Таҳдиди бохти фаннӣ ба “Равшан”


Ба дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар бозии чорякфиналии Ҷоми Тоҷикистон бо «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров барои вайрон кардани дастури баргузории мусобиқоти қаҳрамонӣ ва Ҷоми кишвар мумкин аст, бохти техникӣ дода шавад.

Дар ин бора cомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар додааст. Дар ин хабар гуфта мешавад, ки бозии ҷавобии чорякфиналии Ҷоми Тоҷикистон миёни ин ду даста 18-уми сентябр дар шаҳри Кӯлоб бо пирӯзии «Равшан» бо ҳисоби 2:1 ба охир расида буд. Вале баъди анҷоми ин бозӣ раҳбарони бошгоҳи «Парвоз» ба натиҷаи ин дидор ба ФФТ эътирози расмӣ навиштаанд.

Ба гуфтаи сармураббии “Парвоз” Алиёр Ашӯрмамадов, дар нимаи дувуми бозӣ бозигари 19-солаи «Равшан» Саидхони Амрохонро легионерГершон Акуффо иваз кард, ки ин мухолифи дастури мусобиқот мебошад, зеро дар ҷаласаи ба наздикӣ баргузоршудаи кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ба дастури мусобиқоти қаҳрамонӣ ва Ҷоми Тоҷикистон тағйироту иловаҳо дароварда шуданд. Чунончи, дар ин ҳуҷҷат гуфта шудааст, “аз нимаи дувуми мавсим ҳар як бошгоҳ вазифадор аст, ки дар ҳайати ибтидоии даста дар бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонӣ дар лигаҳои олӣ ва якум, Ҷоми Тоҷикистон як бозигари то 19-сола (соли таваллудаш на аз 1994 калон)-ро дохил намояд. Дар навбати худ ин бозигарро дар ҷараёни бозӣ танҳо бозигари синну соли муқарраршуда метавонад иваз намояд. Дар мавриди вайрон кардани ин қоида ба бошгоҳ бохти техникӣ бо ҳисоби 0:3 дода мешавад.”

Ба иттилоъи дафтари матбуоти ФФТ, аризаи шикоятии «Парвоз» дар ҷаласаи наздиктарини кумитаи назорату ахлоқи ФФТ баррасӣ хоҳад шуд. Дар сурати ҳалли қаноатбахши ин масъала «Парвоз» ба нимфинали Ҷоми Тоҷикистон мебарояд ва рақибаш дастаи «Истиқлол»-и Душанбе мешавад.

 

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s