“Равшан” дар як қадам аз қаҳрамонӣ дармонд


“Равшан”-и Кӯлоб метавонист алакай имрӯз унвони нави қаҳрамонии футболи Тоҷикистонро “бишӯяд”, вале мусовӣ бо “Регар-ТадАЗ” пӯшидани ҷомаи қаҳрамониро ба ин тим дастикам то даври баъдии мусобиқа ба таъхир гузошт.

Рӯзи 10-уми ноябр боз ду бозии даври 20-уми мусобиқоти лигаи олии қаҳрамонии футболи Тоҷикистон доир шуд. Бозии байни дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Регар-ТадАЗ” дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом ёфт. “Равшан” мавқеъаш дар садри ҷадвали мусобиқаро тақвият дод, вале алорағми интизороти мухлисони сершумораш натавонист унвони дувуми қаҳрамониашро дар ҳамин рӯз расмӣ кунад. Дар сурати пирӯзӣ бар “Регар”  тими Кӯлоб метавонист ба 44 имтиёз даст ёфта, дигар барои рақиби асосиаш – “Истиқлол”-и Душанбе дастнорас шавад. 

Вале бо вуҷуди ин мусовӣ “Равшан” нисбат ба “Истиқлол” 5 имтиёз бештар дорад ва бо дарёфти ҳамагӣ ду имтиёзи дигар дар ду бозии боқимондаи мусобиқоти имсола метавонад барои бори дувум дар ду соли охир соҳиби унвони пурифтихори қаҳрамони футболи Тоҷикистон шавад.

“Равшан”, ки дар мусобиқоти имсола то имрӯз ягон бор мағлуб нашудааст, дар даври 21-ум рӯзи 13-уми ноябр дар Душанбе бо “Энергетик” ва рӯзи 17-уми ноябр дар даври ниҳоӣ ва 22-юм дар майдони худ бо “Хайр”-и Ваҳдат вориди рақобат мешавад.  “Истиқлол”, ки ҳанӯз шонси андаки мубориза барои нишонҳои тиллоро ҳифз кардааст, рӯзи 13-уми ноябр бозии аз даври 15-ум мавқуфмондааш дар меҳмонӣ бо ССКА “Помир”-ро доир карда, рӯзи 17-уми ноябр дар даври ниҳоӣ дар Қӯрғонтеппа ба дидори “Вахш” хоҳад рафт.

“Регар” бо 27 имтиёз ҳамчунон муборизаро барои нишонҳои биринҷии мусобиқоти имсола бо “Хайр”-и Ваҳдат идома медиҳад, вале бо он ки то поёни мусобиқоти лигаи олӣ ҳамагӣ ду даври дигар мондааст, “Регар” аз “Хайр” 5 имтиёз камтар дорад ва имкони расиданаш ба мақоми сеюм ва нишонҳои биринҷиро низ шореҳони футбол хеле ночиз баровард мекунанд.

Бозии дувуми даври 20-ум рӯзи якшанбеи 10-уми ноябр миёни дастаҳои «Хуҷанд» ва  ССКА “Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт. Голи аввалиро дар ин бозӣ Бенҷамин Аманква, легионери ғанагии “Хуҷанд”, дар дақиқаи 36-ум зад. Голи дувумро дар дақиқаи 80-ум Ҷомихон Муҳиддинов ба самар расонд. “Хуҷанд” баъди ин пирӯзӣ бо 20 имтиёз дар ҷадвал аз тими “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров пеш гузашт ва ҳоло дар мақоми 5-ум қарор дорад.

Ёдовар мешавем, рӯзи 8-уми ноябр ду бозии дигари даври 20-ум доир шуда буд. Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бар тими меҳмон – “Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Ҷозеф Боатенг, легионери африқоии “Вахш” аз Гана, дар дақиқаи аввали бозӣ ҳисобро кушод. Голи дувуми мизбононро Наврӯз Рустамов дар дақиқаи 80-ум ба ҳадаф расонд. Капитани “Энергетик” Сафархон Мирзоев барои бо даст задани рақибаш дар дақиқаи 81-ум аз майдон хориҷ шуд.

Дар бозии дигар дастаи «Истаравшан»-и Истаравшан дар майдони худ аз тими  «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд. Голҳои “Парвоз”-ро Илҳом Мирзоев дар дақиқаи 42-юм, Комрони Мирзохон(дақиқаи 45-ум) ва Шоҳрух Раҷабмадов (дақиқаи 90+5) заданд. Ду голи “Истаравшан”-ро Руслан Раҳматов (дақиқаи 90-ум) ва Сӯҳроб Эгамбердиев (дақиқаи 58-ум) ба самар расонданд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Тӯбҳо И
1. «Равшан» 16 13 3 0 25-5 42
2. «Истиқлол» 16 12 1 3 43-8 37
3. «Хайр» 16 9 5 2 26-14 32
4. «Регар-ТадАЗ» 16 8 3 5 21-17 27
5. «Хуҷанд» 16 5 5 6 16-18 20
6. «Парвоз» 16 4 6 6 14-28 18
7. «Энергетик» 16 4 4 8 13-21 16
8. «Вахш» 16 4 3 9 11-16 15
9. ССКА «Помир» 16 2 4 10 10-23 10
10. «Истаравшан» 16 1 2 13 11-40 5

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҳусейни Сӯҳробӣ (”Истиқлол” / “Хайр”) – 11 тӯб, Дилшод Восиев (“Истиқлол”) – 10 тӯб, Ҳасан Рустамов (“Равшан”) – 7 тӯб, Александр Кудряшов (“Истиқлол”) ва Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) – 6-тӯбӣ, Ҷаҳонгир Эргашев (“Истиқлол”) ва Соломон Течи («Равшан») – 5-тӯбӣ.

Бозиҳои боқимондаи мусобиқоти лигаи олӣ

Даври 21-ум
13-уми ноябр (чоршанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14.00

«ЭНЕРГЕТИК» – «РАВШАН».  Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор».
«ХАЙР» – «ВАХШ». Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр».
«ПАРВОЗ» – «ХУҶАНД». Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ».
«РЕГАР-ТАДАЗ» – «ИСТАРАВШАН». Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург».

Бозии мавқуфгузоштаи даври 15-ум
13-уми ноябр (чоршанбе)
Оғози бозӣ – соати 14.00

ССКА «ПОМИР» – «ИСТИҚЛОЛ». Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.

Даври 22-юм
17-уми ноябр (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14.00

«ИСТАРАВШАН» – «ЭНЕРГЕТИК». Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ.
«РАВШАН» – «ХАЙР». Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.
ССКА «ПОМИР» – «ПАРВОЗ».  Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.
«ХУҶАНД» – «РЕГАР-ТАДАЗ». Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».
 «ВАХШ» – «ИСТИҚЛОЛ». Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s