Ҷоми клуби футболи “Истиқлол”: Ҳашт даста – дар чаҳорякфинал


Шоми душанбе, 2-юми сентябр, бозиҳои ҳаштякниҳоии Ҷоми бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе оид ба футболи хурд баргузор шуданд.

Дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) бар тими  «Амонатбонк» бо ҳисоби 7:3 пирӯз шуд. Бозигарони дастаи ФФТ – Рустами Эмомалӣ  ва Комрон Шодиев дуголӣ, Дамир КамолиддиновОлег Ширинбеков ва Мӯҳсин Муҳаммадиев якголӣ заданд.

Дастаи ФФТ дар даври чаҳорякниҳоӣ бо тими «Ориёнбонк», ки дар ҳаштякфинал бар дастаи “Осимӣ №3” бо ҳисоби 4:3 ғалаба кард, рақобат мекунад.Вале мизбони мусобиқа – дастаи «Истиқлол» дар даври 1/8-ниҳоӣ аз тими «Динамо-ВКД», ки дар ҳайати он вазири корҳои дохилии ТоҷикистонРамазон Раҳимов бозӣ мекунад, бо ҳисоби 2:6 шикаст хӯрд. Динамочиён дар чаҳорякфинал бо тими «Бонки миллӣ» вориди рақобат мешаванд.  Дарвоқеъ, «Бонки миллӣ» бидуни бозӣ ба чаҳорякфинал баромад, зеро рақибаш – дастаи «Билайн» ба бозӣ ҳозир нашуд. «Бонки миллӣ» бо ҳисоби техникии 5:0 ғолиб дониста шуд.

Дар ду бозии дигари чаҳорякниҳоӣ дастаи «Антикоррупсия» бо Академияи «Истиқлол» ва «Вавилон» бо «Формула успеха-1» қувваозмоӣ мекунанд. Бозиҳои 1/4 -ниҳоӣ имрӯз, 3-юми сентябр баргузор мешаванд.

Натоиҷи бозиҳои 1/8-ниҳоӣ:
«Вавилон» – «Газпром-нефт» – 7:2
«Динамо-ВКД» – КФ «Истиқлол» – 6:2
«Корвон» – «Формула успеха-1» – 2:6
«Бонки миллӣ» – «Билайн» – 5:0 (натиҷаи техникӣ)
«Антикоррупсия» – «Агроинвестбонк» – 7:3
ФФТ – «Амонатбонк» – 7:3
Академияи «Истиқлол» – ОМОН ВКД – 9:4
«Ориёнбонк» – «Осимӣ №3» – 4:3

Дар 1/4 финал бозӣ мекунанд:
3-юми сентябр (сешанбе)
Бозии 1-ум – «Вавилон» – «Формула успеха-1». 17.00
Бозии 2-юм – «Динамо-ВКД» – «Бонки миллӣ». 17.00
Бозии 3-юм – «Антикоррупсия» – Академияи «Истиқлол». 18.00
Бозии 4-ум – ФФТ – «Ориёнбонк». 18.00

Нимфинал
4-уми сентябр (чоршанбе)
Бозии 1-ум – ғолиби бозии 1-ум – ғолиби бозии 3-юм. 17.00
Бозии 2-юм – ғолиби бозии 2-юм – ғолиби бозии 4-ум. 18.00

ФИНАЛ
5-уми сентябр (панҷшанбе)
Ғолиби бозии 1-ум – ғолиби бозии 2-юм. 17.00 
Дар ин мусобиқа дастаҳои вазоратҳо, идораҳо, ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳои бонкӣ ва намояндагиҳои кишварҳои хориҷӣ ширкат доранд. Ин мусобиқа, ки 16-уми август шурӯъ шуд, то рӯзи 5-уми сентябр идома хоҳад кард. Бозиҳо дар шаҳри Душанбе, дар майдонҳои сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шудаанд.

Маблағи ҷавоизи мусобиқа 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб ба ғайр аз Ҷом 40 ҳазор сомонӣ, ба дастаи дар бозии ниҳоӣ мағлубшуда 20 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s