«Хайр» барандаи медалҳои биринҷӣ шуд


Дастаи «Хайр»-и Ваҳдат барои аввалин бор барандаи медалҳои биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон гардид.

Барои ҷойи севум «Хайр» ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода талош доштанд. Барои “Хайр” кофӣ буд, ки бозии охиринашро рӯзи якшанбе, 17-уми ноябр, дар Кӯлоб бо «Равшан» мусовӣ, бо ҳисоби 0-0 анҷом диҳад. Ин дар ҳоле буд, ки “Равшан” алакай, сарфи назар аз натиҷаи бозиҳои даври охирин ба медалҳои тилло ва унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфта буд ва бозии охиринаш бо “Хайр” барои ин даста аҳамияти зиёде надошт. 

Дастаи “Регар-ТадАЗ” рӯзи якшанбе дар бозии охиринаш дар даври ниҳоии мусобиқот дар меҳмонӣ бар “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо ҳисоби бузурги 3-0 ғалаба кард, вале бо вуҷуди он ки се имтиёз ба даст овард, мавқеаш дар ҷадвал (ҷойи чорум) тағйир наёфт.

Шоми якшанбе, инчунин, се бозии дигари даври ниҳоии мусобиқот поён ёфт. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки пешакӣ медалҳои нуқраи мусобиқотро соҳиб шудааст, дар бозии охиринаш дар Қӯрғонтеппа бар тими “Вахш” бо ҳисоби 1-0 ғолиб омад. Дарвоқеъ, ҳамлагари “Истиқлол”Ҳусейни Сӯҳробӣ, легионери эронӣ, бо 11 гол беҳтарин нишонзани мусобиқоти имсолаи лигаи олии футболи Тоҷикистон гардид.

Бояд гуфт, ки “Истиқлол” ҳамчун барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2013 ва қаҳрамони ҷадиди кишвар – “Равшан” – соли оянда дар Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) ширкат хоҳанд кард.

Дар ду бозии дигари даври охирини мусобиқот “Истаравшан”-и Истаравшан дар майдони худ бар “Энергетик”-и Душанбе бо ҳисоби 1-0 пирӯз шуд. Бозии охирини ССКА “Помир”-и Душанбе бо тими меҳмон – “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров бидуни гол хотима ёфт. Вале натоиҷи ин бозиҳо мавқеи дастаҳоеро, ки дар зинаҳои охири ҷадвал ҷойгир шуданд, тағйир надод.

Раҳмон Муртазоев

Дарвоқеъ, сардовари бозии ССКА “Помир” – “Парвоз” довари пуртаҷриба Раҳмон Муртазоеви душанбегӣ буд ва ба ӯ дар ин бозӣ фарзандонаш – Парвиз, Беҳрӯз ва Некрӯз кӯмак карданд. Ин бозӣ барои Раҳмон Муртазоев ба ҳайси ҳакам охирин бозӣ ба шумор мерафт. ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) ба федератсияҳои миллӣ тавсия додааст, ки барои доварӣ ба бозиҳо ҳакамони синнашон то 45-сола роҳ дода шаванд.
Раҳмон Муртазоев, ки бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистонро миёни дастаҳои лигаи олӣ аз соли 1992 доварӣ мекунад, ду соли ахир беҳтарин довари кишвар эълон шуда буд.

Натоиҷи бозиҳои даври 22-юм
17-уми ноябр (якшанбе)

«Истаравшан» – «Энергетик» – 1-0.
Гол: Илҳом Баротов, 7.
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ.

«Равшан» – «Хайр» – 0-0.
Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).
Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.

ССКА «Помир» – «Парвоз» – 0-0.
Сардовар: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).
Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.

«Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ» – 0-3.
Голҳо: Аҳтам Ҳамроқулов, 26 ва 90+3, Хуршед Маҳмудов, 45+1.
Сардовар: Баҳром Сайдуллоев (Қӯрғонтеппа).
Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».

 «Вахш» – «Истиқлол» – 0-1.
Гол: Иброҳим Рабимов, 68.
Сардовар: Комилҷон Қурбонов (Турсунзода).
Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Тӯбҳо И
1. «Равшан» 18 14 4 0 26-5 46
2. «Истиқлол» 18 14 1 3 47-8 43
3. «Хайр» 18 9 7 2 26-14 34
4. «Регар-ТадАЗ» 18 10 3 5 26-18 33
5. «Хуҷанд» 18 6 5 7 17-21 23
6. «Парвоз» 18 4 7 7 14-29 19
7. «Вахш» 18 4 4 10 11-17 16
8. «Энергетик» 18 4 4 10 13-23 16
9. ССКА «Помир» 18 2 5 11 10-26 11
10. «Истаравшан» 18 2 2 14 13-42 8

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҳусейни Сӯҳробӣ (“Хайр” / ”Истиқлол”) – 11 тӯб, Дилшод Восиев (“Истиқлол”) – 10 тӯб, Ҳасан Рустамов (“Равшан”) ва Александр Кудряшов (“Истиқлол”) – 7-тӯбӣ.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s