Чжэн Чжи – беҳтарин футболбози Осиё дар соли 2013


Беҳтаринҳои соли 2013-ум бо ҷоизаҳои Конфедератсиюни футболи Осиё мукофотонида шуданд.

Чжэн Чжи – беҳтарин футболбози Осиё дар соли 2013.

Маросими мукофотсупорӣ рӯзи 27-уми ноябр дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур баргузор шуд. 

Чжэн Чжи, ҳимоятгари 33-солаи бошгоҳи футболи «Гуанҷоу Эвергранд»-и Чин беҳтарин бозигари Осиё дар соли 2013-ум гардид. Рақибони ӯ ҳамлагари бошгоҳи «Истиқлол»-и Эрон Ҷавод Некӯном ва нимҳимоятгари тими «Сеул»-и Кореяи Ҷанубӣ Ха Дэ Сун буданд.

Конфедератсиюни футболи Осиё, инчунин, беҳтаринҳоро аз рӯи дигар номинатсияҳо бо ҷоизаҳо сарфароз гардонд.

Лауреатҳои футболи Осиё дар соли 2013:
Алмоси Осиё – Доктор Чонг Монг-Ҷун (Кореяи Ҷанубӣ)
Орзуи Осиё – Федератсияи футболи Мянмар.
Ҷоизаи Fair рlay  Ассотсиатсияи футболи Чин.
Беҳтарин бошгоҳ – «Гуанҷоу Эвергранд» (Чин).
Беҳтарин дастаи футзал – «Чонбури Блювейв» (Тайланд).
Беҳтарин дастаи мунтахаб (занон) – Кореяи Ҷанубӣ (U-19).
Беҳтарин дастаи мунтахаб (мардон) – Ироқ (U-20).
Беҳтарин ёвари довар (занон) – Элисон Фланн (Австралия).
Беҳтарин ёвари довар (мардон) – Наги Тошиюки (Ҷопон).
Беҳтарин довар (занон) – Ямагиши Сачико (Ҷопон).
Беҳтарин довар (мардон)  – Бенҷамин Уилямс (Австралия).
Беҳтарин мураббӣ (занон) – Такемото Асако (Ҷопон).
Беҳтарин мураббӣ (мардон) – Чхой Ён Со (Кореяи Ҷанубӣ).
Беҳтарин бозигари футзал – Сафашут Туекланг (Тайланд).
Беҳтарин футболбози ҷавон (занон) – Янг Сел-Ги (Кореяи Ҷанубӣ).
Беҳтарин футболбози ҷавон (мардон) – Алӣ Аднан Кадҳим (Ироқ).
Беҳтарин бозигари Осиё, ки дар қитъаи дигар бозӣ мекунад – Юто Нагамато (Ҷопон), «Интер» (Италия).
Беҳтарин легионер, ки дар қитъаи Осиё бозӣ мекунад – Луис Гилерме Да Консейсао Силва (Бразилия), «Гуанҷоу» (Чин).
Беҳтарин футболбоззан – Ая Мияма (Ҷопон).
Беҳтарин футболбоз – Чжен Чжи (Чин).

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s