Легионери эронӣ “беҳтарин футболбоз” эътироф шуд


Барои нахустин бор беҳтарин бозигари мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ як легионер эътироф гардид.

Ҳусейни Суҳробии эронӣ, бозигари дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар мусобиқоти имсола 11 гол задааст, беҳтарин зарбазан дониста шуд. Хабар медиҳад торнамои Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ҷои дуюм насиби Дилшод Восиев, бозигари дигари «Истиқлол» шуд, ки ба дарвозаи ҳариф 10 туб ворид кардааст. Ҳасан Рустамов аз клуби «Равшан» ва Александр Кудряшов аз бошгоҳи голӣ дар зинаи баъдиянд.

Беҳтарин зарбазанҳои мусобиқоти Тоҷикистон (1992-2013):

1992 – Умед Алидодов («Помир», Душанбе) – 11 гол.
1993 – Холмурод Зардов («Помир», Душанбе) – 30 гол.
1994 – Давлат Содиқов («Ҳулбук», Восеъ) – 26 туб.
1995 – Зокир Бердиқулов («Истаравшан») – 42 туб.
1996 – Муҳиддин Иззатуллоев («Равшан», Кӯлоб) – 35 туб.
1997 – Рустам Усмонов («Вахш», Қӯрғонтеппа) – 21 туб.
1998 – Назиршо Ризомов («Саддом», Сарбанд) – 25 туб.
1999 – Ораз Назаров («Варзоб», Душанбе) – 27 туб.
2000 – Мансур Ҳакимов («Хуҷанд», Хуҷанд) – 28 туб.
2001 – Пирмурод Бурҳонов («Регар-ТадАЗ», Турсунзода) – 20 туб.
2002 – Ҷомихон Муҳиддинов («Хуҷанд», Хуҷанд) – 29 туб.
2003 – Осим Бобоев («Регар-ТадАЗ», Турсунзода) – 38 туб.
2004 – Суҳроб Ҳамидов («Регар-ТадАЗ», Турсунзода) – 33 туб.
2005 – Аҳтам Ҳамроқулов («Вахш», Қӯрғонтеппа) – 12 туб.
2006 – Фозил Сатторов («Тоҷиктелеком», Қӯрғонтеппа) – 20 туб.
2007 – Суҳроб Ҳамидов («Хима», Душанбе) – 21 туб.
2008 – Нуъмон Ҳакимов («Парвоз», Бобоҷон Ғафуров) – 30 туб.
2009 – Нуъмон Хакимов («Вахш», Курган-Тюбе) – 15 туб.
2010 – Юсуф Рабиев («Истиқлол», Душанбе) – 30 туб.
2011 – Юсуф Рабиев («Истиқлол», Душанбе) – 32 туб.
2012 – Дилшод Восиев («Истиқлол», Душанбе) – 24 туб.
2013 – Ҳусейни Суҳробӣ («Истиқлол», Душанбе) – 11 туб.

Озодагон

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s