Беҳтаринҳои футболи тоҷик дар моҳи август


Федератсияи футболи Тоҷикистон беҳтарин мураббӣ, беҳтарин бозигар ва беҳтарин доварро дар моҳи август муайян кард.

Сӯҳробӣ, Ширинбеков ва Муртазоев
Ба иттилоъи дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, беҳтаринҳои моҳи август аз рӯи натоиҷи бозиҳои Ҷоми Тоҷикистон муайян шуданд.

Олег Ширинбеков, сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, беҳтарин мураббӣ, легионер аз Эрон Ҳусейни Сӯҳробӣ, ҳамлагари тими “Истиқлол”, беҳтарин бозигар ва Раҳмон Муртазоев аз Душанбе беҳтарин довар дар моҳи август эълон шуданд. Ба ҳар кадом аз беҳтаринҳои моҳи август ҷоиза ба маблағи 500 сомонӣ супурда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Никола Кавазович, собиқ сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, беҳтарин мураббӣ, легионер аз Бразилия Виллер Соуза Оливейра, нимҳимоятгари тими “Истиқлол”, беҳтарин бозигар ва довари FIFA Равшан Ишматоваз шаҳри Қӯрғонтеппа беҳтарин довар дар моҳи май, Тоҳир Мӯъминов, сармураббии дастаи “Энергетик”-и Душанбе, беҳтарин мураббӣ, легионер аз Гана Дэвид Мауто, нимҳимоятгари тими “Равшан”-и Кӯлоб, беҳтарин бозигар ваДиловаршоҳ Орзуев аз ноҳияи Ҳисор беҳтарин довар дар моҳи июн эълон шуда буданд.

Моҳи июл беҳтаринҳо муайян карда нашуданд, зеро ки дар ин моҳ бозиҳои расмӣ баргузор нашуданд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s