Раиси ФИФА «Равшан»-ро бо пирӯзиаш табрик кардааст


Йозеф Блаттер, раиси Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА), дар як номаи худ ба унвони Федератсияи футболи Тоҷикистон дастаи «Равшан»-и Кӯлобро бо пирӯзиаш дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон табрик кардааст.

 
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон дар номаи Блаттер, аз ҷумла, омадааст: «Раиси мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ!  Лутфан, табрикоти гарму ҷӯшони маро ба клуби футболи «Равшан»-и Кӯлоб бинобар ғалабаи дувумаш дар чемпионати Тоҷикистон, инчунин, бе бохт ба анҷом расондани мавсим бирасонед. 
Ҳамчунин таманниёти самимонаи маро ба ҳамаи бозигарон, мураббиён, менеҷер, кормандони техникиву тиббӣ, инчунин, ба мухлисони даста, ки бешак, дар пирӯзии бошгоҳи худ саҳми муҳим гузоштаанд, бирасонед.

Аз номи аҳли ҷомеаи футболи ҷаҳонӣ ба «Равшан»-и Кӯлоб барои бозии зебо баҳри мухлисонаш ташаккур гуфта, ба онҳо дар оянда барори кор ва муваффақият мехоҳам.»

 

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s