Натоиҷи бозиҳои аввали чорякфиналии Ҷоми Тоҷикистон


Се бозии даври чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бо ширкати дастаҳои лигаи олӣ шоми 11-уми сентябр ба анҷом расид.

Нарзуллоҳи Латиф, Озодӣ

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ бар “Энергетик”-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Голҳоро дар нимаи аввали бозӣ Сафаралӣ Каримов ва Аҳтам Ҳамроқулов ба ҳадаф расонданд.

Дастаи “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров аз тими меҳмон – “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Ҳисобро дар дақиқаи 34-ум нимҳимоятгари мизбонон Орзу Додхудоев боз кард. Баъди 6 дақиқа , Дэвид Мауто, легионери африқоии “Равшан” аз Гана, ҳисобро баробар намуд. Дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 52-юм ҳамлагари меҳмонон Нуъмонҷон Ҳакимов голи ҳалкунандаро ба самар расонд. Бояд гуфт, ки дар дақиқаи 72-юм дарвозабони “Равшан” Неъмат Тошев ба бозигари «Парвоз» Илҳом Мирзоев имкон надод, ки аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метра тӯбро ба ҳадаф расонад.

Дар шаҳри Истаравшан дастаи мизбон – “Истаравшан”низ аз тими меҳмон – “Истиқлол” бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд. Ҳарсе гол дар нимаи дувуми бозӣ зада шуд. Дар дақиқаи 47-ум Глаубер Да Силва, легионери бразилии “Истиқлол”, ҳисобро кушод. Голи ҷавобиро ҳамлагари мизбонон Фарҳод Тоҳиров дар дақиқаи 70-ум зад. Голи дувуми “Истиқлол”-ро капитани даста Дилшод Восиев дар дақиқаи 72-юм ба дарвозаи мизбонон ворид кард. Дарвоқеъ, ин пирӯзӣ тӯҳфаи хубе шуд ба ҷашни сармураббии “Истиқлол” Олег Ширинбеков, ки 11-уми сентябр 50-сола шуд.

Ёдовар мешавем, ки 10-уми сентябр дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар бозии аввали чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дар меҳмонӣ бар тими «Эсхата”-и Хуҷанд бо ҳисоби 2-1 ғалаба карда буд. Нахуст дастаи лигаи аввал – «Эсхата» муваффақ гашт. Иброҳим Раҳматов, бозигари мизбонон, дар дақиқаи 6-ум тӯбро аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метра ба ҳадаф расонд. Баъди 19 дақиқа Наврӯз Рустамов, ҳамлагари меҳмонон, ҳисобро баробар кард. Голи дувум ва ҳалкунандаи «Вахш»-ро ҳамлагар Абдухалил Боронов дар дақиқаи 41-ум зад.

Бозиҳои ҷавобии чорякфиналии Ҷоми Тоҷикистон рӯзҳои 17-ум ва 18-уми сентябр барпо мегарданд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s