УЕФА феҳрасти муддаиёни Евро-2020-ро тасдиқ кард


УЕФА, Иттиҳоди ассосиатсияҳои футболи Аврупо исми 39 шаҳре, ки барои мизбонии мусобиқаи Аврупо дар соли 2020 мубориза мекунанд, эълон кардааст.

Дар торнамои расмии УЕФА гуфта мешавад, ки аз 54 аъзои иттиҳод 32 тоаш барои баргузор кардани мусобиқа дархост фиристодаанд.

Мадрид, Билбао, Барселона, Валенсияи Испания, Рим ва Милани Италия, Варшава ва Хожуви Лаҳистон, Лиссабону Портуи Португалия ва Киеву Донетски Украина дар ин миён ҳастанд.

Русия Санкт-Петербургро пешниҳод кардааст. Гуфта мешавад, аз номзадии ин шаҳр президенти ФИФА Зепп Блаттер пуштибонӣ кардааст.

Дар феҳрасти муддаиёни баргузор кардани Евро-2020 ҳамчунин Амстердам, Остона, Афина, Боку, Базел, Белград, Брюссел, Будапешт, Бухарест, Глазго, Дублин, Ереван, Загреб, Байтулмуқаддас, Кардифф, Копенгаген, Лион, Лондон, Минск, Мюнхен, Прага, Истанбул, Стокгольм, Скопе, София ва Хелсинки ҳастанд.

То 25-уми апрели соли 2014 аъзои УЕФА метавонанд шаҳрро дар дархости худ тағир диҳанд. Рӯйхати шаҳр ва варзишгоҳҳое, ки Евро-2020 мегузарад, 25-уми сентябри соли 2014 маълум мегардад.

Мусобиқаи футболи Аврупо дар 13 шаҳр баргузор хоҳад шуд. Дар 12 тои он чор бозигӣ мегузарад (се дидори даври гуруҳӣ ва як бозии даври плей-офф).

Ҳар ду бозиҳои ниманиҳоӣ ва дидори финалӣ дар як шаҳр мегузарад.

Озодагон

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s