М. Ҳабибуллоев – сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон


Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, собиқ сармураббии«Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, сармураббии мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) таъин шуд. 

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев. 

Маъруф Рустамов, сармураббии «Равшан»-и Кӯлоб ва Алишер Ҳакбердиев, мураббии калони «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ба ситоди мураббиёни мунтахаби ҷавонони кишвар дохил шуданд. Аслиддин Ҳабибуллоев, мураббии калони «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, мураббии дарвозабонҳо таъин гардид. 

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо раҳбарии Маҳмадҷон Ҳабибуллоев дар Ҷоми Иттиҳод, ки аз 23-юми январ то 3-юми феврали соли оянда дар Санкт-Петербург барпо мегардад, ширкат хоҳад кард. Мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба ин мусобиқа 20-уми декабр дар Душанбе шурӯъ хоҳад кард. Давраи дувуми омодагиҳо ба Ҷоми Иттиҳод-2014 аз 2-юм то 10-уми январ баргузор мешавад. Давраи севум ва охирини омодагӣ дар Анталияи Туркия дар назар аст.

Бояд гуфт, ки мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) соли оянда, инчунин, дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё ширкат хоҳад кард.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s