“Равшан” – “Парвоз”: Буд 2:1, шуд 0:3


Дастаи «Равшан» дар бозии чорякфиналии Ҷоми Тоҷикистон бо «Парвоз» барои вайрон кардани дастури баргузории мусобиқот бо ҳисоби фаннии 0:3 мағлуб дониста шуд.

Ҳамчунин дастаи «Равшан»-и Кӯлоб ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима карда шуд. 

Дар ин бора cомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) имрӯз, 20-уми сентябр, хабар додааст. Ин тасмим баъди баррасии аризаи шикоятии бошгоҳи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров дар ҷаласаи кумитаи назорату ахлоқи ФФТ гирифта шуд. Бозии ҷавобии чорякфиналии Ҷоми Тоҷикистон миёни ин ду даста 18-уми сентябр дар шаҳри Кӯлоб бо пирӯзии «Равшан» бо ҳисоби 2:1 ба охир расида буд.

Вале баъди анҷоми ин қувваозмоӣ раҳбарони бошгоҳи «Парвоз» ба натиҷаи ин бозӣ ба ФФТ эътирози расмӣ навиштаанд. Ба гуфтаи онҳо дар ҷараёни ин бозӣ бозигари 19-солаи «Равшан» Саидхони Амрохонро легионер Гершон Акуффо иваз кард, ки ин мухолифи дастури мусобиқот мебошад. Зеро ки дар ҷаласаи рӯзи 22-юми июли соли равон баргузоршудаи кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Дастури мусобиқоти қаҳрамонӣ ва Ҷоми Тоҷикистон тағйироту иловаҳо дароварда шуданд.

Чунончи, дар ин ҳуҷҷат гуфта шудааст, «ҳар як бошгоҳ вазифадор аст, ки дар ҳайати ибтидоии даста дар бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонӣ дар лигаҳои олӣ ва якум,Ҷоми Тоҷикистон як бозигари то 19-сола (соли таваллудаш 1994 ва аз он хурд)-ро дохил намояд. Дар навбати худ ин бозигарро дар ҷараёни бозӣ танҳо бозигари синну соли муқарраршуда метавонад иваз намояд. Дар мавриди гирифтани корти сурх ба ҷойи футболбози ҷавон ба майдон бозигари то 19-сола меояд ва як футболбози калонсол майдонро тарк мекунад. Дар мавриди вайрон кардани ин қоида ба бошгоҳ бохти техникӣ бо ҳисоби 0:3 дода мешавад”.

Ҳамин тариқ, «Парвоз» ба нимфинали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфт ва рақибаш дастаи «Истиқлол»-и Душанбе мебошад.

2 thoughts on ““Равшан” – “Парвоз”: Буд 2:1, шуд 0:3

  1. Ачоиб бесарусомони ва ноадолатии ФФТ нисбати як клуби мардуми РАВШАНи Кулоб! Аслан Равшан 3 бозингари то синни 19 сола дорад, ки ду нафари он айни хол дар Кувайт бо дастаи миллй карор доранд ва шарафи Точикистонро химоя доранд. Ягона бозингари 19 солаи мо Саидхони Амрохон дар кисми дуввуми бозй чарохат бардошт ва Равшан бо сабабхои маълум имкони бозингари дигарро даровардан надошю. баъди ичозати довар ба чои Саидхон бозингари дигар ба майдон омад. Яъне дар ин чо дидаву дониста Равашни Кулобро ба кавле “подставить” карданд. Бояд ФФТ ин холатро ба назар мегирифт . Мо хама мухлисони Равшан рози хастем. ки хама дар доираи конуни риоя шавад, аммо мутаасифона мушохида мегардад, ки сиёсати ФФТ хамеша манфиати як даста! ро химоя менамояд!!!

  2. Эххххеее… ин ФФТ тарсид ку! Тарсид, ки хисоб разгром нашавад… хисоби голхо не, балки хисоби бозихои имсола🙂

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s