Мунтахаби милии Тоҷикистон бо якачини Қирғизистон дар як вохурии дӯстона ба сабқат мебароянд.

Дар ин бора миёни Федератсияи футболи ин ду кишвар тавофуқномае ба имзо расидааст. Тибқи иттилои ФИФА ин вохурӣ рӯзи 15-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкек баргузор хоҳад шуд.

Дастаи миллии Тоҷикистону Қирғизистон то ҳол 9 бозӣ ба анҷом расонидаанд, ки 6 дидор ба манфиати мунтахаби тоҷик анҷом ёфта, як мусовӣ ва дар ду бозӣ маӯлуб шудааст. Мунтахаби миллии кишвар дар бозиҳои қаблӣ 12-гол ва мунтахаби Қирғизистон 7-гол задааст.

Натиҷаи бозиҳои қаблии мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон чунин аст:

08.06.1993 – Мусобиқоти байналмилалӣ. Теҳрон. Тоҷиикистон – Қирғизстон – 1:1 (Тоҳир Муминов, 85).

15.04.1994 – Мусобиқоти байналмилалӣ. Тошкант. Тоҷиикистон – Қирғизистон – 1:0 (Константин Ерофеев, 67).

05.08.1999 – Ҷоми Осиё-2000. Мусобиқоти интихобӣ. Душанбе. Тоҷикистон – Қирғизстон – 3:2 (Тохир Муминов, 6, 11, с пенальти, Ораз Назаров, 57).

18.02.2004 -Ҷоми ҷаҳон-2006. Мусобиқоти интихобӣ. Бишкек. Қирғизстон – Таҷикистон – 1:2 (Пирмурод Бурҳонов, 31, 54).

13.10.2004 – Ҷоми ҷаҳон-2006. Мусобиқоти интихобӣ. Душанбе. Тоҷикистон – Қирғизстан – 2:1 (Юсуф Рабиев, 19, Мансур Ҳакимов, 37).

06.04.2006 – Ҷоми даъвати АФК-2006. Дакка, Бангладеш. Тоҷикистон – Қирғизстон – 0:1.

13.04.2006 – Ҷоми даъвати АФК-2006. Дакка, Бангладеш. Тоҷиикистон – Қиғизистон – 2:0 (Юсуф Рабиев, 51, 90).

21.03.2011 – Ҷоми даъвати АФК-2012. Мусобиқоти интихобӣ. Мале, Молдив. Тоҷикистон – Қирғизстон – 1:0 (Руслан Сидиқов, 88, ба дарвозаи худ).

21.03.2013 – Ҷоми даъвати АФК. Мусобиқоти интихобӣ. Бишкек. Қирғизстон – Тоҷикистон – 1:0.

Барои Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии нави дастаи мунтахаби тоҷик, ин бори дуюм мешавад, ба ҳайси сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозиҳо иштирок дорад. Мунтахаби милли Тоҷикистон 14-уми августи соли равон дар варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, дар бозии дӯстона бо мунтахаби миллии Ҳиндӯстон бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуда буд.

Ozodagon

Advertisements