«Пахтакор» аз мусобиқоти лигаи аввал даст кашид


Бозиҳои даври 17-уми мусобиқоти лигаи аввали футболи Тоҷикистон дар минтақаи Душанбе баргузор шуданд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон дастаи “Пахтакор”-и ноҳияи Қубодиён ба иллати мушкилоти молӣ аз идомаи ширкат дар мусобиқот даст кашид. Бинобар ин бар асоси дастури мусобиқот рақибонаш бо ҳисоби техникии 3-0 ғолиб дониста мешаванд.

Бозиҳои даври пеш аз охирин бо чунин натиҷаҳо ба анҷом расиданд:
“Ҳосилот” (Фархор) – “Нури Норак” (Норак) – 3-0 (техникӣ)
«Бохтар» (Бохтар»  – РТСУ (Душанбе) – 3-2
“Пахтакор” (Қубодиён) – “Кӯктош+С” (Рӯдакӣ) – 0-3 (техникӣ)

Дар ҳамин ҳол “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ бо 30 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад. “Кӯктош+С”-и ноҳияи Рӯдакӣ бо 27 имтиёз дар ҷойи дувум ва “Нури Норак”-и шаҳри Норак бо 21 имтиёз дар ҷойи севум мебошанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Тӯбҳо И
  1.  «Саройкамар»  13 9 3 1 39 – 11 30
  2. «Кӯктош+С»  12 8 3 1  22 – 11 27
  3. «Нури Норак»  12 6 3 3  17 – 15 21
  4. Р Т С У 11 4 2 5  15 – 17 14
  5. «Ҳосилот» 11 4 1 7  15 – 16 13
  6. «Ҳулбук» 11 4 1 6  15 – 23 13
  7. «Бохтар» 14 3 4 7  19 – 23 13
  8. «Пахтакор» 13 2 1 10  11 – 37 7

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҷонибек Ғаффоров (“Саройкамар”) – 13 тӯб, Зоир Холматов (“Ҳулбук”) – 8 тӯб, Акмал Авазов (“Саройкамар”) – 7 тӯб ва Сайидамир Мирзоев (“Ҳосилот”) – 6 тӯб.

Бозиҳои даври 18-ум
25-уми октябр, ҷумъа
Оғози бозиҳо – соати 15:00

“Ҳулбук”–  “Пахтакор”
“Кӯктош+С” – “Ҳосилот”
“Нури Норак” – “Саройкамар”

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s