Tajik Teens: From The First Fearful Steps to Peaks of Glory and Fame
8th Asian U-16 Championship 1998
Аввалин сабқате, ки наврасони Тоҷикистон дар он иштирок карданд, сабқати қаҳрамонии ҳаштуми Осиё барои бозигарони то 16-сола буд, ки дар соли 1998 дар Қатар баргузор шуд. Тоҷикистон дар гурӯҳи интихоботии худ дар гурӯҳи дувум бо Эрон, Иморот ва Яман барои роҳхат ба Қатар-1998 бояд рақобат мекард. Ҳамаи бозиҳои ин гурӯҳ дар шаҳри Табрез баргузор шуданд, вале бидуни иштироки Яман, ки аз ин бозиҳо даст кашида буданд.
Ва Тоҷикистон. Нахустин талоши Тоҷикистон ноком буд.
- 27-07-1998 Тоҷикистон 0-3 Иморот
- 02-08-1998 Тоҷикистон 0-3 Эрон
Аз ин гурӯҳ ба даври ниҳоӣ соҳибони майдон – наврасони Эрон роҳхат гирифтанд.
9th Asian U-16 Championship 2000
Пас аз ду сол, дар соли 2000 наврасони зери 16-солаи тоҷик барои роҳхат ба Вйетнам ба талош оғоз карданд. Ин навбат низ наврасони мо дар гурӯҳи интихоботии дувум афтиданд. Ва аммо шумори рақибонашон ин навбат бештар буд. Дар Баҳрайн, ки ҳамаи бозиҳои интихоботии ин гурӯҳ он ҷо доир мешуд, Тоҷикистонро дастаи мизбон – Баҳрайн ва боз Урдун ва Кувайт интизор буданд. Яман ҳам дар ин гурӯҳ буд, вале яманиҳо боз аз бозиҳо даст кашиданд. Ин навбат наврасони мо ба арабҳо чӣ будани футболро нишон доданд.
- 20-07-2000 Тоҷикистон 3-2 Баҳрайн
- 22-07-2000 Тоҷикистон 0-1 Кувайт
- 24-07-2000 Тоҷикистон 3-1 Урдун
Ҳамин тариқ, Тоҷикистон, ки бозиҳои ин гурӯҳро бо пирӯзӣ бар соҳибони майдон оғоз карданд, бо ягона бохт аз Кувайт дар гурӯҳ ҷойи дуввумро гирифта, мутаассифона аз даври ниҳоӣ боз маҳрум шуданд. Аммо ду пирӯзӣ бар ду дастаи арабиро ин дафъа метавон аз комёбии наврасони мо номид.
Asian U-17 Championship 2002
Дар соли 2002 синни иштирокчиёни сабқати наврасони Осиёро барои як сол боло бурданд, ва ҳамакнун ин сабқат барои бозигарони зери 17 сол номида мешуд. Ин танҳо сюрприз набуд. Сюрпризи дигар ин ки бозиҳои гурӯҳи интихоботии шашумро ба Душанбе доданд. Тоҷикистон дар ин гурӯҳ барои роҳхат ба Иморот бо Туркманистону Покистон талош мекард. Ва ин роҳхатро наврасони мо ба даст ҳам оварданд! Вале…
- 13-05-2002 Тоҷикистон 3-0 Туркманистон (Иброҳим Рабимов 27, Эраҷ Носеҳов 37, 51)
- 17-05-2002 Тоҷикистон 4-0 Покистон (Маҳмадкарим Назаров 14, Наим Носиров 29, Баҳодур Атомуҳаммадов 60, Ҷамшед Исмоилов 67)
Вале, мутаассифона, бинобар кашмакашҳои дохилӣ дар Федеросюни футболи Тоҷикистон ҳамон сол, ки ба ҷойи Хӯҷа Каримов ба сари қудрати футболӣ дар Тоҷикистон Сӯҳроб Қосимов омад, футболи моро мамнӯъ эълон карданд ва роҳхати наврасони моро ба Покистон доданд.
Asian U-17 Championship 2004
Сабқати наврасон дар соли 2004 дар Ҷопон баргузор мешуд. Тоҷикистонро барои роҳхат ба он ҷо ҳамсолонашон аз Эрон ва Туркманистон интизор буданд. Ин бозиҳо дар Эрон баргузор шуданд. Роҳхатро Эрон соҳиб шуд.
- 11-10-2003 Тоҷикистон 2-4 Эрон
- 13-10-2003 Тоҷикистон 3-4 Туркманистон
Asian U-17 Championship 2006
Ин сабқат барои наврасони Тоҷикистон сабқати шодкомиву комгорӣ буд. Сабқате буд, ки парчами Тоҷикистон ва номи Тоҷикистонро баланд бардошт.
Тоҷикистон баромадан ба ин нардбони шӯҳратро аз Ҳиндустон оғоз кард. Он ҷо дар бозиҳои гурӯҳи интихоботии G иштирок намуд ва садорати гурӯҳро ба даст овард.
- 15-11-2005 Тоҷикистон 1-0 Покистон (Улуғбек Қараев 78)
- 17-11-2005 Тоҷикистон 3-2 Ҳиндустон (Улуғбек Қараев 28, 43, Самад Шоҳзуҳуров 33)
Ва роҳхат ба Сингапур. Дар Сингапур наврасони тоҷик абардастаҳои осиёвиро яке паси дигаре шикаст дода, даҳони тамоми Осиёи футболиро воз мононданд ва нишонҳои биринҷии сабқатро ҳамроҳ бо роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон миёни наврасон ба даст оварданд.
Гурӯҳи B:
- 03-09-2006 Тоҷикистон 1-0 Ироқ (Абдулқаюм Қарабоев 90+3)
- 05-09-2006 Тоҷикистон 2-1 Эрон (Даврон Тухтасунов 13, 23)
- 07-09-2006 Тоҷикистон 4-3 Яман (Фарҳод Тоҳиров 51, Даврон Тухтасунов 55, 82, Фарҳод Восиев 67)
Даври ¼ ниҳоӣ: 11-09-2006 Тоҷикистон 1-0 Кореяи Ҷанубӣ (Фарҳод Восиев 81)
Даври нимниҳоӣ: 14-09-2006 Тоҷикистон 0-3 Кореяи Шимолӣ
Бозӣ барои ҷойи саввум: 17-09-2006 Тоҷикистон 3-3 Сурия. Пеналтӣ: 5-4 (Голҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев 29, Қурбоналӣ Собиров 67, Абдулқаюм Қарабоев 114. Пеналтиҳоро заданд: Фарҳод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Самад Шоҳзуҳуров, Даврон Тухтасунов, Абдулқаюм Қарабоев)
FIFA U-17 World Cub:
Ҳамин гуна, бо бозии олиҷаноб дар Сингапур наврасони Тоҷикистон дар қатори Ҷопону Кореяи Шимолӣ ва Сурия ҳаққи намояндагӣ аз Осиёро дар Ҷоми ҷаҳон ба даст оварданд. Бояд гуфт, ки дар Ҷоми ҷаҳон миёни наврасони зери 17-сола танҳо як бор мунтахаби Шӯравӣ дар солҳои ҳаштодум бозӣ карда буду халос. Дигар на Шӯравӣ ва на ягон дастае аз Шӯравӣ ин гуна шарафро сазовор нагашта буданд. Ҷоми ҷаҳон-2007 дар Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардид ва ҳамон шабу рӯз тамоми Тоҷикистон дигар бо футбол мезист.
Шарафи Тоҷикистон ин бозигарон ҳимоя мекарданд:
Тоҷикистон дар гурӯҳи E бо Иёлоти Муттаҳида, Белгия ва Тунис бозӣ мекард. Бозии нахустин алайҳи амрикоиён буд ва наврасони Амрико қабл аз бозӣ ошкоро Тоҷикистонро тамасхур мекарданд.
Ва аммо интиқоми ин тамасхурҳоро бозигарони тоҷик дар майдони футбол гирифтанд. Голҳои Фарҳод Восиев, Самад Шоҳзуҳуров, Нуриддин Давронов ва Фатҳулло Фатҳуллоев тамоми Амрикоро водор намуданд, то ГуглМэп бираванд ва Тоҷикистонро бикобанд. Бозии нахустин ва пирӯзии нахустин бо ҳисоби 4-3!
Маъа таассуф, ду бозии дигари гурӯҳии худро наврасони Тоҷикистон бохтанд, вале дар ҳар ду бозии олиҷаноб нишон дода, ва танҳо як гол дар дақоиқи охирин онҳоро аз холҳои навбатӣ маҳрум карда буд. Белгиягиҳо дар дақиқаи 92-юм гол заданд. Ва тунисиҳо дар дақиқаи 83-юм.
Бо ин вуҷуд, Тоҷикистон ҳамроҳ бо Тунис ба даври 1/8 ниҳоӣ гузашт. Он ҷо наврасони моро ҳамсолонашон аз Перу интизор буданд. Ба як голи перуягиҳо дар дақиқаи 13-ум Нуриддин Давронов аллакай ду дақиқа пас посух дод. Вақти асосӣ ва иловагӣ бо ҳамин ҳисоби 1-1 анҷом ёфт ва мутаассифона дар зарбаҳои 11-метра Тоҷикистон шикаст хӯрд. Голҳоро аз мунтахаби мо заданд: Эраҷ Раҷабов, Шероз Абдуллоев, Даврон Тухтасунов, Фатҳулло Фатҳуллоев ва зада натавонист капитан Фарҳод Восиев.
Вале сарфи назар аз ин, ин беҳтарин дастоварди футболи тоҷик буд. Исми ин бозигарон бояд дар таърихи футболи тоҷик сабт бишавад, то он ки дар оянда пирӯзиҳои бештар дар саҳафоти таърихи футболи Тоҷикистон навишта бишаванд.
Asian U-16 Championship 2008
Мизбонии марҳилаи ниҳоии ин сабқат ба Узбакистон дода шуда буд. Роҳи наврасони Тоҷикистон ба Тошкант тавассути Дубай буд. Тоҷикистон барои ин бозиҳо дар гурӯҳи интихоботии D дар Иморот талош варзида буд.
- 17-10-2007 Тоҷикистон 1-1 Туркманистон (Алан Ктсоев 14)
- 20-10-2007 Тоҷикистон 4-0 Фаластин (Аҳтам Назаров 18, 42, Умедҷон Шарифов 45+2, Одил Бобоназаров 78)
- 22-10-2007 Тоҷикистон 1-2 Узбакистон (Диловар Салоҳиддинзода 6)
- 25-10-2007 Тоҷикистон 3-2 Иморот (Алан Ктсоев 36, Расул Файзов 70, Павел Калугин 82)
- 28-10-2007 Тоҷикистон 3-1 Бангладеш (Амирбек Саидов 12, Шодибек Ғаффоров 81, 87)
Бо ҳамин пирӯзӣ, Тоҷикистон дар гурӯҳ пас аз Узбакистон ҷойи дуввумро гирифта, сад дар сад имкон дошт, ба Тошканд-2008 сафар бикунад, вале мутаассифона пас аз он ки роҳхат ба даст омад, мунтахаби Тоҷикистонро бо сабаби он ки як бозигар дар ҳайъати даста аз синну соли таъиншуда болотар будааст, аз роҳхат маҳрум карданд ва роҳхатро ба Иморот, ки дар гурӯҳи интихоботӣ пас аз мо ҷойи саввумро гирифта буд, доданд.
Asian U-16 Championship 2010
Боз ҳам Тошкант мизбони марҳилаи ниҳоӣ буд. Дафъаи гузашта, тоҷикон, ки дар Дубай раҳгум заданд, ин бор сараввал ба Катманду парвоз карданд. Бояд гуфт, ки дар гурӯҳи Тоҷикистон мунтахаби Малдив ҳам буд, ки роҳи Непалро наёфт ва марҳилаи интибохӣ бе онҳо гузашт.
Наврасони Тоҷикистон ба Непал сафар карданд ва сарфи назар аз он ки кам афроде дар симои онҳо яке аз муддаиёни роҳхатро медиданд, ба натиҷае баробар бо пешсафи гурӯҳ – Эрон ноил гаштанд. Ин сабқат чунин исмҳое чун дарвозабон Баҳодур Шамсов аз «Равшан»-и Кӯлоб, капитани мунтахаб Дилшод Расулов (фарзанди мураббӣ Раҷаб Расулов) аз «Истиқлол», Толиб Султонов аз РШВСМ, Иброҳими Мӯҳтоҷзодаро ба миён баровард ва Худо кунад, ки ин насл низ аз бозигарони маъруф бишаванд ва ба саҳнаҳои футболи кишварҳои пешрафта низ роҳ биёбанд.
- 05.10.2009: Тоҷикистон 2:0 Баҳрайн (Иброҳими Мӯҳтоҷзода 27, Дилшод Расулов 73) (онлайн, гузориш, аксҳо)
- 07.10.2009: Тоҷикистон 0:0 Эрон (онлайн, гузориш, аксҳо)
- 09.10.2009: Тоҷикистон 3:0 Лубнон (Дилшод Расулов 4, 65, Толиб Султонов 46) (онлайн, гузориш, аксҳо)
- 13.10.2009: Тоҷикистон 4:0 Непал (Толиб Султонов 8, Иброҳими Мӯҳтоҷзода 64, Комрон Раҷабализода 74, Дилшод Расулов 90) (Онлайн, гузориш, аксҳо)
Дар Тошкант мунтахаби Тоҷикистон бозиҳои худро дар гурӯҳи А аз Урдун оғоз кард. Дар дақиқаи 62 Султонов Толибҷон ҳисоби бозиро кушод. Вале ин бартариро бозигари мунтахаби Урдун – Лаит Албаштави пас аз 12 дақиқа бо голи задаи худ аз байн бурд. Ҳисоб то охири бози 1-1 боқӣ монд. Дар бозии дуввум наврасони Тоҷикистон аз Индонезия бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрданд. Дар бозии саввум шикаст аз Узбакистон боз ҳам аламовартар буд – 1:8. Шикасте, ки Зоир Бобоевро аз маснади сармураббигӣ афтонид.
- 24.10.2010: Тоҷикистон 1:1 Урдун (Толибҷон Султонов 62)
- 26.10.2010: Тоҷикистон 1:4 Индонзия (Абдулло Саидов 85)
- 28.10.2010: Тоҷикистон 1:8 Узбакистон (Иброҳим Мӯҳтоҷзода 59)
AFC U-16 Championship 2012
Бачаҳо ин бор барои роҳхат ба Эрон зӯр мезаданд. Вале барои ин роҳхат боз як сафар ба Тошкант лозим меомад. Оғози бозиҳо бад ҳам набуд, мусовӣ бо яке аз рақибони аслӣ барои ҷойи дуввум – Баҳрайн, махсусан, бо назардошти он ки голи ниҳоиро мо ду дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ задем. Вақте дар бозии дуввум қирғизҳоро ҳам шикаст доданд, умедҳо барои роҳхат рӯшантар гардид. Бозии саввум бо Ҳиндустон низ боз аз голи Комрон Турсунов оғоз гардид, вале баъд маълум шуд, ки дар он бозӣ наврасони моро даҳшат интизор будааст. Чаҳор гол аз ҳиндуҳо хӯрдем. Бозии охирин бо мизбонон низ бохта шуд ва наврасони тоҷик дар гурӯҳ миёни панҷ мунтабах ҷойи чаҳорумро гирифтанд.
01.11.2011: Тоҷикистон 2:2 Баҳрайн (Комрон Турсунов 53, Бобомирзо Баротов 88)
05.11.2011: Тоҷикистон 2:0 Қирғизистон (Комрон Турсунов 17, Амирбек Ҷӯрабоев 33)
07.11.2011: Тоҷикистон 1:4 Ҳиндустон (Комрон Турсунов 17 пеналти)
09.11.2011: Тоҷикистон 1:2 Узбакистон (Бобомирзо Баротов 53)
AFC U-16 Championship 2014
Ин бор наврасонамон ба Кувайт рафтанд, то бори дигар барои роҳхат талош бикунанд. Марҳилаи ниҳоӣ дар Таиланд баргузор хоҳад шуд.
21.09.2013: Тоҷикистон – Ҳиндустон
23.09.2013: Тоҷикистон – Бутан
27.09.2013: Тоҷикистон – Кувайт
29.09.2013: Тоҷикистон – Лубнон
Ҷадвали сабқатҳои наврасонаи Осиё:
Сол | Макони баргузорӣ | Қаҳрамон | Нишонҳои нуқра | Нишонҳои биринҷӣ |
1985 | Қатар | Саудӣ | Қатар | Ироқ |
1986 | Қатар | Кореяи Ҷанубӣ | Қатар | Саудӣ |
1988 | Таиланд | Саудӣ | Баҳрайн | Чин |
1990 | Иморот | Қатар | Иморот | Чин |
1992 | Саудӣ | Чин | Қатар | Саудӣ |
1994 | Қатар | Ҷопон | Қатар | Уммон |
1996 | Таиланд | Уммон | Таиланд | Баҳрайн |
1998 | Қатар | Таиланд | Қатар | Баҳрайн |
2000 | Вйетнам | Уммон | Эрон | Ҷопон |
2002 | Иморот | Кореяи Ҷанубӣ | Яман | Чин |
2004 | Ҷопон | Чин | Кореяи Шимолӣ | Қатар |
2006 | Сингапур | Ҷопон | Кореяи Шимолӣ | Тоҷикистон |
2008 | Узбакистон | Эрон | Кореяи Ҷанубӣ | Иморот/Ҷопон |
2010 | Узбакистон | Кореяи Шимолӣ | Узбакистон | Австралия/Ҷопон |
2012 | Эрон | Узбакистон | Ҷопон | Эрон/Ироқ |
2014 | Таиланд |
Ҳамаи комгорон:
Мунтахаб | Пирӯзӣ | Ҷойи дуввум | Ҷойи саввум |
Ҷопон | 2 (1994, 2006) | 1 (2012) | 1 (2000) |
Кореяи Ҷанубӣ | 2 (1986, 2002) | 1 (2008) | |
Чин | 2 (1992, 2004) | 3 (1988, 1990, 2002) | |
Саудӣ | 2 (1985, 1988) | 2 (1986, 1992*) | |
Уммон | 2 (1996, 2000) | 1 (1994) | |
Қатар | 1 (1990) | 5 (1985*, 1986*, 1992, 1994*, 1998*) | 1 (2004) |
Кореяи Шимолӣ | 1 (2010) | 2 (2004, 2006) | |
Эрон | 1 (2008) | 1 (2000) | |
Таиланд | 1 (1998) | 1 (1996*) | |
Узбакистон | 1 (2012) | 1 (2010*) | |
Баҳрайн | 1 (1988) | 2 (1996, 1998) | |
Иморот | 1 (1990*) | ||
Яман | 1 (2002) | ||
Ироқ | 1 (1985) | ||
Тоҷикистон | 1 (2006) |