Хуршед ФОЗИЛОВ, ОВИ «ВС», Бознашр аз Фан-Клуби «Парвоз»

Рўзи 24-уми ноябр дар пойтахти давлати Малайзия шаҳри Куала-Лумпур ҷамъомади ҳарсолаи футболи конфедератсияи Осиё (АФК) баргузор гардид, ки дар он ҷо аз рўи чанд унвон дар қатори «Футболбози беҳтарин», «Мураббии беҳтарин» …., инчунин «Довари беҳтарин» ғолибон муайян шуданд. Лекин муттасифона кишвари моро дар он ҷо ягон нафаре муаррифӣ накард.

Барои довари беҳтаринро муайян кардан бояд чунин шартҳо зарур буд: номзад мебоист дар ҳисоби худ на камтар аз 5 бозиҳои интихобии Чемпионати Ҷаҳон 2010, Ҷоми Осиёро дошта бошад ва инчунин Лигаи чемпионҳо ва Ҷоми АФК-ро ҳадди ақал як бозиашро доварӣ карда бошад.

Имрўзҳо гарчанде сатҳи футболи тоҷик оҳиста – оҳиста рушд ёфта истода бошад ҳам, вале камбудиҳои ҷиддӣ ҳоло ҳам ба чашм мерасанд. Яке аз онҳо – ангуштшумор будани доварони сатҳи байналмиллалӣ. Ин ҷо мо сабаби асосии ин ҳолати ногуворро мехоҳем матраҳ намоем. Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол, ки дар байни ҷавонони то синни 17 сола баргузор гардид, яке аз бозиҳоро – аниқтараш бозии Нигерия – Испанияро (3-1) ҳайати доварон аз давлати Ўзбакистон доварӣ намуданд.

Мутаасифона, мо доварони худро дар майдонҳои калон, мусобиқаҳои қитъавӣ ва ҷаҳонӣ кам мебинем. Чаро онҳо бозиҳои ҳалкунандаро доварӣ намекунанд ва аксаран нақши ёрдамчиёни сардоварро иҷро менамоянд?

Пас аз соҳибистиқлолии кишвар 6 доварони сатҳи ФИФА, ки ҳоло мустаъфианд, инчунин айни ҳол 10 довари фаъоли дараҷаи ФИФА дорем ки инҳо: Диловаршоҳ Орзуев, Рустам Холов, Сафармаҳмад Шоймардонов ва Хуршед Додобоев, доварони майдон, Сафар Шоҳимардонов Алишер Қараев, Баҳром Саидуллоев, Дилшод Назипов, Қурбон Каримов ва Шўҳрат Қурбонов ёрдамчиён ҳастанд.

Саволе ҷавоб мехоҳад, ки чаро ҳамин доварони мо сазовори унвони довари беҳтарини Осиё ё ҷаҳон намегарданд? Сабаб дар чист? Чӣ камбудӣ доранд, чӣ ба онҳо намерасад?

Равшан Ирматов довари дараҷаи ФИФА, ки аз Ўзбакистон аст, Чемпионати ҷаҳонро низ дар байни ҷавонони то синни 17 сола маҳз ў кушод. Инчунин Равшан Ирматов маротибаи дуввум унвони довари беҳтарини Осиёро соҳиб гардид.

Ба саволи чаро доварони тоҷик дар мусобиқоти байналмиллалӣ намебароянд ё умуман хеле кам доварӣ мекунанд, Раҳмон Муртазоев собиқадор ва довари дараҷаи ФИФА, сабаби инро дар хуб надонистани забони хориҷӣ арзёбӣ намуд. Баъзе доварон кам будани ҳаққи корро низ яке аз сабабҳои маъмул набудани касби доварӣ мешуморанд. Доварони тоҷик дар бозиҳои дохилии кишвар дар як вохўрӣ 200 сомон гонорар мегирифтаанд.

Вақтҳои охир проблемаи доварон бо футболбозон дар майдон зиёд шудааст, ки ин ҳам нобоварии мухлисонро нисбати доварон ба бор меорад. Аммо Ориф Ҷўраев раиси доварони ҷумҳурӣ дар сўҳбат қайд намуд, ки аз тарафи доварони мо ягон камбудие намешавад ва тақрибан 90%-и бозингарон ва 50 – 60% -и мураббиёни точик қоидаи бозиро хуб намедонанд ва аз ҳамин сабаб бисёр нофаҳмиҳо дар майдон бо доварон ва футболбозон рух медиҳад. Мавсуф инчунин афзуд, ки аз ҷиҳати ҷисмонӣ низ доварони тоҷик тайёранд, вале камтар дараҷаи донистани забони хориҷиашон суст аст.

Моҳи октябр дар Душанбе курси кўтоҳмуддат барои доварони мо баргузор гардида буд ва ба он намояндагони ФИФА ба доварони кишвар дарс омўзониданд. Ин гуна курси кўтоҳмуддат аввалин маротиба нест ва пеш аз ин низ ташкил шуда буд. Вале то куҷо ин дарсҳо ба доварони мо кўмак расонидааст то сатҳи дониши касбии худро равнақ диҳанд, ин албатта масъалаи дигар аст. Чанде пеш Диловар Орзуев, Рустам Холов, Сафармаҳмад Шоймардонов дар шаҳри Зебои давлати Чин дар мусобиқаи бозиҳои интихобии Осиё дар байни ҷавонон иштирок карданд. Акнун шояд соли оянда, ки ин солро Конфидератсияи футболи Осиё соли доварони Осиё эълон кардааст, унвони беҳтарин довар насиби тоҷикон гардад? Шумо чи андеша доред?