Тоҷикистон – Лубнон 5:0 (аксҳо ва видео)


Шоми 29-уми сентябр дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон дар даври охирини мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё бар тими Лубнон бо ҳисоби 5:0 пируз шуд.

Ин бозии даври 5-уми гурӯҳи «А» дар варзишгоҳи Ал-Сабоҳ Ал-Салими пойтахти Кувайт барпо гардид. Ду голи мунтахаби Точикистонро Худойдод Узоқов дар дақиқаҳои 14-ум ва 33-юм ба ҳадаф расонд. Муҳаммадҷони Ҳасан (16), Рустам Толибов (41) ва Собирҷон Гулаков (83) якголӣ заданд.
Вале бо вуҷуди ғалаба бар тими Лубнон мунтахаби Тоҷикистон аз ҳаққи ширкат дар марҳалаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё маҳрум шуд.

Дар бозии дигари даври 5-ум мунтахаби Кувайт бар тими Ҳиндустон бо ҳисоби 8:1 ғолиб омад.

Ёдовар мешавем, ки футболбозони навраси тоҷик бозии нахустинашонро бо мунтахаби Ҳиндустон бо ҳисоби 1:1 анҷом дода, дар бозии дувум бар тими Бутан бо ҳисоби 12:0 ғолиб шуда буданд. Вале дар бозии севуми худ аз тими мизбон – Кувайт бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрданд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии мусобиқот дар гурӯҳи «А» тими Кувайт бо 12 имтиёз ҷойи аввалро касб кард. Мунтахаби Тоҷикистон бо 7 имтиёз дар ҷойи дувум қарор гирифт. Дастаи Ҳиндустон бо 7 имтиёз севум шуд. Лубнон бо 3 имтиёз ҷойи чорумро азони худ кард. Бутан бидуни имтиёз дар зинаи охирин – панҷум ҷой гирифт.

Бар асоси дастури мусобиқот ғолиби гурӯҳ – Кувайт соҳиби роҳхат ба марҳалаи ниҳоӣ гардид. Инчунин ғолибони гурӯҳҳои дигар  –
Узбакистон («B»), Непал («С»), Арабистони Саудӣ («D»), Эрон («Е»), Умон («F»), Австралия («G»), Малайзия («Н»), Кореяи Шимолӣ («I») ва Ҷопон («J») ба марҳалаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Ба ғайр аз ин 5 дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум – Сурия (гурӯҳи «D»), Чин («I»), Ҳонконг («G»), Кореяи Ҷанубӣ («Н») ва Қатар («F») ба марҳалаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2014 миёни ҷавонон, ки соли оянда дар Тайланд баргузор мешавад, роҳхат гирифтанд.

Аксҳо ва видео аз торнамои ФФТ
Сулаймон Бобокалонов, мураббии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба футбол, иллати нокомии мунтахаби наврасони Тоҷикистонро дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё чунин шарҳ дод:

«Ба андешаи ман футболбозони навраси тоҷик дар мусобиқоти интихобӣ бозии хуб нишон доданд, вале бохт ба тими мизбон – Кувайт онҳоро аз иҷрои вазифаи асосӣ – дарёфти роҳхат ба марҳалаи ниҳоӣ маҳрум кард. Агар ин мусобиқа дар Тоҷикистон барпо мегашт, бешак, мунтахаби мо дар гурӯҳи худ ғолиб мешуд. Зеро ки футболбозони тоҷик ба ин мусобиқа бо раҳбарии мутахассиси ҷопонӣ Чикаши Сузуки омодагии хуб дида буданд. Вале бар асоси дастури мусобиқот ба марҳалаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё миёни наврасони то 16-сола ғолибони гурӯҳҳо ва 5 дастаи беҳтарин аз байни дастаҳое, ки дар 10 гурӯҳ ҷойҳои дувумро гирифтанд, роҳ ёфтанд. Бинобар он ки дар баъзе гурӯҳҳо 3 ё 4 даста рақобат карданд, мувофиқи меъёрҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё), бо мақсади таъмини баробарӣ дар мавриди муқоиса кардани ҷойҳои дувум дар ҳамаи гурӯҳҳо, натоиҷи бозиҳо миёни дастае, ки дар гурӯҳ ҷойи дувумро ишғол кардааст ва дар он гурӯҳ 5 даста бозӣ кардаанд (яъне дар гурӯҳҳои «А», «G» и «Н»), бо дастаҳои ҷойҳои чоруму панҷумро ишғолнамуда ба ҳисоб гирифта нашуд. Дар гурӯҳҳое, ки аз 4-дастаӣ иборат буданд, ба мисли «C», «D», «E», «I» и «J», натиҷаи бозии дастаи ҷойи дувумро бадастоварда бо дастаи ҷои охирин – чорумро ишғолкарда ба эътибор гирифта нашуд. Ба ин тартиб, натоиҷи бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон бо Лубнон (5:0) ва Бутан (12:0), ки дар гурӯҳи «А» ҷойҳои охирро ишғол намуданд, ба ҳисоб гирифта нашуд. Бинобар ин натоиҷи мунтахаби Тоҷикистон дар ду бозии дигар бо Ҳиндустон (1:1) ва Кувайт (1:2) барои ба марҳалаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё роҳ ёфтани футболбозони навраси тоҷик кофӣ набуд.»

 

 

И

В

Н

П

М

О

1

КУВЕЙТ

4

4

0

0

14-3

12

2

Таджикистан

4

2

1

1

19-3

7

3

Индия

4

2

1

1

14-5

7

4

Ливан

4

1

0

3

6-16

3

5

Бутан

4

0

0

4

3-29

0

 

Группа «В»

 

 

И

В

Н

П

М

О

1

УЗБЕКИСТАН

2

2

0

0

13-0

6

2

Йемен

2

1

0

1

3-5

3

3

Палестина

2

0

0

2

1-12

0

 

Группа «С»

 

 

И

В

Н

П

М

О

1

НЕПАЛ

3

2

1

0

8-2

7

2

Бахрейн

3

2

0

1

5-4

6

3

Ирак

3

1

1

1

11-5

4

4

Туркменистан

3

0

0

3

2-15

0

 

Группа «D»

 

 

И

В

Н

П

М

О

1

САУДОВСКАЯ АРАВИЯ

3

2

1

0

4-1

7

2

СИРИЯ

3

1

2

0

7-4

5

3

Афганистан

3

1

0

2

2-6

3

4

Иордания

3

0

1

2

6-8

1

 

Группа «Е»

 

 

И

В

Н

П

М

О

1

ИРАН

3

3

0

0

13-0

9

2

ОАЭ

3

2

0

1

8-3

6

3

Пакистан

3

0

1

2

0-4

1

4

Шри-Ланка

3

0

1

2

0-14

1

 

Группа «F»

 

 

И

В

Н

П

М

О

1

ОМАН

2

1

1

0

7-6

4

2

КАТАР

2

1

0

1

7-7

3

3

Кыргызстан

2

0

1

1

6-7

1

 

Группа «G»

 

 

И

В

Н

П

М

О

1

АВСТРАЛИЯ

4

4

0

0

26-2

12

2

ГОНКОНГ

4

3

0

1

12-4

9

3

Сингапур

4

2

0

2

14-8

6

4

Китайский Тайбэй

4

1

0

3

7-13

3

5

Макао

4

0

0

4

1-33

0

 

Группа «Н»

 

 

И

В

Н

П

М

О

1

МАЛАЙЗИЯ

4

3

1

0

24-1

10

2

ЮЖНАЯ КОРЕЯ

4

3

0

1

26-3

9

3

Лаос

4

2

1

1

14-5

7

4

Бруней

4

1

0

3

4-21

3

5

Гуам

4

0

0

4

1-39

0

 

Группа «I»

 

 

И

В

Н

П

М

О

1

КНДР

3

2

1

0

21-0

7

2

КИТАЙ

3

2

1

0

16-1

7

3

Мьянма

3

1

0

2

6-5

3

4

Северные Марианские острова

3

0

0

3

0-37

0

 

Группа «J»

 

 

И

В

Н

П

М

О

1

ЯПОНИЯ

3

3

0

0

14-1

9

2

Вьетнам

3

2

0

1

6-3

6

3

Индонезия

3

0

1

2

1-5

1

4

Филиппины

3

0

1

2

0-12

1

 

Рейтинг команд, занявших вторые места в своих группах

 

Группа

 

И

В

Н

П

М

Р/М

О

1

D

СИРИЯ

2

1

1

0

3-0

+3

4

2

I

КИТАЙ

2

1

1

0

2-1

+1

4

3

G

ГОНКОНГ

2

1

0

1

4-3

+1

3

4

H

ЮЖНАЯ КОРЕЯ

2

1

0

1

4-3

+1

3

5

F

КАТАР

2

1

0

1

7-7

0

3

6

J

Вьетнам

2

1

0

1

3-3

0

3

7

E

ОАЭ

2

1

0

1

2-3

-1

3

8

C

Бахрейн

2

1

0

1

2-3

-1

3

9

B

Йемен

2

1

0

1

3-5

-2

3

10

A

Таджикистан

2

0

1

1

2-3

-1

1

 

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s