“Regar” TadAZ Lost to “Sever” Murmansk

«Регар» ТадАЗ дар саввумин дидори санҷишии худ дар тамриноти туркияш аз «Север»-и Мурманск ном дастаи дивизиони дуввуми Русия чаҳор гол сар дод.

«Варзиш-Спорт» навиштааст, ин бозӣ бо ҳисоби 4:1 анҷом шудааст. Ягона голи тиллоитарин дастаи Тоҷикистонро дар охири бозӣ муҳоҷими мунтахаби Тоҷикистон Даврон Тухтасунов задааст.

Ҳайъати намояндаи Тоҷикистон дар ин бозӣ чунин буд: Алишер Додов, Маъруф Рустамов, Ҳасан Рустамов, Наим Носиров, Сафар Каримов, Шӯҳрат Ҷабборов, Фарҳод Холбеков, Хуршед Маҳмудов, Саид Эргашев, Жаилтон Оливейра, Комил Саидов.

Бозигарони дигар ба таъвиз баромаданд: Раҳмоналӣ Баротов, Ҷамшед Исмоилов, Иброҳим Рабимов, Фаррух Чориев, Мансур Ҳакимов, Даврон Эргашев, Даврон Тухтасунов.

Дар бозиҳои қаблии туркияш дастаи шаҳри Турсунзода аз «Казахмис»-и Қазоқистон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрда буд ва бар «Динамо»-и Брест бо ҳисоби 1:0 пирӯз омада буд.

Охирин бозии «Рега» ТадАЗ қарор буд, рӯзи 31-уми март бо «Локомотив-2» баргузор шавад, вале инак бо гузашти ду рӯз аз он бозӣ дар торнамоҳои «Локомотив» ҳеҷ хабаре нест…