Мизбони саввумин Ҷоми раиси КФО-2007 шаҳри Лоҳури Покистонро таъин карданд. Танҳо тағйирот миёни сабқатҳои қаблӣ ва феълӣ ҳамин ва моҳи баргузорӣ, ки аз май ба сентябр таъвиз гардид, буданд. Дигар боз ҳамон ҳашт кишвар.

Қабл аз оғози сабқат боз ҳам дастаҳои Тоҷикистону Қирғизистон муддаии аслии Ҷом маҳсуб мегардиданд.

Бозии аввали «Регар» ТадАЗ дар рӯзи 21 сентябр низ ин иддаоҳоро таъйид кард. Дастаи шаҳри Турсунзода ба дарвозаи «Транспорт Юнайтед», ки баробар бо «Дордой-Динамо» саввумин бор пайидарҳам ба Ҷоми раиси КФО меомад, 13 (!) тӯби беҷавоб ворид кард. Панҷ голи ин бозӣ ба номи Хуршед Маҳмудов (17, 28, 45, 61, 76) сабт шуд. Маъруф Рустамов (37, 54) ва бозигари узбакистонии «Регар» Аббос Абдуллоев (35, 63) ду тӯбӣ заданд. Як тӯбии дигар талоши Абдулло Умарбоев (66), Раҳмоналӣ Баротов (74), Фарҳодҷон Холбеков (80) ва Иброҳим Рабимов (87) буд. Пас аз бозӣ сармураббии «Регар» ТадАЗ – Маҳмадҷон Ҳабибуллоев эҳтироми худ нисбат ба рақибро нигоҳ дошт ва гуфт, ки имрӯз рӯзи «Транспорт Юнайтед» набуд. Воқеан, дар соли 2005 низ «Регар» ТадАЗ ин дастаро бо ҳисоби калон мағлуб карда буд. Дар бозии дигари ин гурӯҳ «Ратнам» аз Шри-Ланка бо «Пакистан Арми» 3-3 мусовӣ карданд.

Бозии дуввуми «Регар» ТадАЗ дар таърихи 23 сентябр бо мизбонон, дастаи «Пакистан Арми» ба таври автоматик ба турсунзодагиҳо роҳхат ба даври нимниҳоиро дод. Ҳарчанд пирӯзӣ бар мизбонон барои «Регар» ба осонӣ ба даст наомад. Ҳисобро танҳо дар дақиқаи 65-ум легионери узбакистонии «Регар» Аббос Абдуллоев боз кард. Пас аз се дақиқа Мансур Ҳакимов тӯби дуввумро вориди дарвозаи покистониҳо намуд. Низомиёни покистонӣ (Пакистан Арми) баъд аз панҷ дақиқа як тӯб заданд ва бо ҳамон дар бозӣ дигар тағйироте ба вуҷуд наомад. Ду бар як ба нафъи «Регар».

Дар бозии саввум рӯзи 25 сентябр «Регар» ТадАЗ ба дарвозаи «Ратнам» аз Шри-Ланка ҳамагӣ як тӯб (Аббос Абдуллоев, 66) зад. Як сол қабл низ «Ратнам» аз намояндаи Тоҷикистон бо таносуби танҳо минус як тӯб шикаст хӯрда буд.

Рақиби «Регар» ТадАЗ дар нимниҳоӣ рӯзи 27 сентябр дастаи «Маҳендра Полис» аз Непал буд. Қаблан, дастаҳои тоҷикистониву непалӣ миёни ҳам ду бозӣ карда буданд. Тоҷикҳо дар яке мусовӣ, ва дар дигарӣ шикаст хӯрда буданд ва медонистанд, ки непалиҳо барояшон номувофиқтарин рақибанд. Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии «Регар» ТадАЗ низ мегуфт, ки ба ин бозӣ бо ҷиддияти том омодагӣ хоҳанд гирифт. Бо вуҷуди он ҳама ҷиддиятҳо, «Регар» ТадАЗ, ки барои Ҷом омада буд, бозии нимниҳоиро бохт. Бо ҳисоби 1-2. Ҳарчанд ҳисобро дар дақиқаи 26-ум Маъруф Рустамов боз кард вале баъдан непалиҳо ду тӯб ба дарвозаи «Регар» ТадАЗ заданд ва ба бозии ниҳоӣ рафтанд.

Дар бозии ниҳоӣ дастаи Непал аз «Дордой-Динамо» мағлуб шуд ва қирғизҳо барои дуввумин бор пайдарпай соҳиби Ҷоми раиси КФО гардиданд.

Боз бихонед: