Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) омодагиро ба Ҷоми Иттиҳод-2014 шурӯъ кард.
Сармураббии дастаи мунтахаби ТоҷикистонМаҳмадҷон Ҳабибуллоев ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки рӯзи 12-уми декабр дар Душанбе шурӯъ шуд, 28 бозигар – 3 дарвозабон, 11 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардааст.
Дастаҳои ширкаткунандаи мусобиқоти байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2014 бар асоси қуръакашӣ ба се гурӯҳ тақсим шудаанд:
Гурӯҳи«А»: Эстония, Тоҷикистон, Украина, Қирғизистон.
Гурӯҳи «В»: Литва, Туркманистон, Русия, Молдова.
Гурӯҳи «С»: Латвия, Беларус, Қазоқистон, Узбакистон.
Вале мунтахаби ҷавонони Узбакистон аз иштирок дар Ҷоми Иттиҳод-2014 даст кашид. Мусобиқот барои Ҷоми Иттиҳод-2014 рӯзи 24-уми январ бо бозии футболбозони ҷавони Эстония ва Тоҷикистон оғоз меёбад. Бозии дувуми мунтахаби Тоҷикистон 25-уми январ бо тими Қирғизистон ва бозии охиринаш дар сабқати гурӯҳӣ 27-уми январ бо дастаи Украина баргузор мешавад.
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-21):
Дарвозабонҳо: Муъминҷон Гадойбоев («Хуҷанд»), Эмомалӣ Сониев («Истиқлол»), Баҳодур Шамсов («Равшан»);
Ҳимоятгарон: Алишер Шарифов, Саид Исмоилов, Фирдавс Тусматов (ҳарсе аз «Регар-ТадАЗ»), Сайидхони Амрохон («Равшан»), Бахтиёр Азимов («Энергетик»), Фирдавс Ҳоҷиев, Дилшод Каримов (ҳарду аз «Хуҷанд»), Музаффар Назаров, Сайидамири Сайидаҳмад, Хуршед Бекназаров (ҳарсе аз «Вахш»), Фирдавс Гадоев («Истиқлол»);
Нимҳимоятгарон: Ҷаҳонгир Алиев («Хуҷанд»), Шавкати Ҳотам, Абдулло Саидов, Ойбек Абдуғаффоров (ҳарду аз «Энергетик»), Ҳусниддин Ашӯров («Спитамен»), Ҷаҳонгир Эргашев, Ромиш Ҷалилов (ҳарду аз «Истиқлол»), Абдурасул Раҳмонов, Шодмон Тағойзода (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Фаридун Шарифов (ССКА «Помир»);
Ҳамлагарон: Фирӯз Раҳматов («Регар-ТадАЗ»), Наврӯз Рустамов («Вахш»), Меҳроҷиддин Музаффаров («Хайр»), Толибҷон Султонов («Истиқлол»).