Лигаи олӣ: Натоиҷи бозиҳои даври 13-ум


Рӯзҳои 14-ум ва 15-уми сентябр бозиҳои даври 13-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

Дар ду бозӣ меҳмонон ғолиб омаданд, ду бозии дигар мусовӣ хотима ёфт. Рӯзи шанбе дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бар тими мизбон – “Истаравшан”-и Истаравшан бо ҳисоби 3:1 пирӯз гашт. Ҳамлагари “Истиқлол” Толиб Султонов дар дақиқаи 8-ум ҳисобро боз кард. Вале баъди 21дақиқа Илҳом Баротов, бозигари мизбонон, ҳисобро баробар намуд. Дар нимаи дувуми дидор Ҳусейни Сӯҳробӣ, легионери эронии “Истиқлол”, дар дақиқаҳои 65-ум ва 89-ум ду гол зада, бозиро ба нафъи дастааш анҷом дод.

Дар бозии дигар дастаи “Энергетик”-и Душанбе бар тими мизбон –  ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голи ҳалкунандаро Феликс Бафое, легионери африқоии «Энергетик» аз Гана, дар дақиқаи 24-ум ба ҳадаф расонд.

Бозии севуми рӯзи шанбе миёни дастаҳои “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Регар-ТадАЗ”-и  Турсунзода бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Ба голи ҳимоятгари «Регар» Далер Шомуродов дар дақиқаи 77-ум бозигари мизбонон Гулзор Бутабеков дар дақиқаи  90+2 посух дод.

Бозии охирини даври 13-ум рӯзи якшанбе миёни дастаҳои “Хуҷанд”-и Хуҷанд – “Хайр”-и Ваҳдат бидуни гол хотима ёфт. Бояд гуфт, ки тӯби аз пеналтӣ задаи бозигари «Хайр» Ҷамшед Исмоиловро дар замони изофӣ (90+3) дарвозабони “Хуҷанд” Абдуазиз Маҳкамов баргардонд.

Даври 13-ум

14-уми сентябр, шанбе. 

«ПАРВОЗ» – «РЕГАР-ТАДАЗ» – 1:1. Сардовар: Сафармаҳмад Шоймардонов (ноҳияи Хуросон). Варзишгоҳи «Фурудгоҳ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.
ГолҳоДалер Шомуродов, 77 (0:1). Гулзор Бутабеков, 90+2 (1:1).

ССКА «ПОМИР» – «ЭНЕРГЕТИК» – 0:1. Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор). Варзишгоҳи КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.
Гол: Феликс Бафое, 24.

«ИСТАРАВШАН» – «ИСТИҚЛОЛ» – 1:3. Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа). Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан.
ГолҳоТолиб Султонов, 8 (0:1). Илҳом Баротов, 29 (1:1). Ҳусейни Сӯҳробӣ, 65 (1:2). Ҳусейни Сӯҳробӣ, 89 (1:3).

15-уми сентябр, якшанбе. 

«ХУҶАНД» – «ХАЙР» – 0:0. Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа). Варзишгоҳи «Спартак»-и Хуҷанд.
Тӯби аз пеналтӣ задаи бозигари «Хайр» Ҷамшед Исмоиловро дар замони изофӣ (90+3) дарвозабон баргардонд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Равшан» (Кӯлоб) 10 10 0 0 16-2 30
2. «Истиқлол» (Душанбе) 11 9 0 2 31-5 27
3. «Хайр» (Ваҳдат) 11 6 3 2 19-11 21
4. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 11 6 2 3 14-11 20
5. «Энергетик» (Душанбе) 11 4 2 5 11-13 14
6. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 11 3 4 4 9-10 13
7. «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 10 3 2 5 8-17 11
8. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 9 2 2 5 4-9 8
9. ССКА «Помир» (Душанбе) 11 0 3 8 5-16 3
10. «Истаравшан» (Истаравшан) 11 0 2 9 6-29 2

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Хайр”/ ”Истиқлол”) – 9 тӯб, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 6 тӯб, Ҷаҳонгир Эргашев («Истиқлол») – 5 тӯб.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s