Ғалабаи «Равшан» дар бозии муҳим бар “Истиқлол”


Марҳалаи дувуми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон бо бозиҳои даври 12-ум, ки рӯзҳои 6-ум ва 7-уми сентябр баргузор шуданд, оғоз ёфт.

Дар бозии асосии даври 12-ум дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бар тими “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби 1-0 ғолиб омад. Ин бозӣ 7-уми сентябр ба иллати омода набудани майдони Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода бо ҳузури тақрибан 6 000 тамошобин доир шуд. Тӯби ягонаро дар ин бозӣ ҳамлагарСоломон Течӣ, легионери “Равшан” аз Гана, дар дақиқаи 6-уми нимаи аввали бозӣ зад.

Талошҳои “Истиқлол” дар нимаи дувум барои тағйир додани натиҷаи бозӣ ба ҷое нарасид, чунки бозигарони “Равшан” тавонистанд бо рӯҳбаландие, ки аз ин голи зуд ба дарвозаи рақиб гирифтанд, аз ин натиҷа то поёни бозӣ дифоъ кунанд ва ҳатто боз чанд вазъияти дигари голзаниро худ аз даст доданд.
Бозӣ дар сатҳи баланд ва бо дастгирии ҳазорҳо мухлисон, ки аз шаҳри Кӯлоб ва дигар шаҳру навоҳии кишвар ба Турсунзода омада буданд, шавқовару пуршиддат сурат гирифт.«Истиқлол» (Душанбе): Алишер Тӯйчиев, Наим Улмасов, Глаубер Да Силва, Эраҷ Раҷабов, Бенҷамин Авуку (Аҳтам Назаров, 46), Иброҳим Рабимов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев, Ҷаҳонгир Эргашев, Александр Кудряшов (Виллер Соуза Оливейра, 57), Ҳусейни Сӯҳробӣ.

«Равшан» (Кӯлоб): Рустам Ризоев, Мӯсо Содиқ, Алексей Неъматов, Далер Тухтасунов, Ҳасан Рустамов, Бахтиёр Ҳасанов, Ҳикмат Расулов, Саидхони Амрохон, Сайриддин Ғаффоров (Нуъмон Ҳакимов, 83), Гершон Акуффо (Даврон Тухтасунов, 76), Соломон Течи (Зокир Абдулхайров, 90+3).

Огоҳонида шуданд: Дилшод Восиев, Эраҷ Раҷабов, Ҳусейни Сӯҳробӣ, Наим Улмасов, Иброҳим Рабимов («Истиқлол»), Алексей Неъматов, Ҳасан Рустамов, Далер Тухтасунов, Ҳикмат Расулов, Бахтиёр Ҳасанов («Равшан»).
Аз майдон хориҷ шуд: Мӯсо Содиқ («Равшан»), 89 – корти дувуми зард.
Сардовар: Сергей Гороховодатский (Қазоқистон) – 8,2 балл.
Нозири бозӣШавкат Аҳмадов (Душанбе).

7-уми сентябр. Турсунзода. Варзишгоҳи “Металлург”. 6000 тамошобин.

Сардовари ин бозӣ Сергей Гороховодатский ва ёваронаш – Серик Кошкаров ва Самат Тергеусизов аз шаҳри Алматии Қазоқистон даъват шуда буданд, ки вазифаашонро хуб анҷом доданд. Зимнан, дар дақиқаи89-ум сардовар бозигари «Равшан» Мӯсо Содиқ, легионер аз Ганаро, ки корти зарди дувумро гирифт, аз майдон хориҷ кард.

Бояд тазаккур дод, ба бозии давраи аввали мусобиқот миёни «Равшан» ва «Истиқлол» низ, ки 15-уми июн дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор шуда, бо ҳисоби 1- 0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт, гурӯҳи ҳакамон аз Қирғизистон бо раҳбарии Дмитрий Машенсев доварӣ карда буданд.

Баъди ин бозӣ дар ҷадвали мусобиқот «Равшан» бо 30 имтиёз мавқеъашро дар мақоми аввал тақвият дод ва «Истиқлол» бо 24 имтиёз ҳамчунон дар ҷойи дувум боқӣ монд. Бохти дувум аз рақиби аслӣ имкони ба даст овардани унвони қаҳрамони Тоҷикистонро барои «Истиқлол» хеле маҳдуд кард. «Равшан» бошад, баъди ин ғалабаи муҳим имкон пайдо намуд, ки дар мавриди бомуваффақият анҷом додани бозиҳои минбаъда, бори дувум паиҳам ба унвони қаҳрамони кишвар даст ёбад.

Баъди анҷоми ин бозии муҳим нишасти хабарӣ баргузор шуд. НахустҒайрат Мираҳмадов, мураббии калони дастаи «Равшан», ба хабарнигорон чунин гуфт: «Аввалан ба ҳамаи мухлисони дастаамон, ки аз роҳи дур, аз шаҳри Кӯлоб омадаанд, ташаккур мегӯям. Бозӣ хеле ҷолиб гузашт. «Истиқлол» яке аз дастаҳои пурқуввати Тоҷикистон мебошад. Дар чунин бозиҳо одатан як гол тақдири бозиро ҳал мекунад. Бо вуҷуди он ки дар дастаи мо се бозигари асосӣ набуданд, мо дар ин бозии муҳим ғалаба кардем. Ба ин бозии асосӣ мо тайёрии хуб дида будем. Ба доварон шикоят надорем, ҳарчанд ки ба бозигарони мо огоҳии зиёд дода шуд. Мо танҳо як мақсад дорем – дубора ба даст овардани унвони қаҳрамони Тоҷикистон. Инчунин мекӯшем, ки дар Ҷоми Тоҷикистон низ муваффақ шавем.»

Баъдан Олег Ширинбеков, сармураббии дастаи «Истиқлол», дар бораи ин бозӣ чунин ибрози назар кард: «Ин бозӣ барои ба даст овардани 6 хол буд. Бинобар ин дастае пирӯз шуд, ки гол зад. Ҳисоб кардани вазъиятҳо кори мо нест. Дастае ғолиб мешавад, ки гол мезанад. Мо гол назадем, бинобар ин бой додем. Ман ҳамкасбамро бо ғалаба табрик мегӯям. Ба андешаи ман иллати нокомии дастаи мо ба бозӣ рӯҳан омода набудани футболбозон аст. Мо минбаъд дар ин самт кор мекунем, онҳоро аз нав тарбия мекунем, ки чӣ тавр бозӣ кунанд. Дар ин бозии муҳим бояд комилан қувваю маҳораташонро сарф мекарданд. Харчанд кӯшиши зиёд карданд, вале камбудиҳо бисёр буд. Ман ба ҳамаи бозигарон эрод дорам. Дар ин ҷо хатои ман ҳам хаст. Ба доварон шикоят надорам. Доварии онҳо 50 бар 50 буд. Вале аз ин бохт мо ноумед намешавем ва то охири мусобиқот мубориза мебарем. Дар футбол натиҷаҳои ғайричашмдошт рух медиҳанд. Бинобар ин барои пирӯзӣ шонс боқӣ мемонад.»      

Ёдовар мешавем, ки давраи дувуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ як рӯз пеш бо бозии дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва ССКА «Помир»-и Душанбе шурӯъ шуда буд. Дастаи «Регар-ТадАЗ» дар ин бозӣ, ки 6-уми сентябр дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода барпо гардид, бар ҳарифаш бо ҳисоби 3-2 ғолиб омад.

Сафаралӣ Каримов, бозигари мизбонон, дар дақиқаи 12-ум ҳисобро боз кард. Голи дувуми «Регар-ТадАЗ»-ро Хуршед Маҳмудов дар дақиқаи 26-ум зад. Дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 54-ум, Ҷеймс Адди, легионери африқоии ССКА «Помир» аз Гана, ҳисобро тағйир дод. Голи севуми мизбононро Комил Саидов дар дақиқаи 84-ум аз пеналтӣ ба ҳадаф расонд. Дар замони изофӣ (90+2) Ҷеймс Адди голи дувуми меҳмононро вориди дарвозаи «Регар-ТадАЗ» кард.

Дастаи «Хайр»-и Ваҳдат 7-уми сентябр дар майдони худ дастаи «Истаравшан»-и Истаравшанро бо ҳисоби 2-1 шикаст дод. Ду голи мизбононро ҳамлагар Мирзобек Мирзоев (4, 38) ба ҳадаф расонд. Як голи меҳмононро ҳамлагар Фарҳод Тоҳиров (61) зад. «Хайр» бо 20 имтиёз дар зинаи севум қарор дорад.

Дар бозии дигари даври 12-ум дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар варзишгоҳи «Авиатор»-и пойтахти кишвар бар тими мизбон – «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 2-1 ғалаба кард. Алия Силла, легионери «Энергетик» аз Гвинея, дар дақиқаи 55-ум ҳисобро кушод. Вале дар дақиқаҳои охири бозӣ футболбозони Хуҷанд  – Анвар Раҳимов, легионер аз Узбакистон ва Фирдавс Ҳоҷиев ду гол зада, бозиро ба фоидаи дастаашон анҷом доданд.

Даври 12-ум
6-уми сентябр, ҷумъа. 

«РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) – ССКА «ПОМИР» (Душанбе) – 3-2. Варзишгоҳи «Металлург»-и Турсунзода. Сардовар: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).
Голҳо: Сафаралӣ Каримов, 12 (1:0). Хуршед Маҳмудов, 26 (2:0). Ҷеймс Адди, 54 (2:1). Комил Саидов, 84 – аз пеналтӣ (3:1). Ҷеймс Адди, 90+2 (3:2).

7-уми сентябр, шанбе. 

«ХАЙР» (Ваҳдат) – «ИСТАРАВШАН» (Истаравшан) – 2-1. Варзишгоҳи «Хайр»-и Ваҳдат. Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).
Голҳо: Мирзобек Мирзоев, 4 (1:0), 38 (2:0), Фарҳод Тоҳиров, 61(2:1).

«ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе) – «РАВШАН» (Кӯлоб) – 0-1. Варзишгоҳи «Металлург»-и Турсунзода. Сардовар: Сергей Гороховодатский (шаҳри Алматии Қазоқистон ).
Гол: Соломон Течӣ, 6.

«ЭНЕРГЕТИК» (Душанбе) – «ХУҶАНД» (Хуҷанд) – 1-2. Варзишгоҳи «Авиатор»-и Душанбе. Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
Голҳо: Алия Силла, 55 (1:0). Анвар Раҳимов, 84 (1:1). Фирдавс Ҳоҷиев, 86 (1:2).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Равшан» (Кӯлоб) 10 10 0 0 16-2 30
2. «Истиқлол» (Душанбе) 10 8 0 2 28-4 24
3. «Хайр» (Ваҳдат) 10 6 2 2 19-11 20
4. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 10 6 1 3 13-10 19
5. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 10 3 3 4 9-10 12
6. «Энергетик» (Душанбе) 10 3 2 5 10-13 11
7 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 9 3 1 5 7-16 10
8. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 9 2 2 5 4-9 8
9. ССКА «Помир» (Душанбе) 10 0 3 7 5-15 3
10. «Истаравшан» (Истаравшан) 10 0 2 8 5-26 2

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Хайр”/ ”Истиқлол”) – 7 тӯб, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 6 тӯб. Ҷаҳонгир Эргашев («Истиқлол») – 5 тӯб.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s