Таърихи Ҷоми Ҷаҳони ҳабдаҳсолаҳо


Нахустин Ҷоми Ҷаҳони ҳабдаҳсолаҳо соли 1985 дар Чин баргузор гардида буд. Нигерия дар бозии ниҳоӣ бо ду голи бепосух ба дарвозаи Олмони федеролӣ ғолиби нахустин сабқат гардид.

*********************

Ду соли баъдаш Конодо мизбон буд. Ин навбат Иттиҳоди Шӯравӣ низ дар марҳилаи ниҳоӣ иштирок дошт. Шӯравиҳо сабқатро аз мусовии 1:1 бо қаҳрамон Нигерия оғоз карданд. Голи шӯравиҳоро дар ин бозӣ Николай Русин зад, исме ки шиносоие надорад. Баъдан Мексикоро 7:0 (Олег Матвеев ва Юрий Никифоров ду голӣ, Сергий Беженар, Анатоли Мушинка, Владислав Кадиров) ва Боливияро 4:2 (Юрий Никифоров, Сергий Беженар, Ариф Асадов ва Анатоли Мушинка) шикастанд.

Дар чаҳорниҳоӣ Фаронсаро бо ҳисоби 3:2 (СЕргей Арутюнян ду гол ва Юрий Никифоров) ва дар нимниҳоӣ Соҳили Оҷро бо ҳисоби 5:1 (Сергей Арутюнян ва Мирҷалол Қосимов ду голӣ ва Николай Русин) шикаст доданд.

Дар бозии ниҳоӣ Ватани собиқи мо боз бо Нигерия рӯбарӯ гардид ва ҳисоби вақти асосӣ боз мусовии 1:1 гардид. Голи Шӯравиро Юрий Никифоров, ситораи баъдинаи Спартаки Маскав зад. Дар зарбаҳои 11-метраи пас аз бозӣ бахт ба рӯи Шӯравиҳо хандид – 4:2!

**********************

Саввумин Ҷоми Ҷаҳони ҳабдаҳсолаҳоро дар соли 1989 Шотландия мизбонӣ кард. Ва маҳз Шотландия буд, ки дар бозии нимниҳоӣ бар Португалияву ситораи он Луиш Фигу ғалаба кард. Фигуе, ки баъдан ситора мегардад, дар он сабқат ду гол зад ва мунтахабаш танҳо медалҳои биринҷиро ба даст овард.Унвониқ аҳрамонӣ бошад на насиби Шотландия, балки Арабистони Саудӣ гардид. Арабҳо дар бозии ниҳоӣ бо соҳибони майдон 2:2 мусовӣ карданд ва дар задани зарбаҳои 11-метраи пас аз бозӣ ҳушёртар баромаданд.

*********************

Дар соли 1991 Итолиё мизбон буд. Вале мизбонон сарфи назар аз доштани бозигаре бо номи Алессандро Дел Пйеро, ки яке аз ду голи мунтахабашро дар ин сабқат зад, аз гурӯҳ набаромаданд. Ҳамсояи онҳо Испониё то ба бозии ниҳоӣ рафт ва дар он ҷо аз Гана бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.

***********************

Ҷопон мизбони панҷумин Ҷоми Ҷаҳони ҳабдаҳсолаҳо дар соли 1993 гардид. Ду мунтахаби офриқоӣ ба бозии ниҳоӣ баромаданд. Ин бор қаҳрамони қаблӣ Гана аз Нигерия бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Аз бозигароне, ки баъдан аз ин сабқат ном бароварданд, Нванкво Кану аз ҳайъати қаҳрамон ва Тоттиву Буффон аз Итолиёро метавон ном бурд. Итолиёҳо, бояд гуфт, аз гурӯҳашон ҳам берун набаромданд.

*********************

Сабқати соли 1995 дар Эквадор баргузор гардид. Гана боз ҳам ба бозии ниҳоӣ баромад ва ин бор бар Бразилия бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад.

***********************

Мизбонии сабқати соли 1997 ба Миср дода шуд. Гана боз ҳам ба бозии ниҳоӣ баромад. Дар бозии нимниҳоӣ офриқоиҳо бар Испания, ки Хавӣ ва Касиляс дошт, ғолиб омаданд. Рақиби Гана боз ҳам Бразилия буд, ки бо бозиароне чун Фабио Пинту ва … Роналдинё селексионерҳоро ба ҳайрат дароварда буд. Бразилиягҳо дар шаш бозӣ 21 гол зада, барои аввалин бор қаҳрамон шуданд.

*********************

Бразилия дар соли 1999 дар Зеландияи Нав низ унвони қаҳрамониро ба даст даровард. Дар бозии ниҳоӣ Бразилия ба дарвозаи Австралия дар вақти асосӣ ҳеҷ голе зада натавонист ва танҳо дар зарбаҳои 11-метраи пас аз бозӣ ҳунари тӯббозони моҳир волоӣ кард.

*****************

Ҷоми Ҷаҳони ҳабдаҳсолаҳо ба асри 21 бо сабқате дар кишвари экзотики Тринидад ва Тобаго қадам гузошт. Дар соли 2001 маҳз ин кишвар мизбон буд. Аз исмҳое, ки ин сабқат ба майдони фтубол овард, маъруфтаринашон испониҳо – Инйеста, Пепе, Фернандо Торрес мебошанд, ки мунтахабашонро ҳатто аз гурӯҳ бароварда натавонистанд. Унвони қаҳрамонӣ бошад насиби Фаронса гардид, ки дар чаҳорниҳоӣ бар Бразилия бо Тияго Силвааш, дар нимниҳоӣ бар Аргентина бо Карло Тевезаш ва дар бозии ниҳоӣ бар Нигерия низ пирӯз гардид.

*************************

Даҳумин Ҷоми Ҷаҳони ҳабдаҳсолаҳо дар соли 2003 дар кишвари барои футбол экзотики дигар – Финландия баргузор гардид. Агар испониҳои маъруфи сабқати қаблӣ ҳеҷ коре карда натавонистанд, ин бор Сеск Фабрегас аз ин кишвар баромад, ки беҳтарин бозигари сабқат ва беҳтарин муҳоҷим номида шуд ва мунтахабашро низ то ба бозии ниҳоӣ баровард. Испониё дар бозии ниҳоӣ аз Бразилия бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Бразилия ҳамин гуна, саввумин бор дар сабқати ҳабдаҳсолаҳо соҳиби унвони қаҳрамонӣ гардид.

*********************

Дар соли 2005 Перу мизбони сабқати ҳабдаҳсолаҳо гардид. Бразилия ин бор ҳам ба бозии ниҳоӣ баромад, вале ин бор се голи бепосух аз Мексико хӯрд.

********************

Ҷоми Ҷаҳони ҳабдаҳсолаҳо дар соли 2007 дар Кореяи Ҷанубӣ барои мо ба он хотир хотирмон аст, ки барои нахустин бор дар таърихи пасошӯравӣ як кишвари ин маҳдуда дар он иштирок кард ва он кишвар низ Тоҷикистон ном дошт.

Ҳамин гуна, ба ҳайси соҳибони биринҷии Осиё наврасони Тоҷикистон дар қатори Ҷопону Кореяи Шимолӣ ва Сурия ҳаққи намояндагӣ аз Осиёро дар Ҷоми ҷаҳон ба даст оварданд. Бояд гуфт, ки дар Ҷоми ҷаҳон миёни наврасони зери 17-сола танҳо як бор мунтахаби Шӯравӣ дар солҳои ҳаштодум бозӣ карда буду халос. Дигар на Шӯравӣ ва на ягон дастае аз Шӯравӣ ин гуна шарафро сазовор нагашта буданд. Ҷоми ҷаҳон-2007 дар Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардид ва ҳамон шабу рӯз тамоми Тоҷикистон дигар бо футбол мезист.

Тоҷикистон дар гурӯҳи E бо Иёлоти Муттаҳида, Белгия ва Тунис бозӣ мекард. Бозии нахустин алайҳи амрикоиён буд ва наврасони Амрико қабл аз бозӣ ошкоро Тоҷикистонро тамасхур мекарданд. Ва аммо интиқоми ин тамасхурҳоро бозигарони тоҷик дар майдони футбол гирифтанд. Голҳои Фарҳод Восиев, Самад Шоҳзуҳуров, Нуриддин Давронов ва Фатҳулло Фатҳуллоев тамоми Амрикоро водор намуданд, то ГуглМэп бираванд ва Тоҷикистонро бикобанд. Бозии нахустин ва пирӯзии нахустин бо ҳисоби 4-3!

Маъа таассуф, ду бозии дигари гурӯҳии худро наврасони Тоҷикистон бохтанд, вале дар ҳар ду бозии олиҷаноб нишон дода, ва танҳо як гол дар дақоиқи охирин онҳоро аз холҳои навбатӣ маҳрум карда буд. Белгиягиҳо дар дақиқаи 92-юм гол заданд. Ва тунисиҳо дар дақиқаи 83-юм. Бояд гуфт, ки дар ҳайъати Белгия бар зидди Тоҷикистон чунин ситораҳое бозӣ доштанд – Эден Азар. Кристиан Бентеке. Голия мунтахаби Белгияро низ маҳз Бентеке, бозигари имрӯзинаи “Астон Вилла” зад.

Бо ин вуҷуд, Тоҷикистон ҳамроҳ бо Тунис ба даври 1/8 ниҳоӣ гузашт. Он ҷо наврасони моро ҳамсолонашон аз Перу интизор буданд. Ба як голи перуягиҳо дар дақиқаи 13-ум Нуриддин Давронов аллакай ду дақиқа пас посух дод. Вақти асосӣ ва иловагӣ бо ҳамин ҳисоби 1-1 анҷом ёфт ва мутаассифона дар зарбаҳои 11-метра Тоҷикистон шикаст хӯрд. Голҳоро аз мунтахаби мо заданд: Эраҷ Раҷабов, Шероз Абдуллоев, Даврон Тухтасунов, Фатҳулло Фатҳуллоев ва зада натавонист капитан Фарҳод Восиев.

Бояд гуфт, ки маҳз дар ҳамин давр, масалан Бразилия бо Алекс Тейшейраву Майконаш ҳам аз Гана шикаст хӯрд.

Дар чаҳорниҳоӣ Фаронса бо Янн Мвилааш ва Инглистон бо Данни Уэлбек ва Виктор Мозесаш шикаст хӯрданд.

Дар нимниҳоӣ Тони Кроос низ Олмонро аз шикаст наҷот надод.

Ва дар бозии ниҳоӣ, ки Испониё бо Нигерия бо ҳам омаданд, Илярремандӣ ба дарвозаи офриқоиҳо ҳеҷ голе зада натавонист ва Давид де Хеа дар зарбаҳои 11-метраи пас аз бозӣ ягон тӯбро баргардонида натавонист. Нигерия қаҳрамон шуд.

Ин сабқат барои футболи тоҷик беҳтарин дастовард буд. Исми ин бозигарон бояд дар таърихи футболи тоҷик сабт бишавад, то он ки дар оянда пирӯзиҳои бештар дар саҳафоти таърихи футболи Тоҷикистон навишта бишаванд.

***********************

Дар соли 2009 Нигерия мизбони Ҷоми Ҷаҳони ҳабдаҳсолаҳо буд. Ва маҳз Нигерия бо бозии олиҷанобе бар зидди мунтахаби Олмон он сабқатро оғоз гардид.

Дар ин сабқат ситорае бо номи Неймар нахустин бор дар ҷаҳон худро нишон…надод. Неймар бо Бразилия низ аз гурӯҳ баромада натавонист. Неймар танҳо як гол ба дарвозаи ҷопониҳо зада таовнисту халос ва мунтахабаш ду бозии дигарро дар гурӯҳ ба Швейсарияву Мексика бохт.

Дар ҳаштниҳоӣ олмониҳо бо Марио Гетсе дар хатти ҳамла ва Тер Штеген аз Швейсария шикаст хӯрданд. Швейтсария дар чаҳорниҳоӣ Итолиёро бо Стефан ал-Шааравияш ва дар нимниҳоӣ Колумбияро шикаст дод. Дар бозии ниҳоӣ футболбозони шакалладхӯру соатсоз бар мизбонони офриқоӣ пирӯз баромада, қаҳрамони ҷаҳон шуданд.

*********

Дар соли 2011 Мексико хост, қабл аз “қимати соли 2012” мизбони сабқат гардад. Дар ин сабқат дуввумин бор аз Шӯравӣ мунтахабе иштирок кард – Узбакистон. Ҳамсоягони мо ҳарчанд оғозе бад доштанд ва аз Зеландияи Нав бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрданд, вале баъдан бар Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ва Ҷумҳурии Чехистон бо ҳисоби якгунаи 2:1 ғолиб омада, дар гурӯҳи худ ҷойи аввалро гирифтанд.

**************

Узбакистон дар ҳаштниҳоӣ Австралияро 4:0 шикаст дод ва интиқоми Мӯсоро аз Исо гирифт, вале дар чаҳорниҳоӣ аз Уругвай бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Уругвай то ба бозии ниҳоӣ расид ва дар он аз мизбон – Мексико об ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Барои аввалин бор буд, ки як мизбон дар майдони худ соҳиби унвони қаҳрамонии ҷаҳон дар миёни бозигарони зери 17 сол гардид.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s