Навид

-Русия мизбони мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон-2018 боқӣ мемонад, ҳарчанд зимни баргузории бозии футбол ҳисси миллатгароӣ миёни ҳаводорони футболи ин кишвар баръало эҳсос мешуд,-гуфтааст Президенти Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Зеп Блаттер.

Ба гуфти ӯ ҳанӯз масъулини ин ниҳоди варзишӣ барои қатъи мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон-2018 дар Русия, ки ин кишвар  мизбонӣ мекунад, баромад накардаанд: «Маъмулан чорабиниҳои бузурги варзишӣ дар ҳоле таҳрим (байкот) эълон карда мешавад, ки он кишвар ба мушкилоте рӯ ба рӯ мешавад. Аммо, бояд ҳар як кишвар дар муносибат бо масъалаи миллатгароӣ аз сиёсати воқеъбинона ва аз таҳамулпазирӣ кор гирад».

Бояд гуфт, рӯзи чоршанбеи гузашта, дар мусобиқоти Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо, дастаи «Манчестер Сити»-и Бритониё дар сафар бо тими «ССКА»-и Маскав вориди майдон шуд ва пас аз анҷоми сабқат ва пирӯзии дастаи меҳмонон мухлисони футболи рус бо хитоб ба бозигар Яя Туреи африқоӣ аз Кот-дивуар, ӯро таҳқир намуда, «маймун» номиданд.

Дар ин бора роҳбарияти гуруҳи муташаккили ФИФА оид ба мубориза алайҳи миллатгароӣ Ҷеффрӣ Уэбб тасмим гирифтааст бо футболбози «Манчестер Сити» Яя Туре мулоқот намояд. Инчунин, рӯзҳои наздик сафари ин масъули баландпояи ФИФА барои баррасии ин мавзуъ ба Маскав сурат мегирад.

Қарор аст, авҷи миллатгароӣ миёни ҳаводорони дастаҳои футболи Русия дар ҷаласаи пешорӯ аз ҷониби кумитаи иҷроияи ФИФА баррасӣ шавад.

Бояд гуфт, бори аввал нест, ки мухлисони дастаҳои Русия, бозигарони миллату нажодҳои дигарро ҳангоми баргузории мусобиқот таҳқиру дашном медиҳанд.

Advertisements