Футболбози тоҷик дар премер-лигаи Озaрбойҷон ба дарвозаи ҳариф гол зад


Соҳиб Саванқулов, ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол, ки дар ҳайати клуби “Реван”-и Боку бозӣ мекунад, дар даври 9-уми премер-лигаи Озарбойҷон ба дарвозаи ҳариф гол зад.

Ҳарифи “Реван” тими “Хазар-Лянкарян” буд ва бозӣ мусовӣ-1:1 анҷом ёфт. Футболбози тоҷик дар дақиқаи 19-ум ҳисобро боз кард. Ин нахустин голи ӯ дар ҳайати клуби Озарбойҷон мебошад.

Баъди нуҳ давр “Реван” бо панҷ имтиёз дар зинаи нуҳуми ҷадвали мусобиқот қарор дорад.

Гуфтанист, Соҳиб Саванқулов ба бозии дӯстонаи тими миллии Тоҷикистон ва мунтахаби Қирғизистон, ки 15-уми октябр дар Бишкек доир мегардад, даъват шудааст

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s