Sea of Stats from TJ-League 2009

Рустам Ҳакимов ва Фаридун Солиев, ду хабарнигоори хеле хуби «Варзиш-Спорт» натиҷаҳои ҳамаи бозиҳои Лигаи Олӣ-2009-ро тагурӯ карда, чанд шаб хоб нарафта, пиёла-пиёла қаҳваро нӯшида, ҳамаи омори имсолаи фтуболи Тоҷикисторо ҷамъ оварданд. Ҳоло мухтасари заҳмати онҳоро ин ҷо нашр мекунем:

Беҳтарин ҳамла:

«Регар» ТадАЗ аз рӯи анъана дар ин бахш беҳтарин аст. Дар ҳамаи сабқатҳои асри 21-ум дастаи шаҳри Турсунзода беҳтарин ҳамларо дорост. Камтар аз ҳама бечора «Спитамен» гол задааст – ҳамагӣ 9 гол. Бояд инро низ ба назар гирифт, ки дастаи ҳамноми қаҳрамони миллати тоҷик дар марҳилаи дуввум бозӣ накарда буд.

  Б Голҳо Ҳисоби миёна
1. «Регар»  ТадАЗ 18 47 2,6
    2. «Вахш» 18 44 2,4
    3-4. «Истиқлол» 18 41 2,3
3-4. «Энергетик» 18 41 2,3

Беҳтарин дифоъ:

Соли гузашта турсунзодагиҳо дар ин бахш саввумин буданд ва пешсаф «Парвоз» буд. Имсол беш аз ҳама «Гвардия» гол сар додааст.

  Б Голҳои сардода Ҳисоби миёна
1. «Регар» ТадАЗ 18 14 0,77
2-3. «Вахш» 18 15 0,83
2-3. «Хуҷанд» 18 15 0,83

Беҳтарин таносӯб

Дар ин бахш дар ин садсола «Регар» ТадАЗ беҳтарин аст: 2001– «+49», 2002– «+47», 2003– «+106», 2004- «+82»,2005– «+37», 2006– «+46»,2007– «+47», 2008– «+93». 2009 – «+33».

Бадтарин таносӯби голҳо дар имсол аз «Гвардия» мебошад – «-45» (10-55).

  Б Таносӯб
1. «Регар» ТадАЗ 18 +33 (47-14)
2. «Вахш» 18 +29 (44-15)
3. «Истиқлол» 18 +23 (41-18)

Оштинопазирҳо

Соли гузашта «Тоҷиктелеком» ва ССКА «Помир» камтар аз ҳама – 2 борӣ мусовӣ карда буданд. Имсол, «Вахш» ва «Хуҷанд» ҳамагӣ як борӣ дасти сулҳи рақибро пазируфтаанд. Аҷиб аст, ҳар ду ин мусовиҳо низ дар як рӯз рух додаанд – 12-уми апрел, вақте «Вахш» бо «Истиқлол» 2:2 кард ва «Хуҷанд» дар Спитамен на гол заду на гол сар дод.

Сулҳдӯстдортарин дастаи имсол – «Парвоз» буд, ки чаҳор бор луқмаро бо рақиб ба ҳам дид.

  Б Мусовиҳо
1-2. «Вахш» 18 1
1-2. «Хуҷанд» 18 1
3-7. «Регар» ТадАЗ 18 2
3-7. «Энергетик» 18 2
3-7. «Равшан» 18 2
3-7. ССКА «Помир» 18 2
3-7. «Гвардия» 18 2

Мизбони беҳтарин

Барои нахустин бор дар таърихи футболи Тоҷикистони мустақил якуякбора седаста дар мадйони худ ягон холро аз даст надоданд. Бадтар аз ҳама имсол ССКА «Помир» дар майдони худ бозӣ кард – 4 хол. Қариб буд, ки даста антирекорд монад ва аввалин дастае шавад, ки дар тамоми сабқат ягон бор шаҳди пирӯзиро дар майдони худ начашида бошад, вале бачаҳои Алиёр Ашӯрмамадов дар даври охирин бар «Гвардия» ғолиб омаданд ва аз навишта шудани исмашон бо рангҳои сиёҳ дар таърихи футбол ҷилавгирӣ карданд.

    Б П М Ш Голҳо Х
1 «Регар» ТадАЗ   9 9 0 0 31-4 27
2 «Вахш» 9 9 0 0 26-6 27
3 «Хуҷанд» 9 9 0 0 20-3 27
4 «Истиқлол» 9 7 2 0 24-7 23
5 «Энергетик» 9 5 2 2 23-9 17
6 «Парвоз» 9 4 2 3 18-9 14
7 «Равшан» 9 3 1 5 13-23 10
8 «Гвардия» 9 2 1 6 7-23 7
9 «Спитамен» 9 1 2 6 6-18 5
10 ССКА «Помир» 9 1 1 7 8-18 4

Меҳмони беодоб

Дар имсол бадтар аз ҳама «Гвардия» ва «Спитамен» дар майдони бегона бозӣ кардаанд. Онҳо дар меҳмонӣ ҳамагӣ як холӣ ба даст овардаанд.

    Б П М Ш Голҳо Х
1 «Вахш» 9 6 1 2 18-9 19
2 «Энергетик» 9 5 0 4 18-17 15
3 «Регар» ТадАЗ   9 4 2 3 16-10 14
4 «Истиқлол» 9 4 1 4 17-11 13
5 «Хуҷанд» 9 4 1 4 16-12 13
6 «Парвоз» 9 3 2 4 9-13 11
7 «Равшан» 9 2 1 6 12-22 7
8 ССКА «Помир» 9 1 1 7 8-24 4
9 «Спитамен» 9 0 1 8 3-26 1
10 «Гвардия» 9 0 1 8 3-32 1

Пешсафшикан

Ин бахш марбути дастаҳоест, ки аз бозӣ бо сегонаи аввал холи аз ҳама бештар ба даст овардаанд.

  Б П М Ш Голҳо Х
1. «Энергетик» 6 2 0 4 9-16 6
2. «Истиқлол» 6 1 2 3 7-9 5
3. «Парвоз» 6 0 1 5 4-14 1

Ҷадвали марҳилаи аввал

    Б П М Ш Голҳо Х
1 «Хуҷанд» 9 7 1 1 22-7 22
2 «Вахш» 9 7 1 1 18-8 22
3 «Регар» ТадАЗ   9 6 2 1 18-8 20
4 «Истиқлол» 9 5 2 2 17-13 17
5 «Парвоз» 9 3 4 2 12-10 13
6 «Энергетик» 9 3 1 5 21-17 10
7 «Равшан» 9 2 2 6 14-17 8
8 «Спитамен» 9 1 3 5 9-17 6
9 «Гвардия» 9 1 2 6 4-26 5
10 ССКА «Помир» 9 0 2 7 7-19 2

Ҷадвали марҳилаи дуввум

    Б П М Ш Голҳо Х
1 «Вахш» 9 8 0 1 26-7 24
2 «Энергетик» 9 7 1 1 20-9 22
3 «Регар» ТадАЗ   9 7 0 2 29-6 21
4 «Истиқлол» 9 6 1 2 24-5 19
5 «Хуҷанд» 9 6 0 3 14-8 18
6 «Парвоз» 9 4 0 5 15-12 12
7 «Равшан» 9 3 0 6 11-28 9
8 ССКА «Помир» 9 2 0 7 9-23 6
9 «Гвардия» 9 1 0 8 6-29 3
10 «Спитамен» 9 0 0 9 0-27 0

Ҷадвали ниҳоӣ

    Б П М Ш Голҳо Х
1 «Вахш» 18 15 1 2 44-15 46
2 «Регар» ТадАЗ 18 13 2 3 47-14 41
3 «Хуҷанд» 18 13 1 4 36-15 40
4 «Истиқлол» 18 11 3 4 41-18 36
5 «Энергетик» 18 10 2 6 41-26 32
6 «Парвоз» 18 7 4 7 27-22 25
7 «Равшан» 18 5 2 11 25-45 17
8 ССКА «Помир» 18 2 2 14 16-42 8
9 «Гвардия» 18 2 2 14 10-55 8
10 «Спитамен» 18 1 3 14 9-44 6

Ҳамаи голзанҳои сабқат:

15 – Нӯъмон ҲАКИМОВ («Вахш»);
14 – Юсуф РАБИЕВ («Истиқлол»);
13 – Сӯҳроб ҲАМИДОВ («Энергетик»);
10 – Хуршед МАҲМУДОВ («Регар» ТадАЗ);
9 – Пирмурод БУРҲОНОВ («Хуҷанд»);
8 – Баҳодур ШАРИПОВ («Хуҷанд»);
7 – Рустам УСМОНОВ («Вахш»), Шодибек ҒАФФОРОВ («Энергетик»), Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол»), Шералӣ АЗИЗОВ («Равшан»);
6 – Ҷомихон МУҲИДДИНОВ («Вахш»/«Парвоз»), Иброҳим РАБИМОВ («Регар» ТадАЗ), Асад БОБОҶОНОВ, Фарҳод ТОҲИРОВ (ҳар ду аз «Парвоз»);
5 – Комил САИДОВ, Давронҷон ТУХТАСУНОВ (ҳар ду аз «Регар» ТадАЗ), Шавкати ҲОТАМ («Энергетик»);
4 – Субҳон ХОҶАМОВ, Фозил САТТОРОВ (ҳар ду аз  «Вахш»), Даврон ЭРГАШЕВ («Регар» ТадАЗ), Искандар ГАДОЕВ (ССКА «Помир»), Зокир АБДУЛХАЙРОВ («Равшан»), Аъзам ҲУСЕЙНОВ («Хуҷанд»/«Спитамен»);
3 – Ҳусейн ҶАЛОЛОВ, Зокир БЕРДИҚУЛОВ («Хуҷанд»/«Спитамен»), Шуҷоат НЕЪМАТОВ, Мансур ҲАКИМОВ (ҳар ду аз «Регар» ТадАЗ), Низом РАҲИМОВ («Энергетик»), Фарҳод НОРБОЕВ («Гвардия»), Худойдод НУСРАТОВ («Истиқлол»), Исмоил ШОНОВ («Равшан»);
2 – Меҳроб ЗАУРБЕКОВ, Маҳмадалӣ СОДИҚОВ (ҳар ду аз «Вахш»), Шӯҳрат УМАРОВ, Шӯҳрат ШАМСИЕВ, Ихтиёр ҚОБИЛОВ (ҳама аз «Хуҷанд»), Ҷамшед ИСМОИЛОВ, Бахтиёр ҲАСАНОВ (ҳар ду аз «Регар» ТадАЗ), Сӯҳроб ЭГАМБЕРДИЕВ, Анвар НОРҚУЛОВ («Вахш»/«Парвоз»), Абдусамад ҲОҶИБОЕВ, Шонаим БОБОЕВ (ҳар ду аз «Парвоз»), Фариз АСКАРОВ, Расул ПАЙЗОВ (ҳар ду аз «Энергетик»), Абдураҳим ХОЛОВ («Истиқлол»), Сӯҳроб АШӮРОВ, Наврӯз РУСТАМОВ, Бегмурод КАМОЛОВ (ҳама аз «Равшан»), Фарҳод ҲИКМАТУЛЛОЕВ («Парвоз»/«Спитамен»);
1 – Раҳматулло ФУЗАЙЛОВ («Вахш»), Умед ҲАБИБУЛЛОЕВ, Баҳодур МУРОДОВ (ҳар ду аз  «Хуҷанд»), Маъруф РУСТАМОВ, Ҳасан РУСТАМОВ, Сардорбек ЭМИНОВ, Саид ЭРГАШЕВ (ҳама аз «Регар» ТадАЗ), Руслан РАҲМАТОВ, Масъуд РАҲИМОВ (ҳар ду аз «Парвоз»), Аҳтам НАЗАРОВ, Далер ШАРИПОВ, Алишер УЛМАСОВ, Обидҷон ИСМОИЛОВ, Фарҳод ХОЛБЕКОВ (ҳама аз «Энергетик»), Фирдавс ҚУРБОНОВ, Исфандиёр ЗАГУРОВ, НУРОВ, Беҳрӯз ҲАБИБУЛЛОЕВ (ҳама аз «Гвардия»), Рустами ЭМОМАЛӢ, Баҳодур СӮФИЕВ, Самад ШОҲЗУҲУРОВ, Шамс ҶУМЪАБОЕВ, Ҷаҳонгир ҶАЛИЛОВ (ҳама аз «Истиқлол»), Одил ИРГАШЕВ («Истиқлол»/«Регар» ТадАЗ), Мирзобек МИРЗОЕВ («Хуҷанд»/ССКА «Помир»), Чарлз НАКУТИ, Ромиз БАҲРИДДИНОВ, Музаффар ФУЗАЙЛОВ, Сафархон МИРЗОЕВ (ҳама аз ССКА «Помир»), Эраҷ ХОЛОВ, Ширин НАИМОВ, Иззатулло ИСҲОҚОВ, Давлат САМАДОВ (ҳама аз «Равшан»), Ғайрат АБДУРАЗЗОҚОВ («Регар» ТадАЗ/«Спитамен»).

Дар Лигаи Олӣ-2009 ҳамчунин 33 голиф аннӣ ва 9 автогол низ ба қайд гирифта шуд.