ФФТ – барандаи Ҷоми «Истиқлол»


Дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон барандаи Ҷоми бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе оид ба футболи хурд гардид.

Дар акс: Мӯҳсин Муҳаммадиев, капитани ФФТ ва Шоҳрух Саидов, раиси бошгоҳи "Истиқлол".

Ин даста дар бозии ниҳоӣ, ки шоми 5-уми сентябр дар шаҳри Душанбе, дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, бар тими «Вавилон» бо ҳисоби  4:1 ғалаба кард. Ду голи дастаи ғолибро Комрон Шодиев ба ҳадаф расонд. Олег Ширинбеков ва Рустами Эмомалӣ, ки бо 26 гол беҳтарин нишонзани мусобиқа гардид, якголӣ заданд.

Дастаи ФФТ бо Ҷоми бошгоҳи футболи «Истиқлол» ва ҷоизапулӣ ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ сарфароз шуд. Ба дастаи «Вавилон», ки дар бозии ниҳоӣ мағлуб гашт, мукофотпулӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ супурда шуд.
Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон, беҳтарин бозигари ин мусобиқа гардид.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s