Рӯйхати бозингарони тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол, ки  дар бозии рафиқона бо Қирғизистон иштирок мекунанд, эълон шуд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон 24 бозингар шомил буда, онҳо имрӯз, 7-уми октябр, барои тамрин ба ноҳияи Ҳисор сафар карданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ин бозӣ аввалин бор бозингарони нав ба тими мунтахаби Тоҷикистон шомил карда шуданд, ки инҳо ҳамлагари дастаи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат Мирзобек Мирзоев, ҳимоятгари дастаи «Хайр», Идибек Ҳабибуллоев, ниммуҳофизгари дастаи «Равшан» Бахтиёр Ҳасанов ва ниммуҳофизгари дастаи «Истаравшан»-и Истаравшан Илҳом Баротов мебошанд.

Ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон аз бозингарони зерин иборат аст:

Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Рустам Ризоев («Равшан»);

Ҳимоятгарон: Соҳиб Саванқулов («Ряван» – Озарбойҷон), Фарҳод Восиев («Газовик» – Русия), Даврон Эргашев («Жетысу» – Қазоқистон), Далер Тӯхтасунов, Ҳасан Рустамов, Алексей Негматов («Равшан»), Сиёвуш Асроров, Наим Ӯлмасов, Эраҷ Раҷабов, Аҳтам Назаров («Истиқлол»), Идибек Ҳабибуллоев («Хайр»);

Нимҳимоягарон: Илҳом Баротов («Истаравшан»), Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, Иброҳим Рабимов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»), Бахтиёр Ҳасанов («Равшан»);
Ҳамлагарон: Мирзобек Мирзоев («Хайр»), Фарҳод Тоҳиров («Истаравшан»), Аҳтам Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»),Ҷаҳонгир Эргашев («Истиқлол»).

Бозии рафиқонаи футбол миёни тимҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон 15-уми октябр дар Варзишгоҳи ба номи Долина Омурзакови шаҳри Бишкек соати 15:00 ба вақти Душанбе баргузор мешавад.

ТоҷНюз

Advertisements