То анҷоми мусобиқоти лигаи аввали футболи Тоҷикистон дар минтақаи Суғд як даври дигар мондааст.

Вале дастаҳое, ки дар даври ниманиҳоӣ ширкат мекунанд, маълуманд. Инҳо «Эсхата»-и Хуҷанд ва «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан мебошанд. Даври охирин ғолиби мусобиқаи минтақавиро муайян хоҳад кард. Ҳарду дастаи пешсаф дар майдони худ рақобат мекунанд. Хуҷандиҳо бо дастаи “Спитамен”-и ноҳияи Спитамен ва истаравшаниҳо бо “Зарафшон”-и Панҷакент вориди рақобат мешаванд. 

Минтақаи Суғд
Натоиҷи бозиҳои даври 19-ум«Шаҳристон» (Шаҳристон) – «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан) – :+ (бохти техникӣ)
«Канд» (Конибодом) – «Мастчоҳ» (Мастчоҳ) –  3:2
«Қайроққум» (Қайроққум) –  «Исфара» (Исфара) – 0:5
«Эсхата» (Хуҷанд) – ««Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – 5:0
«Зарафшон» (Панҷакент) – «Спитамен» (Спитамен) – 3:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

 Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 «Эсхата» 17 14 1 2 49-10 43
2 «Далерон-Ӯротеппа» 17 13 3 1 64-10 39
3 «Исфара» 17 10 3 4 46-21 33
4 «Зарафшон» 17 10 3 4 35-27 33
5 «Спитамен» 17 6 6 5 40-43 24
6 «Мастчоҳ» 17 6 2 9 33-44 20
7 «Канд» 16 5 2 9 30-43 17
8 «Пахтакор» 16 5 1 10 27-37 16
9 «Қайроққум» 17 2 1 14 10-71 7
10 «Шаҳристон» 17 2 0 15 13-41 6

Голзанҳои беҳтарин:  Меҳрулло БОБОЕВ («Далерон-Ӯротеппа») – 22 тӯб, Аъзам ҲУСЕЙНОВ («Далерон-Ӯротеппа») – 20 тӯб, Ҳусейн ҶАЛОЛОВ («Эсхата») – 15 тӯб.

Даври 20-ум 
5-уми ноябр (сешанбе) – соати 14:00
“Эсхата» – «Спитамен»
«Пахтакор» – «Қайроққум»
6-уми ноябр (чоршанбе) – соати 14:00
«Исфара» – Канд»
«Мастчоҳ» – «Шаҳристон»
7-уми ноябр (панҷшанбе) – соати 14:00
«Далерон-Ӯротеппа» – «Зарафшон»

Минтақаи Душанбе

Дар минтақаи Душанбе новобаста аз натоиҷи ду бозии боқимонда дастаҳои «Саройкамар»-и Панҷ ва «Кӯктош+С»-и Рӯдакӣ ба нимфинал баромаданд. Ҳарду даста 33-имтиёзӣ гирифтанд, вале аз рӯи натоиҷи бозиҳо миёни ҳарду «Саройкамар» мақоми аввал ва «Кӯктош+С» мақоми дувумро касб карданд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 «Саройкамар» (Панҷ) 14 10 3 1 41-11 33
2 «Кӯктош+С» (Рӯдакӣ) 14 10 3 1 29-13 33
3 «Нури Норак» (Норак) 14 6 4 4 20-20 22
4 «Ҳулбук» (Восеъ) 13 5 1 7 18-26 16
5 РТСУ (Душанбе) 12 4 3 5 18-20 15
6 «Ҳосилот» (Фархор) 13 4 1 8 17-20 13
7 «Бохтар» (Бохтар) 14 3 4 7 19-23 13
8 «Пахтакор» (Қубодиён) 14 2 1 11 11-40 7

Голзанҳои беҳтарин: Ҷонибек ҒАФФОРОВ («Саройкамар») – 15 тӯб, Зоир ХОЛМАТОВ («Ҳулбук») – 8 тӯб, Акмал АВАЗОВ («Саройкамар»), Сайидамир МИРЗОЕВ («Ҳосилот») – 7-тӯбӣ.

Бозиҳои боқимонда:

2-юми ноябр (шанбе)
Оғози бозӣ – соати 14.00
РТСУ – «Ҳосилот»

4-уми ноябр (шанбе)
Оғози бозӣ – соати 14.00
«Ҳулбук» – РТСУ

Марҳилаи ниҳоӣ
11-уми ноябр (душанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14:00
Бозии 1-ум – “Саройкамар” – ҷойи 2-юми минтақаи Суғд
Бозии 2-юм – ҷойи 1-уми минтақаи Суғд – “Кӯктош+С”
Бозиҳои ҷавобӣ – 16-уми ноябр (шанбе) – соати 13:30
Бозии 3-юм – ҷойи 2-юми минтақаи Суғд – “Саройкамар”
Бозии 4-ум – “Кӯктош+С” – ҷойи 1-уми минтақаи Суғд
Бозӣ барои ҷойи 3-юм – 20-уми ноябр (чоршанбе) – соати 14:00
Бозии 5-ум – мағлуби бозии 3-юм – мағлуби бозии 4-ум
Бозӣ барои ҷойи 1-ум – 20-уми ноябр (чоршанбе) – соати 14:00
Бозии 6-ум – ғолиби бозии 3-юм – ғолиби бозии 4-ум
Бозии ҷавобӣ – 24-уми ноябр (якшанбе) – соати 13:30

Advertisements