ПАРВОЗИ БАЛАНДИ ПАРВОЗ

Муаллиф: Бахтиёр Файзуллоев

Ана расидем… Парвоз дар майдони худ ҳисоби Хайрро ёфт!

Гӯё ба ҳукми анъана даромада бошад, дар ин ду бозие, ки ба тамошояш рафтам ҳисоби бозӣ тақрибан як хел кушода шуд. Вориди варзишгоҳ шуда, дар пайи ҷустуҷӯи ҷои қулайи нишаст мешавам, ки соҳибони майдон ҳисобро боз мекунанд. Ва айнан ба мисли голи ба дарвозаи Вахш задаи Хуҷанд, ҳуҷуми соҳибони майдон аз канори рост сурат мегирад, партофти хуб ба майдончаи ҷаримавӣ ва касе аз соҳибони майдон тӯбро вориди дарвозаи меҳмон мекунад. Айнан ҳаминтавр аз «неразбериха»-и муҳофизони Хайр истифода бурда, парвозӣ ҳисобро боз мекунад. Чанд лаҳза гузашта буд, ки боз ҳамон канори рости Парвоз фаъолона пеш рафт ва бад он минвол дарвозаи Хайр нишон гирифт. Вале ин даъфа дарвозабон дар ҷояш буд. Аз ин пештар бозигари №23-и ҳавопаймоён низ аз ҳамон канори рост як партоби хуб ба майдончаи ҷаримавӣ мекунад, аммо муҳоҷим аз он дуруст истифода бурда наметавонад. ЛАҳзае баъд зарбаи ҷаримавӣ тақрибан аз масофаи 20-25 метр задаи Парвоз каме болотар аз болочӯби дарвоза мегузарад
Вале лаҳзаи дигар бозигари таҳти рақами 10 Парвоз як голи зебое ба дарвозаи Хайр зад. Аз дур бо зарбаи олии гирифтанашаванда кунҷи рости дарвозаи ҳарифро ҳадафи худ кард. Ҷаҳиши дарвозабон суде наовард. 2-0

Қисми авали бозӣ муҳофизи №2 Парвоз суст бозӣ мекард. Аз хатогии ӯ истифода бурда Мирзобек Мирзоев – муҳоҷими Хайр фарқи ҳисобро кам кард. Аз ин гол Хайр сахт рӯҳбаланд шуда, ба ҳусни бозӣ ранги дигар бахшид. Соҳибони майдонро дар нимаи майдони онҳо прессинг мекард. Муддате ҳарду даста бозии зебо нишон доданд. Онҳо партофтҳои кӯтоҳу якрасишро истифода мекарданд. Бачаҳои Хайр саҳеҳтар буданд, вале парвозиҳо фаъолтар.

Спектакл

Тақрибан нимаҳои қисми аввали вохӯрӣ ваҳдатие русбаччаи ҳавопайморо дар канори рости нимаи майдони худ, наздикии ситоди Хайр зада аз по афтонд. Ба сифати подоши амали хеш аз довар корти сурх инъом дид.

Ин амал боиси дар шӯриши ситоди Хайр гардид. Аз ҳама беш духтури ситоди Хайр корнамоӣ нишон медод. Сароғоз ӯ ба довари канорӣ дарафтод. Баъди ғалаба ба даст овардан вай ба сӯи довари асосӣ ҳамла карда, ду се лагад фаровард. Намедонам, кадоме аз онҳо ба нишон расида буд ё на, ба ҳар ҳол спектакл ХЕЛЕ «ҷолиб» буд. Намоиш мухлисонро ба шавқ ва … шӯр овард. Агар нафаре корнамоии ӯро бо завқ тамошо карда мадҳу ситоиш намояд дигарӣ зери тозиёнаи танқид мегирифт. Аз ҷумла як нафар мухлисро кормандони ҳифзи ҳуқуқ маҷбур шуданд аз варзишгоҳ пеш кунанд. Бино ба гуфти мухлисон ӯро ё барои ҳаққорати қабеҳ додан ё баклажка партофтан аз тамошои бозӣ дисквалификация карданд. Ба ҳар ҳол бисёр хуб карданд. Агар ба болои ин боз як ду «дубинка» мезаданд нуран алонур мешуд…
Кашмакашӣ дар майдон дар ҷӯш буд. Милисаҳо маҷбур шуданд ба вазъияти дар майдон баамаломада дахолат намоянд.

Аммо мутаассифона ба майдон генерале омада, вазъиятро нейтрал кард. Ин ба фикрам Рӯзиев буд. Воқеан, ӯ метавонад публикаро ба зудӣ ором кунад. Ёд дорам, боре тими «Олими Каримзод», ки барои баромадан ба Лигаи олӣ бо Эсхата мубориза мебурд, дар ш.Хуҷанд мухлисони мастчоҳӣ ба бетартибӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида буданд. Аммо генерал бо осонӣ вазъиятро ором намуд.

Ҳамин тариқ тақрибан баъди 5-6 дақиқа шӯриши Хайр фурӯ шинонида, ё бо ибораи дигар «пахш» карда шуд.

Анакнун Хайр 10 каса монд. Ситоди Хайр ба ҷойгиршавии муҳорибонаш тағйирот даровард. То ин дам дар хатти пеш ду нафар ҳунарнамоӣ мекарданд якеаш ба қафо кашида шуд. Хатти пеш ба Мирзобек Мирзоев боварӣ карда шуд.

То анҷоми аввали бозӣ Хайр дигар онқадар ба пеш намешитофт ва муҳоҷими ягонаи худ – Мирзоевро бо партобҳои баланд ба пеш мебаровард. Муҳофизони Парвоз бошад дигар ба хатоӣ роҳ медодагӣ набуданд.
То анҷоми қисми аввал якчанд дақиқа монда буд. Парвоз тӯбро дар нимаи майдони ҳариф нигоҳ дошта ҳуҷуми доманадор ташкил кард. Самараи ҳуҷумаш задани зарбаи кунҷӣ шуд. Баъди иҷрои зарбаи кунҷи дарвозабони Хайр дарвозаашро аз голи ҳақиқӣ эмин дошт. Тӯби сахт задаи ҳарифро бо як даст баргардонда аз майдон берун сохт.

Бо ҳамин қисмати аввал хотима ёфт.

Дар танаффус аз мухлисони наздики муноқиша чӣ шудани воқеаро пурсидам, мухлисони Хайр, ки як рӯз пештар аз н.Ваҳдат омада буданд (аҳсан!!!), иброз доштанд, ки дар ҳақиқат қоидаи бозӣ вайрон шуда буд, аммо барои он нишон додани корти сурх ҳҷ зарурате надошта буд, гӯё бархӯрд дар ҳолати бозӣ на барқасд…

Дар қисми дуюми бозӣ Парвоз ҳуҷумашро беш аз пеш пурзӯр намуд. Муҳофизи №2-и Парвоз дар танаффус аз Турақулов танбеҳи сахт гирифт магар дигар ба хатогиҳо роҳ нмедод. Қисми диюми бозӣ сустии майманаи Хайрро баръало намоён кард. Парвоз ин канори хатти дифоъи Хайрро зуд-зуд рахна менамуд. Ҳамин тариқ яке аз ҳуҷумҳои навбатии ҳавопаймоён интиҳои мантиқии худро ёфт. Ҳамон канори чапи хатти дифоъ муқовимат нишон дода натавонист, ки тӯб аз он ҷо ба майдончаи ҷаримавӣ расид ва Мансур бо сараш вориди дарвозаи Хайр кард. 3-1.

Тақрибан аз дақиқаҳои 55 бозӣ Парвоз ҳуҷуми доманадори худро пеш гирифт. То анҷоми ин ҳуҷум муҳофизони Хайр хеле асабӣ мешуданд. Ин мавҷи ҳуҷуми соҳибони майдон 2 зарбаи кунҷӣ ва ҳамин қадар зарбаи ҷаримавиро овард. Аммо аз ин стандартҳо ҳавопаймоён ба қадри кофӣ истифода карда натавонистанд.

Баъди истодагарӣ Хайр тавонист бозиро аз назди дарвозааш дур карда, ба ҳуҷум гузарад. Дар яке аз ҳуҷуми Хайрро бозигари 17-и мизбонон каме дуртар аз майдончаи ҷаримавии худ қоидаи бозиро вайрон кард. Аммо зарбаи тахминан аз 25 м задаи ваҳдатӣ каме болотар аз болочӯби дарвоза гузашта майдонро тарк намуд. Хайр бо кам будани сафи худ нигоҳ накарда ба пеш мегузашт. Ин буд ки яке аз муҳоҷимони меҳмонон бо сараш тӯби зебоеро ба тӯри дарвозаи соҳибони майдон ворид сонхт, афсӯс… афсӯс, ки довар онро ҳисоб накард – офсайд.

Аммо дақиқае нагузашт, ки дарвозабони Парвоз ба меҳмонон як гол дод. Аниқтараш тӯбро дуруст дар дасташ дошта натавонист, ки тӯби доштааш аз дасташ хато шуда ба паҳлӯчӯби дарвоза бархӯрд ва вориди дарвоза шуд. Аз рӯи инсоф гӯем, ба вай якбора ду муҳоҷими Хайр бо ҳайбатаи худ фишор оварданд, ки дар натиҷа ӯ ба саросемагӣ роҳ дод. 3-2 Интрига зинда шуд!

Аммо ин гол ҳавопаймоёнро як зарра рӯҳафтода накард. Парвоз, ки ҷои сусти Хайрро медонист ба ҳузур истифода карда, баъди як комбинатсияи зебо тӯби чаҳорумро ба дарвозаи ҳариф зад.

Ислоҳҳои даровардаи мураббии Хайр дигар сурати бозиро тағйир дода наметавонистанд.

Соҳибони майдон бошанд боз як бетартибии хатти дифоъи Хайрро дуруст истифода карданд. Ин даъфа Парвоз майсараи Хайрро рахна сохт. Дарвозабони Хайр ба хатогии дағал роҳ дод. Дар ҳоле ки ҳимоятгар бо муҳоҷими ҳариф мубориза мебурд дарвозабон аз майдончаи дарвоза берун рафт ва дар охир муҳоҷиме аз ҳавопаймоён тӯбро аз болои ӯ ба дарвоза партофт. Чи голи зебое аммо барои Хайр басо нозеб… 5-2

ПИСИ: Дар ин муддат ду тайёра фуруд омаданд. Примета?

Аз бозии Хуҷанд ва Вахш

Муаллиф: Бахтиёр Файзуллоев

Ба ҳукми анъана даромадааст, ки вохўрии Хуҷанд ва Вахш бе дағалӣ нагузарад. Шояд ин яке аз сабабҳои дар варзишгоҳи Спартак гузаронидани бозӣ буд (нимшўхию нимҷиддӣ).

Ба ҳар ҳол мухлиси зиёд ҷамъ шуда буд.

Оғози бозиро тасвир карда наметавонам, чун лаҳзае вориди варзишгоҳ шудаму саргарми ҷойкобӣ будам Пирмурод тўбро вориди дарвозаи Вахш намуд.

Баъди задани гол Хуҷанд фишорашро паст накард. Вахш низ ба қафо намешишт. Аммо нимаи аввали қисми якуми бозӣ ҳимоятгарони Вахшро ҳарос фаро гирифта буд, магар вақти тўбро аз майдончаи ҷаримавӣ берун сохтан тахминӣ ба пеш мезаданд. Дар натиҷа ҳуҷуми Хуҷанд идома меёфт. Аммо ҳамин ки нимаи аввали қисми якум паси сар шуд муҳофизони Вахш низ ба худ омада дигар ба ин хатогӣ роҳ намедодагӣ шуданд.

Бозӣ қариб ки баробар буд. Ба ҳуҷуми як рўд дигаре ҷавоби мувофиқ медод. Бедағалӣ гузаштани бозӣ футболбозонро як қадар нороҳат мекард, ин буд, ки ба дағалбозӣ дарвозабони Вахш ҳусни оғоз бахшид. Вақте муҳоҷими соҳибони майдон бо тамоми ҷидду ҷаҳд ба задани тўб наздик буд дарвозабон бо чолокӣ тўбро дошта гирифт, аммо барқасдона бо оринҷаш муҳоҷимро зада афтонд. Довар бея гон дудилагӣ ба дарвозабон корти зардро нишон дод. Дарвозабони Хуҷанд низ талоши корти зардро кард. Аммо ў на барои дағалӣ балки барои кашшол додани вақт соҳибкорт шуд. То анҷоми қисми аввали бозӣ андаке вақт монда буд. Дарвозабон барои тезтар гузаронидани саъйу кўшиш кард ва ниҳоят ба корти зард бархўрд.

Ҳамин тариқ то анҷоми бозӣ боз чанд маротибаи дигар меҳмонону мизбонон ба дағалбозӣ гузаштанд ва бархе аз онҳо аз тарафи довар огоҳонида шуданд. Бар замми ин довар ҳатто метавонист барои симулятсия ва оҳувоҳи дурўғин чанд нафареро аз ду тараф аз майдон ронад.

Бармегардем ба Хуҷанд. Дигаргуниҳо хеле зиёд шудаанд. Якум, Хуҷанд масъалаи дарвозабонро бо пуррагӣ ҳал кард. Ба ин масъала нуқтаи калони равғанин гузошта шуд. Аммо дар хатти дифоъ ҳанўз норасоиҳо мушоҳида мешаванд. Хатти ҳуҷум низ хеле пурқувват гардидааст. Ба бозигарони ҷавони Хуҷанд зарур аст аз Пир ва Индус ҳарчӣ зиёдтар дарс гиранд. Нафаҳмидани якдигар Хуҷандро аз голҳо бенасиб гардонд.

Натоиҷи бозиҳои даври аввали Лигаи олӣ

Рӯзҳои истироҳат 7-уму 8-уми апрел панҷ бозии даври аввали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуд.
Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат дар майдони худ бар “Истаравшан”-и Истаравшан бо ҳисоби бузурги 4:1 ғалаба кард. Обидҷон Исмоилов, ҳамлагари дастаи “Хайр”, дар дақиқаи 20-уми бозӣ аз ҷаримаи ёздаҳметра ҳисобро боз намуд. Дар воқеъ, ин аввалин голи мусобиқоти имсола ба ҳисоб меравад.

Муҳаммад Гулипур, легионери эронӣ, дар дақиқаи 37-ум голи дувуми мизбононро ба ҳадаф расонд. Дар замони изофии қисми аввали дидор Шариф Зиёев, бозигари “Истаравшан”, аз пеналтӣ ҳисобро тағйир дод. Аммо баъдан Мирзобек Мирзоев дар дақиқаи 73-юм ва Исроил Идиев, капитани дастаи “Хайр”, дар дақиқаи 79-ум ба дарвозаи “Истаравшан” боз ду гол заданд.

Пас аз анҷоми бозӣ Шӯҳрат Шамсиев, сармураббии дастаи нави Лигаи олӣ – “Истаравшан”, ба хабарнигорон гуфт, “пирӯзии мизбонон ҳаққонӣ буд ва онҳоро бо ғалабаашон табрик мекунам. Бозӣ таассуроти хуб боқӣ гузошт. Бачаҳои мо ҳоло камтаҷрибаанд ва умедворем, ки аз бозӣ ба бозӣ хубтар ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Бурди аслии мо, албатта, бозгашти дастаамон ба Лигаи олии футболи кишвар мебошад.”

​​Тоҳир Мӯъминов, сармураббии тими “Хайр”, бо вуҷуди пирӯзии дастааш аз бозии шогирдони худ чандон изҳори хурсандӣ накард. Ӯ гуфт, “мо ғалаба кардем, вале ман чандон қаноатманд нестам. Бояд мо баҳои объективӣ диҳем, дар чунин майдон бозӣ кардан душвор аст. Бинобар ин бозӣ саргум буд. Мо ба бозии оянда бо тими қаҳрамон -“Истиқлол”, ки дар меҳмонӣ баргузор мешавад, хуб омодагии хоҳем дид.”

Бозии дигар миёни дастаҳои “Энергетик”-и Душанбе ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар варзишгоҳи “Барқ”-и Норак барпо гардид. Ин бозӣ бо натиҷаи мусовӣ – 2:2 поён ёфт.

Нахуст Шӯҳрат Умаров, ҳамлагари “Хуҷанд”, дар дақиқаи 50-ум ҳисобро кушод. Сипас, Габриэл Донто, легионери африқоии тими “Энергетик”, дар дақиқаҳои 69-ум ва 71-ум ду гол зад. Дар дақиқаи 84-уми дидор Манучеҳр Аҳмадов, бозигари “Хуҷанд”, боз ҳисобро баробар намуд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки дар ин бозӣ Самад Шоҳзуҳуров, бозигари “Энергетик”, дар дақиқаи 28-ум аз ҷаримаи 11-метра истифода карда натавонист.

​​Се бозии дигари даври аввал рӯзи якшанбе, 8-уми апрел, сурат гирифт. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Металлург”-и Турсунзода бар тими нави Лигаи олӣ – “Ҳосилот”-и Фархор бо ҳисоби бузурги 4:1 ғолиб омад.

Нимҳимоятгар Дилшод Восиев, капитани “Истиқлол”, дар дақиқаи 12-ум тӯбро аз пеналтӣ ба тӯри дарвозаи “Ҳосилот” зад. Баъди 17 дақиқа ӯ ҳисобро афзун кард. Дилшод дар дақиқаи 34-ум имкон дошт, ки “хет-трик” намояд, яъне голи севумашро ба самар расонад, вале ин дафъа зарбааш хато хӯрд. Тӯби задааш аз болои тири дарвоза гузашт. Чунин ба назар мерасид, ки ӯ “қасдан” тӯбро хато зад.

Бозигарони “Истиқлол” Юсуф Рабиев (дақиқаи 49-ум) ва Давронҷон Эргашев (58) дар нимаи дувуми дидор боз ду бор дарвозабони “Ҳосилот” Маъруф Нуралиевро маҷбур карданд, ки тӯбро аз тӯри дарвозааш бигирад.

Як голи фархориҳоро ҳамлагар Ҷумъахон Азизов дар дақиқаи 78-ум ба ҳадаф расонд.

Баъд аз анҷоми ин бозӣ нишасти матбуотӣ доир шуд. Никола Кавазовичи сербиягӣ, сармураббии тими “Истиқол”, ба хабарнигорон гуфт, “аз натиҷаи бозӣ қаноатмандам, вале аз бозии дастаам на хайр. Ҳарчанд бо ҳисоби калон пирӯз шудем, вале бозигарон дастури моро иҷро накарданд. Ман дар футбол ҳуҷумро тарафдорам. Аз ин рӯ имсол “Истиқлол” аз рӯи тарҳи 3-4-3 бозӣ хоҳад кард.”

Тағай Дӯстов, сармураббии дастаи “Ҳосилот”, аз бозии шогирдонаш дар нахустин дидор бо қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, гуфт, “Истиқлол”-ро бо ғалабааш табрик мегӯям. Ба бохт бо ҳисоби калон нигоҳ накарда, бозигарони мо муқобили дастаи пурқуввату ботаҷриба, ба назари ман, бад бозӣ накарданд ва ҳатто як гол ҳам заданд. Албатта дар бозии аввал камбудиҳо зиёд буданд ва мо аз паи ислоҳи онҳо мешавем ва мекӯшем, ки дар бозиҳои оянда хотири мухлисонамонро шод гардонем.”

Дастаи “Равшан” дар майдони худ – варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бар тими ҷадиди Лигаи олӣ – “Зарафшон”-и Панҷакент бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Голҳоро Фозил Сатторов дар дақиқаи 11-ум ва Нӯъмонҷон Ҳакимов дар дақиқаи 89-ум заданд.

Тими “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар варзишгоҳи худ – “Фурудгоҳ” аз тими меҳмон – “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 0:1 мағлуб гашт. Голи ягонаро Комрони Мирзохон, бозигари ҷавони меҳмонон, дар дақиқаи 85-уми дидор ба самар расонд.

Бозии охирини даври аввали мусобиқа миёни дастаҳои “Гвардия”-и Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода имрӯз, 9-уми апрел, дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода доир шуд. Бозӣ бо ғалабаи “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 3:0 поён ёфт. Голҳоро Виктор Лиховидко (5), Ҷамшед Исмоилов (47, пеналтӣ) ва Аҳтам Ҳамроқулов (89) заданд.

Тими ССКА “Помир”-и Душанбе аз бозии даври аввал озод буд. Ҳамин тариқ баъди натиҷагирии бозиҳои даври якум тимҳои “Истиқлол”, “Хайр”, “Регар-ТадАЗ”, “Равшан” ва “Вахш” сеимтиёзӣ, “Хуҷанд” ва “Энергетик” якимтиёзӣ ба даст овардаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:
1-2. «Истиқлол” 3
1-2. «Хайр” 3
3. “Регар-ТадАЗ” 3
4. «Равшан” 3
5. «Вахш” 3
6-7. “Хуҷанд” 1
6-7. «Энергетик” 1
8. “Парвоз” 0
9. «Зарафшон” 0
10-11. «Истаравшан” 0
10-11. “Ҳосилот” 0
12. “Гвардия” 0
13. ССКА “Помир” 0

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев («Истиқлол»), Габриэл Донто (“Энергетик”) – 2-голӣ.

Даври 2-юм

14-уми апрел (шанбе)

«Истаравшан» – «Равшан». Варзишгоҳи ноҳияи Спитамен.
«Зарафшон» – «Энергетик». Варзишгоҳи шаҳри Панҷакент.
«Истиқлол» – «Хайр». Варзишгоҳи “Металлург”-и Турсунзода.

15-уми апрел (якшанбе)

«Ҳосилот» – ССКА «Помир». Варзишгоҳи ноҳияи Фархор.
«Регар-ТадАЗ» – «Парвоз». Варзишгоҳи “Металлург”.
«Хуҷанд» – «Гвардия». Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолият”.

Оғози бозиҳо – соати 16.00
Манбаъ /www.ozodi.org/

Ду бозии даври якуми лигаи олии чемпионати Точикистон оид ба футбол баргузор шуд.

Имруз 7-уми апрел даври якуми лигаи олии чемпионати Точикистон оид ба футбол байни дастахои Хайр – Истаравшан ва Энергетик – Хучанд баргузор гардид.
Хайри Вахдат бо хисоби 4-1 Истаравшани Истаравшанро маглуб намуд.
Бози байни Энергетик ва Хучанд бо хисоби 2-2 мусови ба анчом расид.

Хайр – Истаравшан 4-1.
Голхо: 1-0 Обидҷон Исмоилов, 2-0 Муҳаммад Гулипур, 2-1 Шариф Зиёев, 3-1 Мирзобек Мирзоев , 4-1 Исроил Идиев.

Энергетик – Хучанд 2-2
Голхо: 0-1 Шӯҳрат Умаров, 1-1 Габриэл Донто, 2-1 Габриэл Донто, 2-2 Манучеҳр Аҳмадов.

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.