Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) дар Ҷоми Иттиҳод-2014 ширкат хоҳад кард.

 
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод-2014, ки аз 22-юми январ то 2-юми феврали соли 2014 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад, футболбозони соли таваллудашон 1993 ва аз он хурд иштирок мекунанд. 
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Мӯбин Эргашев дар Ҷоми Иттиҳод-2013 ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфта, ҷойи 8-умро гирифта буд.
Advertisements