Лигаи аввал: Пирӯзии мизбонон дар бозиҳои аввали нимфиналӣ


Рӯзи 11-уми ноябр бозиҳои аввали нимфиналии марҳалаи ниҳоии мусобиқоти лигаи якуми футболи Тоҷикистон баргузор шуданд. 

Дастаи “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ дар майдони худ бар тими “Далерон-Ӯротеппа”-и шаҳри Истравашан боҳисоби 2-1 ғалаба кард. Беҳрӯз Сангинов, бозигари меҳмонон, дар дақиқаи 4-ум ҳисбро боз намуд. Баъди 4 дақиқа Хуршед Ямоқов, бозигари мизбонон, ҳисобро баробар кард. Дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 52-юм ҳамлагар Ҷонибек Ғафффоров голи дувум ва ҳалкунандаи  “Саройкамар”-ро ба ҳадаф расонд.

Ба иттилои Владимир Домуллоҷонов, нозири ин бозӣ, ду нафар – Беҳзод Мӯсоев аз дастаи “Далерон-Ӯротеппа” ва Иброҳим Мӯҳтоҷзода аз дастаи “Саройкамар” барои корти дувуми зард аз майдон хориҷ шуданд.

Дар бозии дувум дастаи “Эсхата”-и шаҳри Хуҷанд бар тими меҳмон  – “Кӯктош+С”-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 1-0 ғолиб омад. Голи ягонароСаидҷон Шарифов дар дақиқаи 5-уми бозӣ ба самар расонд. Дар ин бора ба радиои Озодӣ Аҳлиддин Юнусов, мудири шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи вилояти Суғд, хабардод.

Бозиҳои ҷавобии ин дастаҳо рӯзи шанбеи 16-уми ноябр баргузор мешаванд. Бар асоси дастури мусобиқот ду дастаи беҳтарини лигаи якум ба лигаи олӣ роҳхат мегиранд.

Бозиҳои ҷавобӣ – 16-уми ноябр (шанбе) – соати 13:30
Бозии 3-юм – “Далерон-Ӯротеппа” – “Саройкамар”
Бозии 4-ум – “Кӯктош+С” –  “Эсхата”
Бозӣ барои ҷойи 3-юм – 20-уми ноябр (чоршанбе) – соати 14:00
Бозии 5-ум – мағлуби бозии 3-юм – мағлуби бозии 4-ум
Бозӣ барои ҷойи 1-ум – 20-уми ноябр (чоршанбе) – соати 14:00
Бозии 6-ум – ғолиби бозии 3-юм – ғолиби бозии 4-ум
Бозии ҷавобӣ – 24-уми ноябр (якшанбе) – соати 13:30

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s