президент 6 2 0 4 16-22 6
7 КАМ 6 0 0 6 12-45 0

Гурӯҳи «В»

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 «Антикоррупсия» 7 6 0 1 36-14 18
2 Академияи «Истиқлол» 7 6 0 1 39-12 18
3 «Осимӣ №3» 7 5 0 2 35-21 15
4 «Амонатбонк» 7 4 0 3 23-20 12
5 «Спорткомитет» 7 3 0 4 28-45 9
6 «Формула успеха-2» 7 2 0 5 19-33 6
7 РКД Душанбе 7 2 0 5 17-32 6
8 «Аэропорт» 7 0 0 7 24-44 0

Гурӯҳи «Г»

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 ФФТ 7 7 0 0 57-16 21
2 «Ориёнбонк» 7 5 1 1 33-11 16
3 ОМОН ВКД 7 4 1 2 29-22 13
4 «Агроинвестбонк» 7 4 0 3 17-19 12
5 «Барқи тоҷик» 7 3 0 4 38-32 9
6 ДМТ 7 2 0 5 27-40 6
7 Меҳмонхонаи «Ҳайят» 7 1 0 6 15-55 3
8 Суди ноҳияи Сино 7 1 0 6 14-37 3

Тақвими бозиҳои боқимонда:
1/8 финал
2-юми сентябр (душанбе)
Бозии 1-ум – «Вавилон» – «Газпром-нефт». 7.00
Бозии 2-юм – «Динамо-ВКД» – КФ «Истиқлол». 7.00
Бозии 3-юм – «Корвон» – «Формула успеха-1». 7.00
Бозии 4-ум – «Бонки миллӣ» – «Билайн». 8.00
Бозии 5-ум – «Антикоррупсия» – «Агроинвестбонк». 17.00
Бозии 6-ум– ФФТ – «Амонатбонк». 17.00
Бозии 7-ум – Академияи «Истиқлол» – ОМОН ВКД. 17.00
Бозии 8-ум – «Ориёнбонк» – «Осимӣ №3». 18.00

1/4 финал
3-юми сентябр (сешанбе)
Бозии 1-ум – ғолиби ҷуфти 1-ум – ғолиби ҷуфти 3-юм. 17.00
Бозии 2-юм – ғолиби ҷуфти 2-юм – ғолиби ҷуфти 4-ум. 17.00
Бозии 3-юм – ғолиби ҷуфти 5-ум – ғолиби ҷуфти 7-ум. 18.00
Бозии 4-ум – ғолиби ҷуфти 7-ум – ғолиби ҷуфти 8-ум. 18.00

Нимфинал
4-юми сентябр (чоршанбе)
Бозии 1-ум – ғолиби бозии 1-ум – ғолиби бозии 3-юм. 17.00
Бозии 2-юм – ғолиби бозии 2-юм – ғолиби бозии 4-ум. 17.00

ФИНАЛ
5-уми сентябр (панҷшанбе)
Ғолиби бозии 1-ум – ғолиби бозии 2-юм. 17.00.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s