Бохти Тоҷикистон ба Кувайт дар мусобиқоти интихобии Осиё (аксҳо ва видео)


Шаби 27-уми сентябр дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон дар даври чоруми мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи «А» аз тими мизбон – Кувайт бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

Дар ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи Ал-Сабоҳ Ал-Салими пойтахти Кувайт барпо гардид, ҳисобро дар дақиқаи 42-юм бозигари мизбонон Бадер боз кард. Дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 54-ум, Муҳаммадҷони Ҳасан ҳисобро баробар намуд. Голи ҳалкунандаро Юсуф дар дақиқаи 90+1 ба ҳадаф расонд. 

Ин бохт имкони ба марҳалаи ниҳоии мусобиқот роҳ ёфтани мунтахаби Тоҷикистонро хеле кам кард.
Аксҳо ва наворҳои видео аз торнамои расмии ФФТ
Дар бозии дигари даври чорум мунтахаби Ҳиндустон бар тими Бутан бо ҳисоби бузурги 8:1 пирӯз шуд.Ёдовар мешавем, ки футболбозони навраси тоҷик бозии нахустинашонро бо мунтахаби Ҳиндустон бо ҳисоби 1:1 анҷом дода, дар бозии дувум бар тими Бутан бо ҳисоби 12:0 ғолиб омада буданд.Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии чор даври мусобиқот дар гурӯҳи «А» тими Кувайт бо 9 имтиёз дар ҷойи аввал мебошад. Дастаи Ҳиндустон бо 7 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад. Мунтахаби Тоҷикистон бо 4 имтиёз дар ҷойи севум мебошад. Лубнон бо 3 имтиёз дар ҷойи чорум аст. Бутан, ки бозиҳояшро ба охир расонд, бидуни имтиёз дар зинаи охирин – панҷум ҷойгир шуд.

Даври охирин – 5-уми мусобиқоти интихобӣ дар гурӯҳи «А» рӯзи якшанбе, 29-уми сентябр, баргузор мешавад. Мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Лубнон рақобат мекунад. Баъди ин бозӣ дастаҳои Ҳиндустон ва Кувайт қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Даври 5-ум
29-уми сентябр (якшанбе)
18.50 – Лубнон – Тоҷикистон
22.00 – Кувайт – Ҳиндустон
Эзоҳ: замони оғози бозӣ – ба вақти Душанбе.

One thought on “Бохти Тоҷикистон ба Кувайт дар мусобиқоти интихобии Осиё (аксҳо ва видео)

  1. http://www.football.org.tj/ Ба ин сайти нави ФУТБОЛ муруре кунед. Аз хамкори бо шумо мову шумо суд хохем бардошт: Мо Метавонем!

    Суббота, 28 сентября 2013, 12:44 UTC от “Футболи Тоҷикистон” : >follower posted: “Шаби 27-уми сентябр дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон дар даври чоруми мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи «А» аз тими мизбон – Кувайт бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

    Нарзуллоҳи Латиф, Озодӣ Дар ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи Ал-Сабоҳ” >

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s