Роналду то соли 2018 дар «Реал» мемонад


Бошгоҳи футболи «Реал»-и Мадрид аз тамдиди қарордод бо ҳамлагари португалӣ Криштиану Роналду хабар дод.

Дар торнамои расмии клуб гуфта мешавад, ки муҳлати амали созишнома то соли 2018 мебошад. Ба навиштаи Marca ҳақмузди Роналду барои як мавсим 17 миллион евроро ташкил медиҳад. Ин маблағ як миллион зиёдтар аз пулест, ки Лионел Месси, ситораи футболи «Барселона» дар як сол кор мекунад.

Қаблан, ВАО хабар дода буд, ки Роналду қарордодаш бо «Реал»-ро моҳи августи соли 2013 тамдид мекунад, аммо ин маълумот расман тасдиқ нашуд. Дар ин миён хабарҳое низ паҳн шуд, ки Роналду мехоҳад клуби Мадридро тарк кунад.

Криштиану Роналду аз соли 2009 дар ҳайати «Реал» бозӣ мекунад.

Ozodagon

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s