15 октябр – бозии дӯстонаи Қирғизистону Тоҷикистон дар Бишкек


Федератсияҳои футболи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи баргузории бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии ҳарду кишвар ба мувофиқа расиданд.

Федератсияҳои футболи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи баргузории бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии ҳарду кишвар ба мувофиқа расиданд. 

Ин бозӣ дар рӯзи расмии ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) – 15-уми октябр дар шаҳри Бишкек баргузор мешавад. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар додааст.

Барои Мӯҳсин Муҳаммадиев ин дувумин бозиест, ки ӯ ба ҳайси сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон анҷом хоҳад дод. Ёдовар мешавем, ки 14-уми август дар шаҳри Хуҷанд дар бозии аввали дӯстонатаҳти раҳбарии ин мутахассиси тоҷик мунтахаби кишвар бар    тими миллии Ҳиндустон бо ҳисоби 3:0 ғолиб омада буд.

Бояд гуфт, ки дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам 9 бор қувваозмоӣ кардаанд. Дар 6 бозӣ футболбозони тоҷик ва дар 2 бозӣ футболбозони қирғиз пирӯз шудаанд, як бозӣ бо ҳисоби мусовӣ анҷом ёфтааст. Таносуби тӯбҳо 12-7 ба нафъи Тоҷикистон мебошад.

Нахустин бозии ин дастаҳо 8-уми июни соли 1993 дар доираи мусобиқоти байналмилалӣ дар Теҳрон баргузор шуда, бо ҳисоби 1:1 хотима ёфта буд. Голи мунтахаби Тоҷикистонро Тоҳир Муъминов зада буд.

Бозии охирини дастаҳои Тоҷикистону Қирғизистон 21-уми марти соли равон дар доираи мусобиқоти интихобии Ҷоми даъвати AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) дар Бишкек бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфта буд. Ин бохт мунтахаби Тоҷикистонро аз ҳаққи ширкат дар марҳалаи ниҳоии мусобиқот маҳрум кард.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s