Эстония – рақиби нахустини мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон


Тими миллии ҷавонони Тоҷикистон дар доираи мусобиқоти Ҷоми Иттиҳод-2014 нахустин дидорашро бо яккачини ҷавонони Эстония анҷом медиҳад. Ин бозӣ 24 январ дар варзишгоҳи “Петербургский”-и Санкт-Петербург баргузор мешавад.

Ахиран, Иттиҳоди футболи Русия ҷадвали мусобиқоти байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2014-ро нашр кард. Ин сабқат аз 24 январ то 2 феврал дар Санкт-Петербург ҷараён мегирад.

Ҷоми Иттиҳод имсол барои бори 21-ум баргузор мешавад ва дар он 12 мунтахаби ҷавонони кишварҳои пасошӯравӣ ширкат мекунанд.

Дар пайи қуръапартоӣ дастаҳо ба се гуруҳ тақсим шуданд. Яккачини Тоҷикистон ҳамроҳ бо Эстония, Қирғизистон ва Украина шомили гуруҳи “А” шуд. Дар даври дуюм, 25 январ футболбозони навраси тоҷик бо ҳамсолонашон аз Қирғизистон ва даври сеюм 27 январ, бо бозигарони Украина вориди рақобат мешавад.

Ҷадвали бозиҳои Ҷоми Иттиҳод – 2014

Гуруҳи “А”: Эстония, ТОҶИКИСТОН, Украина, Қирғизистон.

Гуруҳи “В”: Литва, Туркманистон, Русия, Молдов.

Гуруҳи “С”: Латвия, Узбакистон, Белоруссия, Қазоқистон.

24 январ (ҷумъа)
12:00 – Эстония – ТОҶИКИСТОН
14:15 – Украина – Қирғизистон
16:30 – Литва – Туркманистон
19:00 – Русия – Молдов

25 январ (шанбе)
12:00 – Латвия – Узбакистон
14:15 – Белорус – Қазоқистон
16:30 – Украина – Эстония
19:00 – Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН

26 январ (якшанбе)
12:00 – Молдов – Туркманистон
14:15 – Белорус – Латвия
16:30 – Қазоқистон – Узбакистон
19:00 – Литва – Русия

27 январ (душанбе)
12:00 – Эстония – Қирғизистон
14:15 – ТОҶИКИСТОН – Украина
16:30 – Литва – Молдов
19:00 – Русия – Туркманистон

28 январ (сешанбе)
12:00 – Латвия – Қазоқистон
14:15 – Узбакистон – Белорус

29 январ (чоршанбе)
12:00 – Чорякфинал. 1А – 3В/3С
14:15 – Чорякфинал. 2B – 2С
16:30 – Чорякфинал. 1С – 2А
19:00 – Чорякфинал. 1В – 3А/3С

30 январ (панҷшанбе)
16:30 – Бозӣ барои ҷойҳои 9-12
19:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 9-12

31 январ (ҷумъа)
12:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-8
14:15 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-8
16:30 – Нимфинал
19:00 – Нимфинал

1 феврал (шанбе)
13:00 – Бозӣ барои ҷои 11-ум
16:00 – Бозӣ барои ҷои 9-ум
19:00 – Бозӣ барои ҷои 7-ум

2 феврал (якшанбе)
13:00 – Бозӣ барои ҷои 5-ум
16:00 – Бозӣ барои ҷои 3-юм
19:00 – Финал

Соати бозиҳо ба вақти Маскав аст.

Ozodagon

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s