Уик Энди Аврупо


Уик-энди гузашта пур аз бозиҳои ҷолибу триллерӣ дар саҳнаҳои бузурги Аврупо буд.

 

Дар Испания Неймар аз уҳдаи вазифаи Мессӣ баромада истодааст. Дар бозии ахирӣ маҳз ду голи ситораи ҷавони брозилиягӣ барои Барселона ғалабаи навбатӣ, ин бор бар Вилярреалро бо ҳисоби 2:1 овард. Вале Барселона ҳамоно ҷойи аввалро бо Мадрид бо ҳам мебинад. На, на, на бо Реал, балки бо Атлетико, ки дар ин давр ба дарвозаи Валенсия се голи посух зад. Диего Коста бо ду го дар ин бозӣ дар сабқати муҳоҷимон бо Криштиану Роналду бо 17 голӣ баробар шуд. Ҳузури Криштиану Роналду дар бозии дастааш бо Осасуна кам нафъе дошт ва Реал Мадрид ин бозиро 2:2 мусовӣ анҷом дода, аз пешсафон акнун панҷ хол аҷиб аст. Дар ҷойи чаҳоруми Ла Лига Атлетик Билбао ҷойгир шудааст ва барои роҳхат ба Лигаи қаҳрамонҳо бо Вилярреал ва Реал Сосйедад даст ба гиребон мешавад.

 

Премйер Лига ин ҳафта бори дигар ҷолибтарин сабқати футболии рӯи ҷаҳон буданашро нишон дод. Даври 16-умро бозии тенниси Манчестер Ситӣ-Арсенал боз кард. Магар ин сабқат ҷолиб нест, ки пешсаф метавонад бо ҳисоби 3:6 шикаст хӯрад а? Ситӣ бачаҳои Венгерро дар ҷояшон шинонд ва ба онҳо нишон дод, ки дар бораи унвони қаҳрамонӣ фикр крадан ҳанӯз барвақт аст. Вале сарфи назар аз ин бохт Арсенал бо 35 хол дар ҷойи аввал аст ва Манчестер Ситӣ бо 32 хол дар ҷойи чаҳорум ҷойгир шудааст. Дар миёни ин ду даста Ливерпул ва Челсӣ ҷой доранд, ки бозиҳои навбатии худро бо пирӯзӣ анҷом дода, 33 имтиёзӣ ба даст овардаанд. Агар Арсенал бо бозии “олиҷаноб” даврро оғоз бахшида бошад, Ливерпул бо ҳамин гуна як бозӣ дар меҳмонӣ ба дарвозаи Тоттенҳем панҷ голи бепосух зада, даврро анҷом дод. Ду голи ин бозӣ ба номи Суарес аст. Манчестер Юнайтед дар меҳмонӣ ба дарвозаи Астон Вилла се голи бепосух зад ва ба ҷойи ҳаштум баромад.аз ӯ болотар Эввертон, Нюкасл ва Тоттенҳем мебошанд.

 

Дар Олмон мошине бо номи Бавария ҳамоно ҳамаро пахш карда, рафта истодааст. Ин бор Гамбург зери се чархи ин мошин монд. Ҳарчанд Бавария дар 16 бозӣ 14 пирӯзӣ ба даст оварда, ҳанӯз шаҳди бохтро начашидааст ва аз ҷойи дуввум ҳафт хол бештар дорда, вале Гвардиола ҳанӯз ҳам мегӯяд, Бавария ба мисли баҳор нерӯманд нест ва бояд бозияшро боз ҳам беҳтар кунад. Дар ҷойи дуввум бошад Байер Леверкузен аст, ки ин ҳафта дар майдони худ аз Айнтрахт Франкфурт дар Майн бо як гол шикаст хӯрд, вале ҷойи дуввумро нигаҳ дошт. Ин Айнтрахт бо ин пирӯзӣ худро аз майдони минкоришуда раҳо кард ва дар ҷойи 15-ум қарор дорад. Ҳар ду Боруссияҳо дар ин давр мусовӣ карда, бо 32 холӣ дар ҷойҳои сеюму чаҳорум қарор доранд.

 

Дар Итолиё Наполӣ рақиби мустақимаш барои роҳхати саввум ба Лигаи қаҳраомнҳо – Интерро бо ҳисоби 4:2 зада шикаст. Аз Наполӣ болотар Рома қарор дорад, ки ҳарчанд то ба ҳанӯз дар сабқат бохте надидааст, имрӯз рӯбарӯи Милани гизала қарор хоҳад гирифт. Милан, ки дар ҷойи 12-ум аст, бояд тамоми талошашро барои пирӯзӣ ба харҷ бидиҳад. Вале дар сурати пирӯзӣ Рома ба мубориза барои Скудетто бо Ювентус, ки шаш хол бештар аз Рома дорад, бармегардад.

One thought on “Уик Энди Аврупо

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s