Мусовии “Равшан” бо “Парвоз” ва пирӯзии “Хайр” бар “Истиқлол”


Ҳарчанд “Равшан” дар ин давр ба пирӯзӣ ноил шуда натавонист, ғалабаи “Хайр” бар “Истиқлол” мавқеи “Равшан”-ро дар ҷадвал тақвият медиҳад.

Имрӯз, якшанбеи 3-юми ноябр бозиҳои даври 19-уми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд. Дастаҳое, ки барои унвони қаҳрамонӣ талош доранд, бозиҳоро дар меҳмонӣ анҷом доданд. 

Бозии “Равшан”-и Кӯлоб дар варзишгоҳи «Фурудгоҳ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо “Парвоз” бо ҳисоби 0-0 ба охир расид. Ин мусовии дувуми футболбозони Кӯлоб аст. «Равшан» ягона дастаест, ки то ҳоло бохт надорад.

“Истиқлол”-и Душанбе дар шаҳри Ваҳдат аз “Хайр” бо ҳисоби 0-2 шикаст хӯрд. Ҳарду голроМеҳроҷиддин Музаффаров дар дақиқаҳои 26-ум ва 75-ум зад. Ин аввалин ғалабаи «Хайр» бар «Истиқлол» дар 12 бозӣ миёни ин ду даста дар лигаи олӣ ва бохти сеюми «Истиқлол» дар мусобиқоти имсола аст.

Дар бозии дигар “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ бар “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 2-1 ғалаба кард. Ҳисобро дар дақиқаи 23-юм аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метра Абдухалил Боронов, бозигари «Вахш», кушод. Вале баъди 12 дақиқа пас аз зарбаи Фирӯз Раҳматов, ҳамлагари мизбонон, тӯб ба пои Умедҷон Шарифов, нимҳимоятгари «Вахш» зада, вориди дарвозаи меҳмонон шуд.Голи дувуми «Регар-ТадАЗ»-ро Аҳтам Ҳамроқулов дар дақиқаи 45+1 ба ҳадаф расонд.

ССКА “Помир”-и Душанбе дар майдони худ бар “Истаравшан”-и Истаравшан” бо ҳисоби 2-1 пирӯз шуд. Ду голи мизбононро Фаридун Шарифов дар дақиқаи 44-ум ва Сабур Мулимов дар дақиқаи 60-ум заданд. Як голи меҳмононро Фарҳод Тоҳиров дар дақиқаи 87-ум ба нишон расонд. Дар ин бозӣ Илҳом Баротов, ҳамлагари «Истаравшан», дар дақиқаҳои охири нимаи аввал аз майдон хориҷ шуд.

Дар ҷадвали мусобиқот “Равшан” бо 38 имтиёз дар ҷойи аввал ва “Истиқлол” бо 37 имтиёз дар ҷойи дувум қарор доранд. Вале футболбозони Кӯлоб ду бозӣ камтар кардаанд. Ба “Равшан” барои ба даст овардани медалҳои тиллои мусобиқот дар 4 панҷ бозии боқимонда 5 имтиёз гирифтан кофист. Барои медалҳои биринҷӣ “Хайр” ва “Регар-ТадАЗ” талош доранд.

Даври 19-ум
3-юми ноябр, якшанбе. 

«ХАЙР» (Ваҳдат) – «ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе) – 2-0.
Голҳо: Меҳроҷиддин Музаффаров, 26, 75.
Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр».

«ПАРВОЗ» (Бобоҷон Ғафуров) – «РАВШАН» (Кӯлоб) – 0-0. 
Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ».

«РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) – «ВАХШ» (Қӯрғонтеппа) – 2-1. 
Голҳо: Абдухалил Боронов, 23, аз пеналтӣ (0:1), Умедҷон Шарифов, ба дарвозаи худ ё автогол, 35 (1:1), Аҳтам Ҳамроқулов, 45+1 (2:1).
Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург».

ССКА «ПОМИР» (Душанбе) – ИСТАРАВШАН» (Истаравшан) – 2-1. 
Голҳо: Фаридун Шарифов, 44 (1:0), Сабур Мулимов, 60 (2:0), Фарҳод Тоҳиров, 87 (2:1).
Аз майдон хориҷ шуд: Илҳом Баротов («Истаравшан»), 35.
Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Тӯбҳо И
1. «Равшан» 14 12 2 0 22-4 38
2. «Истиқлол» 16 12 1 3 43-8 37
3. «Хайр» 16 9 5 2 26-14 32
4. «Регар-ТадАЗ» 15 8 2 5 21-17 26
5. «Хуҷанд» 15 4 5 6 14-18 17
6. «Энергетик» 15 4 4 7 13-19 16
7. «Парвоз» 15 3 6 6 11-26 15
8. «Вахш» 15 3 3 9 9-16 12
9. ССКА «Помир» 14 2 4 8 9-18 10
10. «Истаравшан» 14 1 2 11 9-35 5

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҳусейни Сӯҳробӣ (”Истиқлол” / “Хайр”) – 11 тӯб, Дилшод Восиев (“Истиқлол”) – 10 тӯб,  Александр Кудряшов (“Истиқлол”), Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) ва Ҳасан Рустамов (“Равшан”) – 6-тӯбӣ, Ҷаҳонгир Эргашев (“Истиқлол”) – 5 тӯб.

Бозиҳои боқимондаи мусобиқоти лигаи олӣ

Бозии мавқуфгузоштаи даври 18-ум
7-уми ноябр (панҷшанбе)
Оғози бозӣ – соати 14.00

«РАВШАН» – ССКА «ПОМИР». Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.

Даври 20-ум
8-уми ноябр (ҷумъа)
Оғози бозиҳо – соати 14.00

«ИСТАРАВШАН» – «ПАРВОЗ». Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ.
«ВАХШ» – «ЭНЕРГЕТИК». Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».

10-уми ноябр (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14.00

«ХУҶАНД» – ССКА «ПОМИР». Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».
«РАВШАН» – «РЕГАР-ТАДАЗ». Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.

Даври 21-ум
13-уми ноябр (чоршанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14.00

«ЭНЕРГЕТИК» – «РАВШАН». Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор».
«ХАЙР» – «ВАХШ». Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр».
«ПАРВОЗ» – «ХУҶАНД». Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ».
«РЕГАР-ТАДАЗ» – «ИСТАРАВШАН». Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург».

Бозии мавқуфгузоштаи даври 15-ум
13-уми ноябр (чоршанбе)
Оғози бозӣ – соати 14.00

ССКА «ПОМИР» – «ИСТИҚЛОЛ». Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.

Даври 22-юм
17-уми ноябр (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14.00

«ИСТАРАВШАН» – «ЭНЕРГЕТИК». Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ.
«РАВШАН» – «ХАЙР». Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.
ССКА «ПОМИР» – «ПАРВОЗ».  Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.
«ХУҶАНД» – «РЕГАР-ТАДАЗ». Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».
 «ВАХШ» – «ИСТИҚЛОЛ». Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s