Ҳусейни Сӯҳробӣ: “Тоҷикистонро дар Ҷоми ҷаҳон бубинем”


Ҳусейни Сӯҳробӣ, легионер аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, бо 11 гол беҳтарин нишонзани мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон гардид. 

Ҳусейни Сӯҳробӣ, ки дар давраи аввали мусобиқот дар ҳайати дастаи “Хайр”-и Ваҳдат бозӣ мекард, ба дарвозаи рақибонаш 7 гол задааст. Ӯ дар давраи дуввуми мусобиқот дар ҳайати дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ҳанарнамоӣ карда, чор гол ба самар расондааст. Дарвоқеъ, барои аввалин бор дар таърихи футболи тоҷик легионер ё бозигари хориҷӣ беҳтарин нишонзани мусобиқоти қаҳрамонии кишвар гардидааст. Ӯ дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Озодӣ аз таассуроташ дар бораи Тоҷикистон ва бозиҳои лигаи олии футболи ин кишвар ҳарф зад. 

Сӯҳробӣ: “Ман 24-солаам. Қаблан дар бошгоҳи футболи “Нафт”-и Эрон бозӣ мекардам. Баъд ба Тоҷикистон омадам барои футбол. Дар дастаи “Хайр”-и Ваҳдат бозӣ мекардам, баъди анҷоми давраи аввали мусобиқот бо даъвати раиси клуби футболи “Истиқлол” ба Душанбе омадам. “Истиқлол” дастаи хеле хуб, ҳирфаӣ ва футболи бисёр олӣ бозӣ мекунад.”

Озодӣ: Таассуроти Шумо аз Тоҷикистон ва мусобиқоти қаҳрамонии ин кишвар чӣ гуна аст?

Сӯҳробӣ: “Ман Тоҷикистонро бисёр дӯст медорам, ба хотири он ки мардумаш форсизабонанд, ба форсӣ сӯҳбат мекунанд, ба фарҳанги Эрон хеле наздиканд. Аз назари футбол ҳам Тоҷикистон  дар ҳоли пешрафт аст, нисбат ба порсол хеле пеш рафтааст. Ва ҳамин пешрафташро идома бидиҳад, иншоаллоҳ дар оянда ба сафи тимҳои қудратманди Осиё дохил мешавад. Ман хеле хушҳолам, ки алъон дар тими “Истиқлол” бозӣ мекунам, дар футболи тоҷик бозӣ мекунам. Умедворам, ки битавонам дар ин ҷо муваффақ бошам.”

Озодӣ: Маълум аст, ки футбол дар Эрон бештар рушд кардааст. Далели ин соҳиби роҳхат шудани тими миллии Эрон ба Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 дар Бразилия мебошад. Шумо чӣ тафовуте мебинед миёни Эрону Тоҷикистон дар риштаи футбол?

Сӯҳробӣ: “Бале, Эрон дар риштаи футбол хеле пешрафт кардааст. Дар 4-5 соли ахир бисёр мураббиёни бо маълумоти бузургро аз Олмон, Сербистон ва Португол даъват карданд, ки онҳо омаданд ба Эрон ва илми футболро густарда карданд ва футболистони Эронро ба ҷойгоҳи баланд расонданд. Тоҷикистон ҳам метавонад бо овардани мураббиёни бо маълумот илми футболро дар Тоҷикистон ривоҷ бидиҳад ва оянда Тоҷикистонро дар Ҷоми ҷаҳонии футбол бубинем. Футболистони тоҷик аз назари физикӣ ҳеҷ мушкиле надоранд, агар мураббиёни бо илм ворид кунанд, онҳоро хубтар омода месозанд.”

Озодӣ: Оё он моҳона ё маоше, ки дар бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон мегиред, Шуморо қаноатманд мекунад?

Сӯҳробӣ: “Алҳамдуллилоҳ, шукри Худо, мешавад барои мо. Бо президенти клуб маслиҳат кардем ва дар сурати пешрафти клуб маош ҳам пешрафт мекунад. Аз ин бобат мушкиле нест. Ман муташаккир ва мамнун ҳастам аз президенти клуби “Истиқлол” Шоҳрух Саидов, ки ин фурсатро ба ман доданд.”

Озодӣ: Агар махфӣ набошад, Шумо ин ҷо чӣ қадар маош мегиред?

Сӯҳробӣ: “Дар бошгоҳи “Истиқлол” маоши ман дар моҳ 300 доллар аст.”

Озодӣ: Ҷоизапулӣ низ мегиред?

Сӯҳробӣ: “Бале. Ин ҷо барои ҳар бурд ҷоизапулӣ ҳаст. Ҳар бозӣ мукофоташ мутафовит аст. Бозиҳои бузург мукофоти бузург доранд, бозиҳои кучак – мукофоти кучак.”

Озодӣ: Шумо наздики як сол аст, ки дар Тоҷикистонед. Ба назари Шумо дар футболи тоҷик чӣ камбудиҳо мавҷуданд, ки монеъи пешрафташ мешаванд?

Сӯҳробӣ: “Дар Тоҷикистон дастаҳо бояд шароити тимиашонро дуруст бикунанд. Ибтидо заминашонро дуруст кунанд. Вазъи заминҳои футбол дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо хуб нест. Мураббиёни хуб биёранд, ки барои пешрафти футбол дар Тоҷикистон хидмат кунанд. Маҳорати тактикиву техникии футболистонро боло баранд. Баъдан шароити футболистонро хуб кунанд. Маошашонро саривақт бидиҳанд. Он вақт дар ояндаи наздик футболи тоҷик пешрафт хоҳад кард.”

Озодӣ: Оё Шумо издивоҷ кардаед?

Сӯҳробӣ: “На, ман издивоҷ накардаам. Танҳо ҳастам.”

Озодӣ: Ба ҷуз футбол ягон касби дигар доред?

Сӯҳробӣ: “Ман дар Эрон дарси тарбияти баданӣ медодам.”

Нишонзанҳои беҳтарини чемпионатҳои Тоҷикистон (1992-2013):
1992 – Умед Алидодов («Помир», Душанбе) – 11 тӯб.
1993 – Холмурод Зардов («Помир», Душанбе) – 30 тӯб.
1994 – Давлат Содиқов («Ҳулбук», Восеъ) – 26 тӯб.
1995 – Зокир Бердиқулов («Истаравшан») – 42 тӯб.
1996 – Муҳиддин Иззатуллоев («Равшан», Кӯлоб) – 35 тӯб.
1997 – Рустам Усманов («Вахш», Қӯрғонтеппа) – 21 тӯб.
1998 – Назиршо Ризомов («Саддам», Сарбанд) – 25 тӯб.
1999 – Ораз Назаров («Варзоб», Душанбе) – 27 тӯб.
2000 – Мансур Ҳакимов («Хуҷанд», Хуҷанд) – 28 тӯб.
2001 – Пирмурод Бурҳонов («Регар-ТадАЗ», Турсунзода) – 20 тӯб.
2002 – Ҷомихон Муҳиддинов («Хуҷанд», Хуҷанд) – 29 тӯб.
2003 – Осим Бобоев («Регар-ТадАЗ», Турсунзода) – 38 тӯб.
2004 – Сӯҳроб Ҳамидов («Регар-ТадАЗ», Турсунзода) – 33 тӯб.
2005 – Аҳтам Ҳамроқулов («Вахш», Қӯрғонтеппа) – 12 тӯб.
2006 – Фозил Сатторов («Тоҷиктелеком», Қӯрғонтеппа) – 20 тӯб.
2007 – Сӯҳроб Ҳамидов («Хима», Душанбе) – 21 тӯб.
2008 – Нуъмонҷон Хакимов («Парвоз», Бобоҷон Ғафуров) – 30 тӯб.
2009 – Нӯъмон Ҳакимов («Вахш», Қӯрғонтеппа) – 15 тӯб.
2010 – Юсуф Рабиев («Истиқлол», Душанбе) – 30 тӯб.
2011 – Юсуф Рабиев («Истиқлол», Душанбе) – 32 тӯб.
2012 – Дилшод Восиев («Истиқлол», Душанбе) – 24 тӯб.
2013 – Ҳусейни Сӯҳробӣ («Истиқлол», Душанбе) – 11 тӯб.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s