Тоҷикистон – Қирғизистон – 8-4


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар даври интихобии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2014 бар тими Қирғизистон бо ҳисоби бузурги 8-4 пирӯз шуд.

Ин бозии сабқати гурӯҳи “А” шоми 5-уми ноябр  дар маҷмааи варзишии “Узбакистон”-и шаҳри Тошканд поён ёфт. Панҷ голи мунтахаби Тоҷикистонро Хуршед Маҳмудов, капитани «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, зад. 

Қирғизистон – Тоҷикистон – 4:8
Голҳо: Алишер Улмасов, 11 (0:1). Шерзод Ҷумъаев, 15 (0:2). Хуршед Маҳмудов, 16 (0:3). Хуршед Маҳмудов, 18 (0:4). Нурҷон Ҷетибоев, 25 (1:4). Нурҷон Ҷетибоев, 35 (2:4). Дилшод Қодиров, 31 (3:4). Алишер Улмасов, 36 (3:5). Хуршед Маҳмудов, 37 (3:6). Хуршед Маҳмудов, 38 (3:7). Хуршед Маҳмудов, 40 (3:8). Михаил Сундеев, 40 (4:8).

Дар бозии дигари ин гурӯҳ дастаҳои мунтахаби Узбакистон бар дастаи Туркманистон бо ҳисоби бузурги 10-1 ғалаба кард.

Мунтахаби Тоҷикистон 6-уми ноябр бо мунтахаби Узбакистон ва 7-уми ноябр бо дастаи Туркманистон бозӣ мекунад. Аз ин гурӯҳ се даста ба марҳалаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2014 роҳхат мегиранд.

Дамир Камолиддинов, сармураббии дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон, пеш аз оғози сабқати интихобӣ ба радиои Озодӣ гуфт,«мақсади мо ба даст овардани роҳхат ба марҳалаи ниҳоии мусобиқот мебошад ва мо тамоми қувваамонро баҳри иҷрои ин вазифа равона мекунем.»
Ёдовар мешавем, ки марҳалаи ниҳоии мусобиқоти соли гузашта дар Имороти Муттаҳидаи Араб бо пирӯзии мунтахаби Ҷопон анҷом ёфта буд.

Тақвими бозиҳои интихобии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2014 оид ба футзал дар гурӯҳи «А» (Минтақаи Осиёи Марказӣ):

Даври 1-ум
5-уми ноябр (сешанбе)

16:00 – Қирғизистон – Тоҷикистон – 4-8
19:00 – Узбакистон – Туркманистон – 10-1

Даври 2-юм
6-уми ноябр (чоршанбе)

16:00 – Туркманистон – Қирғизистон
19:00 – Тоҷикистон – Узбакистон

Даври 3-юм
7-уми ноябр (панҷшанбе)

16:00 – Тоҷикистон – Туркманистон
19:00 – Узбакистон – Қирғизистон.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s