Муддаиёни Ҷоми «Истиқлол»


Чаҳор даста – Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), «Бонки миллӣ», Академияи футболи «Истиқлол» ва «Вавилон» ба даври ниманиҳоии Ҷоми бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе оид ба футболи хурд роҳ ёфтанд.

Дар даври чаҳорякниҳоӣ ФФТ бар “Ориёнбонк” бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад. Ду голи Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон ва як голиМӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи мунтахаби миллии кишвар, ба ФФТ пирӯзӣ оварданд.  Дастаи ФФТ дар бозии ниманиҳоӣ бо тими “Бонки миллӣ”, ки дар чаҳорякфинал бар “Динамо – ВКД” аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 5:4  (замони асосӣ – 4:4) ғалаба кард, рақобат мекунад.

Дар бозии дигари ниманиҳоӣ дастаи “Вавилон» бо Академияи футболи «Истиқлол» вориди рақобат мешавад. Дар даври чаҳорякниҳоӣ «Вавилон» бар «Формула успеха-1» бо ҳисоби 2:1 ва Академияи футболи «Истиқлол» бар «Антикоррупсия» бо ҳисоби 3:1 ғалаба карданд. Бозиҳои ниманиҳоӣ шоми чоршанбеи 4-уми сентябр барпо мегарданд.

Бозии ниҳоии Ҷоми КФ «Истиқлол» рӯзи панҷшанбе, 5-уми сентябр, соати 19 дар шаҳри Душанбе, дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад.

Маблағи ҷавоизи мусобиқа 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб ба ғайр аз Ҷом 40 ҳазор сомонӣ, ба дастаи дар бозии ниҳоӣ мағлубшуда 20 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд.

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s