Футболи Тоҷикистон

Бо умеди қаҳрамонии Тоҷикистон

Чаро футбол?


Чаро футбол? Ва чаро бо забони форсии тоҷикӣ?

Футбол варзиши рақами як дар аксари кишварҳои ҷаҳон аст. Футбол бозиест, ки исми кишварҳоро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад, атфолу наврасонро аз хурдӣ ба тарбияти бадан ҷалб менамояд, онҳоро аз амроз ва аъмоли ношояму бад дур медорад, ояндаи бозигарони моҳирро дурахшон мегардонад, ва ғайраву ва ҳоказо.

Футбол бозиест, ки миллатро ба ҳам муттаҳид мегардонад, маҳалгароиро аз байн мебарад, бо комгориҳояш хотирҳоро шод медорад, чеҳраҳоро боз ва шукуфо мекунад.

Ин сафҳа як торнигори ҳирфаӣ нест, сари он аслан як нафар кор мекунад, як нафаре, ки аз роҳандозии ин торнигор ягон танга нафъ намебардорад, вале садҳо тонна лаззат мебарад, аксари маълумоти он каме дертар ба хонандагонаш мерасанд, кулли иттилоот дар ҳоли ҳозир асосан аз интернет дарёфт мешавад, вале он ки шумори хонандагонаш дар ҳоли афзоиш аст, созандаи онро водор ба он мекунад, то боз ҳам беҳтару бештар сари ин торнигор бишинад.

Ин торнигор барои афродест, ки ташнаи иттилоот оид ба футболи Тоҷикистон ва бо забони форсии тоҷикӣ мебошанд.

ФутболТҶ нахустин торнигори варзишии вижаи футбол бо забони форсии тоҷикӣ буда, танҳо ду ҳадаф дорад:

  • Мусоидат ба рушди забони форсии тоҷикӣ дар шабакаи интернет
  • Мусоидат ба афзоиши таваҷҷӯҳ ба футболи Тоҷикистон

————————————————————————————

Ҳамкорӣ бо ФутболТҶ

 

Роҳандози ин торнигор мутмаин аст, ки фидокороне ёфт хоҳанд шуд, ки дасти кӯмаки худро барои рушди футболи тоҷик дароз хоҳанд намуд.
Мо ниёз дорем ба:

  • Ихтиёриёне, ки аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, аз бозиҳои Лигаи олӣ ва якум ва Ҷоми Тоҷикистон матлаб омода бикунанд;
  • Ихтиёриёне, ки дар кишварҳои дигар ба сар мебаранд, аз сабқатҳои он кишварҳо шарҳҳо бинависанд;
  • Ихтиёриёне, ки дар дохили кишвар ва берун аз он агар бозигари феълӣ ва ё қаблии тоҷикеро диданд, бо ӯ барои ФутболТҶ сӯҳбат биороянд;
  • Ихтиёриёне, ки назароти худро перомуни масоили мубрами футбол дар Тоҷикистон ба миён бигзоранд;
  • Ихтиёриёне, ки матолиби ин торнигорро ба хатти форсӣ ва дигар забонҳо баргардон кунанд, то дигарон низ аз футболи тоҷик огоҳ бошанд.

Ҳамчунин…

Агар шумо мутахассиси соҳаи футбол ҳастед, агар шумо футболбоз ҳастед ва ё мураббӣ, агар шумо мухлиси оддии футбол ҳам бошед ва агар шумо назаре доред, фикру мулоҳизае доред, пешниҳод ва ё гуфтание доред, дар ин торнигор метавонед арзи дили худро ба миён гузоред.

Агар шумо ҳамчунин аксе ё видеое марбут ба футбол доред ва он моли худатон аст ва мехоҳед, ки дигарон низ онро бубинанд, пас ин торнигор дар хидмати шумост.

Агар шумо эълоне доред, реклама кардан мехоҳед ва эълону рекламаи шумо марбут ба футбол аст, пас онро дар ин торнигор метавонед ройгон нашр бикунед.

Барои тамос бо гардонандаи ин торнигор дар мавриди фиристодани навиштае, аксе ё видео ба зери ҳар матлаби дилхоҳатон биравед ва он ҷо нависед, ки шумо мавод доред. Имейли шумо аз чашми дигарон пӯшида хоҳад буд, вале ба Фолловер дастрас ва Фолловер бо шумо тамос хоҳад гирифт.

Ин торнигори Шумост, хонандагони арҷманд. Шумо ҳам метавонед саҳми худро дар афзоиши маҳбубияти мардум ба футболи тоҷик ва рушди забони форсии тоҷикӣ дар интернет бигзоред!

21 thoughts on “Чаро футбол?

  1. Assalomu aleykum..

    Man hele hurssand shudam ki , holo man bo vositay internet maalumothoy darkory hudro dastrast shudam…

    Az hamin sabab ba shumo hele rahmat va minatdory hudro bayon kardaniyam……

  2. MOBs-и гироми,

    Хамеша мархабо,

    Агар хохед, метавонед бо ин торнигор хамкори бикунед,

  3. Ассалому алейкум ФутболTJ.
    Ман мехостам бигуям, ки футбол дар тамоми дуне бозии раками 1 аст ва дар Точикистон хам хамин тавр мебошад, лекин бо чи сабаб бошад, ки дар ФФТ ин бозиро ба тараки додан на он кадар кушиш ба сар медиханд.
    1. Аз асоситарин чизе, ки ба таракиети футбол дахолат дорад ин таквим мебошад хеле бад сохта шудааст, як тим дар як хафта се маротиба бози дорад дигаре бошад дар як мох як бор бози мекунад ин хуб аст?
    2. Ин ба чор давр таксим кардани бозихои кахрамонии футболи ЧТ мебошад. Ин хам хуб нест аз чихати маблаги дастахои футболи ЧТ факат се даста имкон доранд бе ягон душвори дар чор давр бози кунанад ва ин дар амал хам шуда истоадаст гирем ВАХШ-ро холо савум давр сар нашудааст аллакай ВАХШ маблагашро дар дувум тамом кард.
    3.Ахлоки бозингарон – хеле бад, бозингар доварро то назанад корти сурхро намебинад. Албатта ман хамаи доваронро кохиш додани нестам доварони хуб хам ба мисли Р.Муртазоев, О. Джураев хастанд.
    4.Дар аввали мавсими имсола аз расонахо мешунидам, ки дар чемпоинати имсола танхо 8 даста иштирок мекардаанд, лекин 11 то шуд бо чи сабаб?
    Бо сабаби ёфт шудани маблаг онхо метавонанд бози кунанд ман аллакай чи хеле ки дар боло кайд кардам маблаги баъзеи онхо тамом шуд.
    Ба фикри ман 6-8 даста басанда аст. бо ду давр ва давраи финали яъне (Play OFF). Bа худо нахохад, ки имсол дар чемпионати ЧТ се даста монад.

  4. LCD-и гироми!

    Мавзуъи хеле хуб аст. Агар хохед, фикрхои дигаратонро низ илова кунед ва бифиристед ва онро ба шакли матлаби алохида метавонем нашр кунем.

  5. Илова! чи хеле, ки дируз гуфта будам дар чемпионати Точикистон 8-6 даста басанда аст, ин факат фикру андешахои ман аст. Дар ФФТ хам одамони бо илму дониш ва малакаи хуби ташкилотчиги дошта хастанд. Шояд, ки онхо ба амал расонида натавониста истодаанд. Ва чемпионатхои гузаштаи ЧТ ва дигар чемпионатхои дунёро ТАХЛИЛ кардан лозим ва зарур аст. Мумкин, ки бо хамин сабаб хам сифати футболи Точикистон паст мебошад, яъне ки аз тахлил накардани хар чемпионат.
    Боз як чизи мухим тафтиш ва тахлили хар як дастаи лигаи олии ЧТ оид ба футбол.
    Ин корро хозир ичро кардан хеле душвор мебошад, чунки ФФТ худ дар тахлил ва иваз кардани конунхои даруни эхтиеч дорад. Ба ин кор маблаги бисер лозим.
    Лекин альтернатива хам хаст бо кам кардани дастахо дар лигаи оли ва дастахое, ки аз тафтишу санчиш нагузаштанд бигзор дар лигаи якум бози кунанд.
    Ва дастае хакикатан аз чихати сифатнокии бозии худ ва чойхои аввалро ишгол мекунанд, ба лигаи Оли роххат гиранд. На мисли хозира пулро ба ФФТ доданд онхо иштирокчии лигаи олии футболи Точикистон ва дар охири мавсим мебинем Ки маблаг барои давом додани бозихо надоранд, ва холхои онхо бе ягон мамнуият ба дастаи хариф мегузаранд.
    Ба мисоли дастаи Истаравшан Ки кадом солхо буд дар хотирам нест. Ман мехостам , Ки ФутболTJ ин солу, таквими ин бозихоро дар сайти худ нишон дихад, агар ефта тавонад хеле хуб мешуд. Ин як заррачае дар тахлилу ташфики кардани футболи Точикистон шояд шавад.

    Чи хеле Ки ман медонам ташкили имсолаи бозихои лигаи якум дар минтакахо шуда гузашта истодааст. Ин як пешрави мебошад, чунки дур рафтан ва маблаги бисер хам лозим нест. Дастахои чойхои аввалро ишгол карда дар Play OFF бози мекунанд.
    Ва боз дар охири суханхои худ гуфтаниам ман футболро хеле дуст медорам ва мухлиси ашадии тими мунтахаби Точикистон хастам хар як бозихо онро бо воситаи сайти шумо ва дигар сайтхо пай мебарам ва мехохам, Ки тими мо боз маротибаи дувум AFC chellenge CUP-ро ишгол кунанд, мувафакиятхоро мехохам.

  6. FootballTJ,

    agar khohishmandon boshad, metavonam dar site-i bolo nishon dodaam… yak liga tashkil kunem va khonandagoni FootballTJ da’vat karda bozi kunem… :))

  7. Фикри хуб, Darius II. Аммо метарсам, ки ое хохишманд ефта метони е не, зеро омори боздидкунандагони ФутболТЧ аз он гувохи медиханд, ки точикбачахои худмон ба футбол комилан шавк надоранд. Дар ман бошад холо кам-кам хохиши аз ин блог даст кашидан пайдо шуда истодааст, зеро хонанда ва мухлис пайдо накард.

    Хуб, ку шумо дар он чо як лига ташкил кунед.

  8. footballtj-и фарзона!
    Захмате, ки Шумо барои ин сомона кашидед, хатто чаноби Рахмону оли у ин гуна машаккат накашидаанду намекашанд. Бобати кам будани мухлисони торнигоратон хохиш мекунам гамгин мабошед. Алъон, ки Рахмон кулли кишварро ба куйи сарсонии мухочират водор кардааст, мухлисони Шумо низ хама барои дарёфти кути лоямут дар таххонахои захкашидаи Русиву мулки гайр карор доранд.
    Хохиш ин ки торнигори точикй бигзор як хонанда дошта бошад хам, бигзор аз фаъолият боз намонад.
    Бо умеди пирузй

  9. Salom footballtj,

    Khudo khohad khohishmand paydo meshavad… Shoyad yak e’lone navisem dar in tornoma… Va baroi joyhoi avvalro ishghol namudani bozingaron, hadyahoye peshkash kunem?

    Fikru aqidahoi shumoro muntaziram!

    P.S. Hej vaqt az in blog dast nakashed. Man, ki mukhlisi ashadii futbol hastam, har ruz az blogi shumo didani mekunam…

    salomat boshed!

  10. assalom.

    Man hele hursand gashtam ki aknun mo muhlisoni futbol metavonem boz ligai Tojikiston va digar habarho dar borai futboli Tojikiston habardor boshem.

    Minnatdorii hudro ba hammai tashkilkunandagoni in site izhor namuda muvafaqqiyat orzu menamoyam.

    ZINDA BOD FUTBOL DAR TOJIKISTON.
    FORZA TAJIKISTAN!!!

    dar panohi Alloh

  11. salam, pesh az hama ba hama on kasone ki dar in somona dorand menavisand siposguzorii khudro bayon kunam, in bori aval nest ki man dokhili in somona meshavam, vaguftaniam ki agar in somona baroyam mahqul nameshud man dar bori aval ba in somona khayru khush mekardam, vale ki barom mahqul ast, harvaq ki internet omadam, baad az khondani haftanomai millat.tj voridi in somona meshavam,
    va ba shumo sohiboni in somona guftaniam ki harchi khohar Farzonajon meguyand durust ast,
    man ki khorij az Tj tahsil mekunam , tanho malumoti footboli Tojik ro az in somona dastras mekunam. baroi hamin az shumo khohish doram ki az fikraton mahkam kunii in somona ro dur kuned. khub? dar okhir baroyaton tansihati va ghayrat ro orzu doram, Khudo yoru madadgoraton boshad sharikoni man

  12. Сайт хорош. Вот только может посказать ,а где можно найти составы команд высшей лиги Таджикистана?..

  13. Посмотрите на материалы от пятого апреля, но там к сож. не все,
    также посмотрите varzish-sport.tj

  14. ПОКА ФЕДЕРАЦИЯ ФУТБОЛА НЕ УЙДЕТ В ОТСТАВКУ,ТО НИ О КОКОМ ФУТБОЛЕ РЕЧЬ ИДТИ НЕМОЖЕТ,СКОРО ЧЕМПИОНАТ РЕСПУБЛИКИ ПЕРЕДЕТ В ЧЕМПИОНАТ КИШЛАКОВ,ГОВОРЮ ВЕШИ СВОИМИ СЛОВАМИ,ЭХ ПОМИР,ПОМИР,А КАК ГРИМЕЛИ……….!?

  15. Дуруд ба мухлисони футбол.Ин сомона баенгари дарди дили мухлисони футбол будааст.Рости гап ман нав ефтам ин сомонаро.Мехохам дар бораи лигаи нохиявии футболи н.Масчо маълумот дихам.Соли гузашта азбаски дар ягон лига тими нохия нест,”аз беамаки буз амак” гуфта мухлисии лигаи нохияви намудем.Чун имсол вакти супурдани кубоку тухфахо шуд,ба чамъомад рафтем то голибони чемпионати порсоларо табрик кунем.Барои супоридани тухфахо раиси нохия Хикматовро даъват карданд.Пас аз як соати интизории халк хокими нохия омад.Минбар баромада бе ягон гап медонед чи гуфт?”Хайр мана гуфтед,гап хамин ман балелщики футбол -путбол нестам.Чи доред таксим карда тед.Тамом .Чавоб.” ЧИ ГУЕМ?ЧИ КУНЕМ?ЧИ МАСЛИХАТ МЕДИХЕД?АЗ ТОЧИКИСТОН РАВЕМ Ё АЗ НОХИЯ?

  16. Чаро федерасиони футболи Точикистон шумораи мухлисони дастаи “Хайр”-и щахри Вахдатро доимо 4000 нишон медихад.Хол он, ки дар хар бозии хонагияш варзишгохи шахри Вахдат минимум 10000 мухлис чамъ меояд?

  17. Медонед, бародар, агар 10 000 нишон диханд, он гох: агар билет 1 сомони бошад бояд андоз аз 10 000 сомони пардохта шавад, агар 2 сомони бошад хатми андоз аз 20 000 сомони пардохт мешавад. Агар 4000 нафар билет савдо шуда бошад андоз аз 4000 сомони месупоранд. Пас кадом хуб андоза аз 4000 ё 10 – 20 хаз?

  18. Мегуянд ки барои дар тими миллий Точикистон бози кардан маблаг додан заруз аст ин рост аст илтимос човобашро дихед

  19. Rosti vakte ki avvalin bor in tornomaro didamu xondam xele ziyod wod ham wudam. Zero ki derboz tornomae bo zaboni tojikiro intizor budam. Xud doniwjuyi Doniwgohi texniki hastam ammo ba ruznomanigori xele hurmati ziyod doram va in kasbro xele ziyod dust ham medoram. Ahsan ba ofarandagoni in tornoma Alloh az wumo rozi bowad. InwoAlloh az dastamn omadagi yoriro mekunem ba Wumo.

Leave a comment