Гурӯҳбандии Ҷоми ҷаҳонии 2014 дар Бразил


Маросими қуръакашии бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии 2014-Бразил, рӯзи гузашта баргузор шуд. 

Маросими қуръакашии гурӯҳбандии Ҷоми ҷаҳонии 2014-Бразил бо ҳузури намояндагони кишварҳои ширкаткунад ва ҳамчунин теъдоде аз бозикунони машҳури ҷаҳон анҷом шуд. 32 дастаи ҳозир дар ин рақобатҳо ба 8 гурӯҳ 4 тими тақсим шуда ва бо ҳам рақобат мекунанд. 
Раддабандии ин рақобатҳо ба тартиби зерин аст:

Гурӯҳи А: Бразил-Камерун-Мексика-Хорватия
Гурӯҳи B: Испания-Чилӣ-Австралия-Ҳоланд
Гурӯҳи C: Колумбия-Соҳили Оҷ-Ҷопон-Юнон
Гурӯҳи D: Уругвай-Италия-Костарика-Бритониё
Гурӯҳи E: Шведсария-Эквадор-Гондурас-Фаронса
Гурӯҳи F: Аргентина-Нигерия-Эрон-Босния
Гурӯҳи G: Олмон-Ғана-Амрико-Португалия
Гурӯҳи Н: Белгия-Алҷазоир-Кореяи ҷанубӣ-Русия

Коршиносони соҳаи футбол гурӯҳи чаҳорумро, ки дар он Уругвай, Коста-Рико, Италия ва Бритониё шомил мебошанд, яке аз сахтарин гурӯҳҳо медонанд. Гурӯҳи ҳаштумро, ки дар он Белгия, Алҷазоир, Кореяи ҷанубӣ ва Русия ба ҳам рақобат мекунанд, гурӯҳи аз ҳама осон ва ё содда мехонанд.

Бозии ифтитоҳии Ҷоми ҷаҳонӣ дар таърихи 12-уми июн дар шаҳри Сао-Пауло миёни дастаҳои Бразил ва Хорватия баргузор мешавад ва бозии ниҳоӣ рӯзи 13-уми июл дар шаҳри Рио де Ҷанейро баргузор хоҳад шуд. Ин барои бори дувум аст, ки кишвари Бразил Ҷоми ҷаҳонии футболро мизбонӣ мекунад. Мусобиқот дар дувоздаҳ шаҳри ин кишвар баргузор мешаванд.

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s