Ин ҳафта дар Аврупо:


Испания: Барселона ва Реал Мадрид боз ҳам бе мушкил рақибонашонро ба хок баробар карданд. Аҷиб аст, ки аз чаҳор голи Барселона ҳеҷ кадомашро на Мессӣ ва на Неймар зад. Вале ҳар ду ситора ҳам нишон доданд, ки худхоҳ нестанд ва яктоӣ партоби головар аз онҳост. Криштиану Роналду дар бозии худ боз ду гол зад, вале дар садри ҷадвал ҳамроҳи Барселона на дастаи ӯ, балки ҳамсояяш Атлетико Мадрид мебошад, ки ҳанӯз на мусовиро медонаду на бохтро.

Инглистон: Голи Уейн Рунӣ дар дақиқаи 87-ум ба дарвозаи Манчестер Ситӣ дар ҳар бозии дигар метавонист ба ҳамдастаҳояш шодӣ биоварад, вале на дар ин бозӣ. Чун то он лаҳза бачаҳои Юнайтед дигар муттаҳид набуда, ва чаҳор гол аз бачаҳои шаҳрӣ хӯрда буданд. Ливерпул дар майдони худ аз ким кадом Саройкамар шикаст хӯрд ва якуякбора аз ҷойи аввал ба ҷойи панҷум парид ва ҳоло садорати гурӯҳ дар дасти Арсеналу Тоттенҳем аст.

Олмон: Боруссия Дортмунд пас аз бохт дар Неапол ҳанӯз ба худ наомадааст. Мусовӣ дар Нюрнберг гувоҳи ин гуфтаҳост. Пас аз ин мусовӣ дортмундиҳо дигар дар садри ҷадвал танҳо наянд. Бавария Мюнхен баъди он ки Шалке 04-ро ба номаш мувофиқ гардонид – 0:4, дар ҷадвал дар як хат бо Дортмунд меистад.

Итолиё: Ин ҳафта ҳафтаи иқболи Наполӣ буд. Ин бор Милан дар майдони худ аз ин даста шикаст хӯрд. Дар ин бозӣ Балотеллӣ дар дақиқаҳои иловагӣ ҳам гол зад ва ҳам корти сурх гирифт. Бало, Балотеллӣ! Ҳамакнун, дастае, ки замоне бо Марадона шӯҳрат дошт, ҳоло дар садри ҷадвали Итолиёст.

Фаронса: Ду халтаи пул – ПСЖ ва Монако бо ҳам мусовӣ карданд.

Русия: Пирӯзии Спартак бо ҳисоби калон бар ССКА барои бисёриҳо ғайриоддӣ буд. Кам касе чунин ҳолроз аз ССКА интизор дошт. Акнун, се дастаи ҷойи аввал – Спартак, ССКА ва Зенит бо ҳам холи баробар доранд. Анжи бошад бохт пайи бохт мечашад. Ин бор аз Волга шикаст хӯрд. Голи ягонаи Анжиро низ бозигари Волга ба дарвозаи худ зад. Аҷаб ин буд, ки ин бозигар бо насаби путило ҳамаро путат кард ва дар як дақиқа ҳам ба дарвозаи рақиб ва ҳам ба дарвозаи худ гол зад.

Укроин:Пас аз анҷоми сеяки сабқати қаҳрамонии Укроин медонед дар се ҷойи аввал кист? Металлист, Днепр ва Черноморетс. Оре, оре, Шахтару Динамо Киев танҳо чоруму панҷум ҳастанд. Шояд фақат ҳоло.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s