Душанбе-1 – соҳиби ҷоми Абдулло Муродов


Мусобиқаи ҷумҳуриявии дастаҳои баскетболи наврасон барои дарёфти ҷоиза ба хотираи Абдулло Муродов, устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ ва мураббии варзидаи тоҷик, бо пирӯзии тими Душанбе-1 ба поён расид.

Ин мусобиқа бо ширкати ҳашт дастаи писарони солҳои таваллудашон 1997-1998 аз вилоятҳои Суғду Хатлон, вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва пойтахти кишвар дар толори мактаби махсуси бозиҳои дастии захираҳои олимпии Душанбе тӯли панҷ рӯз идома кард. 

Дастаи аввали Душанбе дар бозии ниҳоӣ бар тими шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ғалаба карда, соҳиби ҷоизаи хотираи Абдулло Муродов ва медалҳои тилло гардид. Ба баскетболбозони навраси Истаравшан медалҳои нуқра супурда шуд. Дастаи ноҳияи Ҳисор, ки мақоми севумро касб намуд, бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гашт.

Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, «мусобиқаи анъанавииҷумҳуриявӣ барои гиромидошти хотираи Абдулло Муродов, яке аз поягузорони баскетболи ҳирфаӣ дар Тоҷикистон ва омӯзгору мураббии маъруфи тоҷик, барои рушди ин риштаи варзиш миёни наврасону навҷавонони кишвар мусоидат хоҳад кард.»

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s