Федеросюни байнулмилалии футболбозони касбӣ (FIFPro) феҳрасеро иборат аз 55 бозигар нашр кардааст, ки баъдан аз миёни онҳо мунтахаби рамзии ҷаҳон тартиб дода хоҳад шуд. Исми ин 11 узви мунтахаби рамзии ҷаҳонро мо рӯзи 27 октябр хоҳем фаҳмид.

Ва аммо миёни ин 55 бозигар, ки бо назарсанҷие миёни 45 ҳазор (!) бозигар дар 42 кишвари ҷаҳон доир шудааст, ягон бозигари тоҷик нест. Ин албатта хабар нест барои шумо, хонандагони гиромӣ.

Миёни ин 55 бозигар ягон бозигари осиёвӣ нест! Инаш албатта хабар аст, ҳамин хел не, хонандагони гиромӣ?

Ман ин феҳрасро дар зер нашр хоҳад кард, танҳо инро мехоҳам изофа намоям, ки аз русҳо, ки мо маъмулан барои футболашон мухлис ҳастем, ду бозигар: Андрей Аршавин ва Юрий Жирков вориди ин феҳрас шудаанд. Воқеан, «Футболи Тоҷикистон» дар ояндаи наздик мусоҳибаи махсуси худ бо Андрей Аршавинро нашр хоҳад кард, иншоаллоҳ.

Ва аммо феҳрас ин аст:

Дарвозабонҳо: Артур Борутс (Лаҳистон/Poland), Ҷанлуиҷи Буффон (Итолиё), Икер Касиляс (Испониё), Петр Чех (Ҷумҳурии Чех), Эдвин ван дер Сар (Ҳолланд).

Муҳофизон: Даниэл Алвеш, Лусио (Бразил), Пепе, Жозе Босингва, Рикардо Карвалю (Португалиё), Алессандро Неста, Паоло Малдини, Фабио Каннаваро, Ҷанлука Замбротта (Итолиё), Гай Клиши, Патрис Эвра (Фаронса), Эшли Коул, Ҷон Терри, Рио Фердинанд (Инглистон), Филип Лам (Олмон), Карлес Пуйол, Серхио Рамос (Испониё), Неманя Видич (Сербистон), Ҳавер Занетти (Аргентина), Юрий Жирков (Русия).

Ниммуҳофизон: Деку (Португалиё), Михаэл Баллак (Олмон), Микаэл Эссйен (Гана), Андреа Пирло, Ҷеннаро Гаттузо (Итолиё), Фрэнк Лампард, Стивен Ҷерард (Инглистон), Кака (Бразил), Ҳавйер Маскерано (Аргентина), Уэсли Снейдер (Ҳолланд), Сеск Фабрегас, Андрес Инйеста, Маркус Сенна, Хави (Испониё), Франк Рибери (Фаронса).

Муҳоҷимон: Андрей Аршавин (Русия), Димитар Бербатов (Булғористон), Дидйе Дрогба (Кот д’Ивуар), Самуэл Это’О (Камерун), Тйери Анри (Фаронса), Златан Иброҳимович (Шведсия), Лионел Месси, Карлос Тевес (Аргентина), Рууд ван Нистелрой (Ҳолланд), Роналдинйо (Бразил), Криштиану Роналду (Португалиё), Лука Тони (Итолиё), Фернандо Торрес, Давид Виля (Испониё), Уэйн Руни (Инглистон).

Хонандагони гиромӣ: Назари худатонро дар мавриди «Мунтахаби рамзии ҷаҳон» ироа намоед, ҳамаи назарҳоро гирдоварӣ карда, мо як мунтахаби рамзии ҷаҳон аз нигоҳи тоҷиконро таҳия хоҳем кард. Интизори номаҳои Шумо!