Рашид Раҳимов, мураббӣ ва яке аз футболбозони беҳтарини тоҷик аз ин ба баъд дастаи “Терек”-и Чеченистонро машқ медиҳад. Раҳимов, ки дар гузашта сармураббии дастаи “Амкар”-и Перм ва “Локомитив”-и Русия ба шумор мерафт, ба хотири бастани шартнома бо тими “Терек” ҳоло дар Чеченистон қарор дорад.

Ба иттилои расонаҳои русӣ, мураббии тоҷик алакай бо Рамазон Қодиров, президенти клуби футбол ва ҳамзамон раисиҷумҳури Чеченистон, вохӯрӣ анҷом дода, қарор аст, дар наздиктарин замон шартнома миёни ҷонибҳо ба имзо расад.

Симати сармураббии дастаи “Терек”-и Чеченистонро то ин дам Юрий Красножан, мураббии рус бар дӯш дошт, ки ибтидои ҳафтаи гузашта ба истеъфо фиристода шуд. Рашид Раҳимов, ки 48 сол дорад, яке аз футболбозони машҳури тоҷик дар замони Шӯравӣ маҳсуб шуда, дар гузашта дар тимҳои футболи мухталиф, аз ҷумла, дастаи “Помир”-и Душанбе, “Спартак” ва “Локомотив” -и Маскав ва “Аустрия”-и Вена ба ҳайси ҳимоятгар ва нимҳимоятгар бозӣ кардааст. Инчунин, ӯ ҳамчун устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ шинохта шудааст.

Раҳимов дар ду сабқати дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозӣ карда, 4 бор аз тарафи Русия дар бозиҳои тимҳои миллӣ иштирок доштааст. Ӯ аз соли 2006 то 2007 мураббии тими футболи “Амкар”-и Перм буда, аз моҳи декабри соли 2007 то моҳи апрели соли 2009 ба ҳайси сармураббии дастаи “Локомотив”-и Маскав фаъолият кардааст. Рашид Раҳимов ду бор, солҳои 1992 ва 1994, ҳамчун қаҳрамони футболи Русия шинохта шуда, аз ӯ дар феҳристи 33 футболбози беҳтарини Иттиҳоди Шӯравӣ ном гирифтаанд.

Озодагон

Advertisements