Бозиҳои даври 14-уми лигаи олии футболи Тоҷикистон


Бозиҳои даври 14-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 21-22-юми сентябр баргузор мешаванд.

Ду бозии даври 14-уми мусобиқот рӯзи шанбе миёни дастаҳои “Вахш”-и Қӯрғонтеппа – “Равшан”-и Кӯлоб ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд –  “Истиқлол”-и Душанбе барпо мегардад. 

Ду бозии дигари ин давр рӯзи якшанбе миёни дастаҳои “Хайр”-и Ваҳдат –  ССКА “Помир”-и Душанбе ва “Энергетик”-и Душанбе  -“Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров доир мешавад.

Даври 14-ум
21-уми сентябр, шанбе. Оғози бозиҳо – соати 16:00

«ВАХШ» – «РАВШАН». Варзишгоҳи «Пахтакор»-и Қӯрғонтеппа.
«ХУҶАНД» – «ИСТИҚЛОЛ». Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и Хуҷанд.

22-юми сентябр, якшанбе. Оғози бозиҳо – соати 16:00 
«ХАЙР» – ССКА «Помир». Варзишгоҳи «Хайр»-и Ваҳдат.
«ЭНЕРГЕТИК» – «ПАРВОЗ». Варзишгоҳи «Авиатор»-и Душанбе.

Дар айни ҳол дар ҷадвали мусобиқот «Равшан» бо 30 имтиёз дар ҷойи аввал, «Истиқлол» бо 27 имтиёз дар ҷойи дувум ва «Хайр» бо 21 имтиёз дар ҷойи севум қарор доранд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Равшан» (Кӯлоб) 10 10 0 0 16-2 30
2. «Истиқлол» (Душанбе) 11 9 0 2 31-5 27
3. «Хайр» (Ваҳдат) 11 6 3 2 19-11 21
4. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 11 6 2 3 14-11 20
5. «Энергетик» (Душанбе) 11 4 2 5 11-13 14
6. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 11 3 4 4 9-10 13
7. «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 10 3 2 5 8-17 11
8. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 9 2 2 5 4-9 8
9. ССКА «Помир» (Душанбе) 11 0 3 8 5-16 3
10. «Истаравшан» (Истаравшан) 11 0 2 9 6-29 2

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Хайр”/ ”Истиқлол”) – 9 тӯб, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 6 тӯб, Ҷаҳонгир Эргашев («Истиқлол») – 5 тӯб.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s